Ҳамадонӣ. Ҷамъоварии ғалла идома дорад

№74 (4180) 23.06.2020

Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли ҷорӣ дар майдони 5874 гектар пахта, 4913 — ғалла, 200 — ҷав, 160 — лӯбиёгиҳо, 120 — ҷуворимаккаи дон ва 15 гектар шолӣ кишт карданд.  

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, айни ҳол ҷамъоварии ғалладонагиҳо шурӯъ гардида, то ба ҳол аз 611 гектар 2750 тонна гандум ва аз 12 гектар ҷав 53,3 тонна ҳосил ғундошта шудааст. Инчунин, кишоварзон ба ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла, пиёз ва картошка низ шурӯъ карданд. То кунун 2304 тонна пиёз ва 576 тонна картошка ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ«Садои мардум»