Амалиёти «Кӯкнор-2014»

№83 (3229) 30.07.2014

Ҷаласаи сайёр

Чанде пеш дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷаласаи сайёри Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2014» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати сардори Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2014» – муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Маҳмудов гузашт, сардорони ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ВМКБ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят доир ба гузаронидани марҳилаи дуюми амалиёти «Кӯкнор-2014», камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи амалиёт дар вилоят ду ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуда, шаш килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид.

Нобудсозии ниҳолҳои худрӯйи бангдона

Дар натиҷаи андешидани чорабинии фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК «Ӯрунхоҷаев»-и ноҳияи Б. Ғафуров дар масоҳати 0,6 гектар ба миқдори 11 700 бех растаниҳои худрӯйи бангдонаро ошкор намуданд.

Мутобиқи хулосаи ташхисии экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании канабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад. Дар ҳузури комиссияе, ки аз ҳисоби кормандони Агентӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфта  буд, ниҳолҳои ошкоршуда решакан ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Инчунин дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» дар шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ ду нафар сокини пойтахтро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо маводи нашъаовари гашиш мусодира гардид. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Тавре аз дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ доданд, амалиёти «Кӯкнор-2014», ки 20-уми майи соли ҷорӣ оғоз гардида буд, то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»