Ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва ҳадафҳои МҲТБО

№87 (4037) 20.07.2019

48055707686_72237264d1_oМардуми минтақаи Осиё нисфи аҳолии сайёраи заминро ташкил медиҳанд, ки ин аҳамияти бузурги стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноии кишварҳои Осиё дар гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он аст, ки Осиёро ба минтақаи инкишофи босуръаттарини ҷаҳон табдил медиҳад. Маҳз ин тавоноӣ   кишварҳои Осиёро дар зери як ҳадафи стратегӣ таҳти созмони МҲТБО ҷамъ овардааст.

Ин институти ҷаҳонӣ таҷассумгари равобит ва ҳамгироӣ байни кишварҳои минтақа буда, талош дорад, ки заминаҳои хуберо барои таъсиси форуму нишастҳои тиҷоратӣ ва машваратӣ байни мардуми Осиё, алалхусус, ҷавонон, ба вуҷуд орад. Зеро ҷавонон неруи созандаи ҳар ҷомеа мебошанд, ки тавассути онон метавон рушду такомули давлат ва раиятро ба вуҷуд овард.

Бояд қайд кард, ки қитъаи Осиё зиёда аз 50 давлатро дар бар мегирад, ки бештари онҳо аъзои МҲТБО мебошанд. Дар он қитъа  зиёда аз 4 миллиард одам зиндагӣ мекунад, ки қудрат ва неруи бузург мебошад. Тибқи сарчашмаҳо, қитъа 3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти умумиҷаҳониро истеҳсол мекунад.

Дар Осиё кишварҳое ҷойгиранд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ калон, тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоиашон пешқадам мебошад. Дар ин радиф Сингапур, Филиппин, Таиланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистонро, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон зикр кард.

14-15 июни соли 2019 бо ибтикори Тоҷикистон 5–умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Он яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, гардишу қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдошти сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё, созмон дода шудааст ва заминаи хуберо барои баррасии масоили мубрами минтақаи Осиё хусусан, хушунати байни Исроил ва Фалас­тин, Покистону Ҳиндустон, ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон фароҳам меорад.

Ин нуктаро бояд зикр кард, ки дар аксар кишварҳои Осиё оромӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣ дида намешавад. Мамолики Осиё сатҳи рушд, фарҳанг, дину мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун доранд, аммо чолишу таҳдиду хатарҳо барои бархе аз кишварҳо ягонаву якранг мебошад. Дар самти ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, чолишҳо ва ҷурмҳо, мубориза бо онҳо давлатҳо ба танҳоӣ ё дар алоҳидагӣ муваффақ шуда наметавонанд.

Яке аз иқдомҳои Тоҷикистон барои ҳамгироии минтақаҳо ва таҳкими дӯстӣ байни халқҳои олам рушд додани гардишгарӣ ё сайёҳӣ мебошад. Кишвари мо бо зарфияту имконоте, ки дорад, дар як муддати кӯтоҳ самти гардишгариро рушд дода тавонист ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам онро ҳамчун давлати аз ҷиҳати сайёҳӣ босуръат рушдкунанда шинохтанд ва эътироф карданд.

Саммити МҲТБО ба ҳамгироии кишварҳои минтақа, алалхусус, Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна мусоидат хоҳад кард. Зеро манотиқ дорои манобеъ ва сарватҳое мебошад, ки метавон аз онҳо истифода бурд. Барои мисол, Ҳиндустону Покистонро намунаи хуб дар самти рушди хоҷагии деҳот метавон донист, зеро онҳо дар ин соҳа таҷрибаи ғанӣ доранд.

Тоҷикистон раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар уҳда дорад. Ин ҳамоиши  байналмилалӣ, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ аъзои он ҳастанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамоиш илова аз кишварҳои арабӣ, роҳбарон ва намояндагон аз манотиқи Осиёи Ҷанубӣ бо шумули Ҳиндустону Покистон низ ширкат варзида, суханронӣ карданд. Тоҷикистон солиёни зиёд аст, ки бо ин кишварҳо равобити фарҳангию дӯстӣ дорад ва дар заминаи он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ ба дастовардҳо ноил гардид. Минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна аҳамияти стратегӣ дошта, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни онҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин робита метавон мухтасар кишвари Покистон ва муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онро бо Тоҷикистон баррасӣ кард.

Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳар ду кишвар дорои тамаддуну фарҳангҳои муштарак мебошанд ва равобити дипломатии хуб доранд. Покистон яке аз аввалинҳо буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар ибтидои ҳамон солҳо намояндагии дипломатиашро дар Душанбе боз кард. Тибқи сарчашмаҳо, 6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сафоратхона боз намуд ва ибтидои соли 1994 ба фаъолият оғоз кард.

23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқиро ба имзо расонданд. Моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Покистон сафарҳои расмӣ анҷом доданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аҳамияти калон доранд.

Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, СААРК, Кишварҳои Исломӣ, Гурӯҳи 77 ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Тибқи сарчашмаҳо дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд. Аксари онҳо, ки аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон он ҷоро ватани доимӣ қарор додаанд, ба касби тиҷорат, меъморӣ ва ирфон машғулият доштанд, зеро то ҳол осорашон боқӣ мондааст.

Коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳамкории дигар кишварҳои Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки заминаи хуберо барои рушди минтақа ба вуҷуд оварад. Бо таҳким бахшидани равобит байни Тоҷикистон ва Покистон роҳҳову масирҳои тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият хоҳанд ёфт.

Ширкати намояндаи махсуси Сарвазири Покистон доктор Сония Ништар дар саммити МҲТБО барои гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки миёни ду кишвар ба роҳ монда хоҳанд шуд заминаи мусоидро фароҳам сохт. Бояд зикр кард, ки моҳи апрели  2019 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд — «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карда буданд, ки зимни он  маҷмӯи васеи масъалаҳо ва муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо омодагиро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иброз доштанд.

Ҷаҳони имрӯзаро равандҳо ва чолишҳои пуртазод фаро гирифтааст, ки боиси риоя нашудани бисёре аз қонуну қоидаҳои СММ гардидаанд. Дар натиҷа, арзишҳои чанд­ҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Тазоду кашмакашҳо дар байни манотиқи Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ғарбӣ рушд ва пешравиҳоро дар Осиё коҳиш дода, сабаби ноамнӣ ва нооромии минтақа гардидааст. Алҳол манотиқи Ховари Миёна таҳти таъсири ҷангу хушунат қарор дорад. Новобаста аз он ки неруҳои ДИИШ суст ва заиф гардонида шудаанд, амалҳои террористӣ ва хушунат вусъат ва густариш ёфта истодааст. Даргириҳои мазҳабӣ, нажодпарастӣ ва хусусан, исломҳаросӣ, мардуми сайёраро зери тарсу ваҳшат қарор додаанд.

Имрӯз терроризм  ва хатарҳои он ба минтақа ва ҷаҳон сахт таҳдид карда истодааст. Ин зуҳуроти номатлубест, ки на ба дин, на ба мазҳаб ва на ба миллат эҳтиром қоил нест ва ҳудудеро ҳам эътироф намекунад. Покистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бар зидди ин вабои аср фаъолона талош меварзад ва набояд онро нодида гирифт. Моро зарур аст, ки ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб якҷоя бо доштани стратегияи ҳадафманд мубориза барем, то тавонем решаҳои асосии онро пайдо ва аз паёмадҳои номатлуби он ҷилавгирӣ кунем. Барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои ниҳоӣ Покистон аз аъзои саммити МҲТБО талаб намудааст, ки кашмакашҳои минтақавиро бо истифода аз гуфтушунид ҳал карда, муқобили ин вабои аср якҷоя мубориза баранд.

Бояд қайд кард, ки  ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон ва суханронии ӯ дар саммит заминаи хуберо барои ҳамгироии воқеии кишварҳои минтақа фароҳам хоҳад овард. Дар маҷмӯъ, саммити МҲТБО, ки бо ҳадафу ниятҳои нек оғоз гардид, бо қабули Эъломияи Душанбе муваффақона хотима ёфт.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон