Ҳамоиши байниидоравии минтақавӣ дар Рашт

№56 (4006) 18.05.2019

DSC_0215Чанде пеш дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт ҳамоиши байниидоравии минтақавӣ дар мавзӯи «Таъмини амният ва иҷрои барномаҳои миллӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм» баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва муовинон,  ташкилоту идораҳо, аз ҷумла мақомоти қудратӣ, воҳидҳои сохторӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, намояндагони ВАО,  фаъолони ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод иштирок намуданд.

Сардори Раёсати КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Нуралӣ Муродов оид ба таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм, хавфи онҳо ба ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову даҳшатафкан ва дигар масоили муҳим маълумоти муфассал дода, афзуд, ки дар шароити авҷ гирифтани бозиҳои сиёсии геополитикӣ диққати абарқудратҳо ба қитъаи Осиё, ки дар он қисми зиёди аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва дар рушди соҳаи саноат дастовардҳои беназир доранд, ҷалб шудааст. Ба  ғайр аз ин, дар минтақа афзоиши ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, болоравии хароҷоти ҳарбии абарқудратҳо ва тезутундшавии рақобат барои захираҳои табиии он ба назар мерасад. Ин ба вазъи минтақа, бахусус, кишвари мо, бетаъсир нахоҳанд монд.

Прокурори ноҳияи Рашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шоҳин Талбакзода иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии ҳуқуқи шахс, бартараф намудани омилҳои иҷтимоӣ — иқтисодии экстремизм ва тундгароии ба терроризмбаранда, пешгирии экстремизм ва ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити дин ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура мебошанд. Ҷиҳати татбиқи амалии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҷоннок намудани фаъолияти субъектони бо терроризму экстремизм бевосита муборизабаранда ва дар мубориза иштироккунанда, якчанд санади барномавии миллӣ қабул ва баҳри роҳандозӣ намудани тадбирҳои дахлдор масъулин вазифадор шудаанд. Аз ҷумла, дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои афзоиши хатари терроризм ва экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ба ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда махсус таъкид гардида, назди ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.

- Бояд гуфт, ки дар натиҷаи зиракӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтии судманди кормандони КДАМ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт  панҷ гурӯҳи террористӣ фош ва дастгир гардид, ки барои ноором намудани амну суботи мамлакат, тибқи нишондоди хоҷагони хориҷии худ, нақшаҳо тарҳрезӣ карда буданд. Ҳамчунин,  барои ба ватан баргардонидани ҷавонон ва ноболиғони гурӯҳи ноҳияҳои Рашт мақомоти қудратӣ чанд соли охир кори назаррас ба анҷом расониданд. Бозгашти таълимгирандагони мадориси мамлакатҳои исломӣ яке аз хизматҳои арзандаи онҳо буд, — афзуд Шоҳин Талбакзода.

Дар ҳамоиш Сиратулло Сафарбеков, ки даҳ сол дар мадрасаҳои  Ҷумҳурии Мисри Араб таълим гирифта, бо дастгирии мақомот ба Ватан баргаштааст, изҳори андеша ва аз амалҳои ҷавонмардона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар афви роҳгумзадаҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Сокини ноҳияи Тоҷикобод Амрулло Фозилов, ки  бо фиреби яке аз хоинони ватан — Анвариддин Насриддинов аз Федератсияи  Россия ба Афғонистон рафта буд, аз саргузашти пур аз дарду ғамаш қисса карда, аз аъмоли худ изҳори пушаймонӣ ва мардумро ба ватандӯстӣ, расидан ба қад­ри ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард. Ӯ пайваста таъкид менамуд, ки мисли Тоҷикистон кишвари орому осуда нест.

Ҷавони дигари фиребхӯрда аз ноҳияи Рашт , ки ба  «Гурӯҳи 24» шомил гардида, ба муқобили давлату миллат суханҳои носазо гуфта буд, низ изҳори пушаймонӣ кард ва барои ба ватан баргардониданаш ба Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сидқан изҳори сипос намуд.

Узви ҳаракати террористии Ансоруллоҳ — сокини ноҳияи Нуробод Абдулшоҳ Муҳаббатов низ дар бораи бозгашт ба Ватан ва кумаки ҷавонмардонаи мақомоти қудратии кишвар нақл кард. Тавре ӯ таъкид намуд, дар он кишварҳои бо ном исломие, ки ӯ буд, фармудаҳои дини мубини исломро ками дар кам мушоҳида намудааст.

- Мусулмоние, ки дар кишвари мост, дар дигар ҷой ба назар намерасад, — гуфт ӯ.

Дар хотима, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Файзалӣ Идизода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод Усмон Қувватов, муҳаррири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусатторов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Рашт Мустафо Амиров ва чанд нафари дигар низ роҷеъ ба ин мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»