Ба ифтихори 30-солагии хориҷ шудани неруҳои низомии ИҶШС аз Афғонистон

Ҷанговарони башардӯст ба дастгирии бештар ниёз доранд!

№18 (3968) 14.02.2019

Дар ҷанги Афғонистон садҳо ҷавони ба қавле: «аз сад гул як гулашон  нашукуфта»- и шӯравӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо, ҷон дода, ҳазорҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Агар тану ҷони гурӯҳеро захми тиру минапораҳо азоб диҳад, бархеро даҳшати он рӯзҳои мудҳиш ҳамоно дар пеши назар аст.

 Синни аксар ҷавонҳое, ки дар хоки Афғонистон ҷангида буданд, ҳоло ба 60 дакка задааст ва ҳар кадом ниёз ба дастгирӣ ва ғамхорӣ дорад. Ба хотири дифоъ аз манфиатҳои онҳо дар аксар ҷамоҳири собиқи  шӯравӣ созмону ташкилотҳои ҷамъиятии мададгор таъсис дода шудаанд. Дар назди Шӯрои ҳукуматии давлатҳои аъзои ИДМ Кумита оид ба дифои чанговарони интернатсионалист амал мекунад, ки онро солҳои зиёд  собиқ Президенти Ингушистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Руслан Аушев сарварӣ мекарду акнун ба полковник Александр Ковалёв вогузор шудааст. Дар Федератсияи Россия Ҳаракати умумироссиягии собиқадорони ҷанг ва муноқишаҳои ҳарбӣ фаъол аст ва президенти он полковник Дмитрий Саблин мебошад.

Дар ҷумҳурӣ Иттифоқи собиқадорони  Афғонис­тон ташкил ва дар ҳама вилоят ва шаҳру ноҳия бахшҳои он таъсис ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки дар аксар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ барои дастгирии собиқадорони ҷанг конунҳои дахлдор низ қабул шудаанд. Дар онҳо мақом, ҳуқуқу ниёзмандии ҷанговарон дар радифи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ашхоси ҳуқуқашон бо онҳо баробар муайян гардидаанд.

Дар кишвари мо низ 7 апрели соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» қабул шуд, ки дар он мақоми ветеранҳо муайян ва сиёсати давлат нисбат ба онҳо муқаррар гашт. Мувофиқи он, собиқадорони ҷанги Афғонистон, ҳатто онҳое, ки аз моҳи декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афғонистон ба кор фиристода шудаву муҳлати хизмати муқарраршударо адо намудаанд ва ё бо сабабҳои узрнок пеш аз муҳлат пас фиристода шудаанд, ветеран ё иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои дигар маҳсуб мешаванд. Ин амали хайр, воқеан ҳам, муносибати одилона нисбат ба ин табақаи ҷомеа мебошад.

Қонуни мазкур кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ветеранҳоро муайян кардааст ва тибқи он, ҷанговарони интернатсионалист ҳам то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор буданд. Мутаассифона, дар баробари қувваи барқ ва гази табиӣ истифода аз имтиёзҳои дигар низ барои ин табақа бардош­та шуд ва ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро ҳатто ба рӯйхати гирандагони ҷубронпулиҳо дохил намекунанд.

Бинобар мувофиқат накардани қонунҳои дигар, ба монанди кодексҳои андозу меҳнат ва нафақа бо қонуни дар боло зикршуда, якчанд имтиёзи ин табақа иҷронашуда мемонад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2007), ҷанговарони интернатсионалист дар радифи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озод намудан аз андози як хонаи истикоматӣ, як автомобил, як гараж, ки моликияти шахсии ин ашхос ба ҳисоб меравад, ҳуқуқ доранд.

Албатта, аъзои Иттифоқи ветеранҳои Афғонистони кишвар аз ғамхорию дастгирии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон то андозае бархӯрдоранд, вале ин дар ҳама ҷо як хел нест. Масалан, дар шаҳри Душанбе ин табақа аз пардохти маблағи истифодаи воситаҳои нақлиёт озод шудаанд, вале дар дигар шаҳру навоҳӣ ин кор амалӣ намешавад. Баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ё аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» хабар надоранд ё онро нодида мегиранд. Аз ин рӯ, бисёр имтиёзҳои ҷанговарони интернатсионалист дар мавриди табобат ва истироҳати ройгон (мувофиқи роҳхат), истифодаи бепули дору, тайёраву қатораҳо (дар як сол як маротиба), ҷуброни барқу газ дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар  рӯйи коғаз мондаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»: «Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи ветеранҳо ба аломати эътирофи хизматҳои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намоянд». Пештар барои ҷанговарони интернатсионалист, ҳамчун ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои дигар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» хизматрасонӣ барои ба даст овардани ҳуҷҷати ронандагӣ, рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи техникии воситаҳои нақлиёт соле як маротиба бепул буд ва ин талабот аз ҷониби кормандони масъули БДА иҷро мегардид. Акнун, ки омодасозии ҳуҷҷату рақами давлатӣ аз ҷониби ширкати хусусӣ иҷро мегардад, ҳама гуна имтиёз оид ба пардохти ҳаққи хизмат аз миён бардошта шудааст.

Дар шаҳри Истаравшан солҳои зиёд аст, ки Иттифоқи ветеранҳои Афғонистон амал мекунад. Он беш аз 300 собиқадори ҷанги Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсиониро муттаҳид кардааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттифоқ соҳиби маркази истироҳатию фароғатӣ, 5 гектар замин, маркази барқарорсозии саломатӣ аст.

«Ёр агар аҳл бошад, кор саҳл аст», — гуфтаанд.  Ҷанговарони интернатсионалист дар навбати худ ёриву дастгириро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дареғ надошта, дар атрофи он муттаҳид шуда, баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати Давлату Ҳукумат, ободонӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши муассир мегузоранд. Вале дар рӯзгори ин ҷавонмардон ҳам мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Аксари онҳо, дар зоҳир солиму тандурустанд. Осори ҷанг дар гуфтору рафтор ва зоҳиру ботини онҳо эҳсос мешавад. Гурӯҳе захму ҷароҳат дар ҷисм дораду гурӯҳи дигар дар қалб. Иддае аллакай маъюби ҷанг шинохта шуда, нафақа мегиранд. Ба боқимонда ҳам таъсири ҷанг оҳиста — оҳиста асар карда истодааст. Зуд-зуд асабӣ шудан, дилтангӣ, маъюсӣ ва ноумедӣ аз гирудори зиндагӣ ба чеҳраву гуфтору рафторашон таъсир расонидааст. Ин ҳолатро нодида гирифтан амали нобахшиданӣ хоҳад буд. Хизмат, ҷоннисорӣ ва фидокории ин табақаи ҷамъият бояд зиёдтар қадр шавад.

Акнун, ки мамлакат аз нигоҳи иқтисодӣ устувор шудааст, фурсат расидааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз нав мавриди баррасӣ қарор дода, ба он тағйиру иловаҳои зарурӣ дохил ва мақоми ветеранҳои ҷанги Афғонистон мушаххас карда шавад. Ин амал чанд сол пеш нисбат ба маҷрӯҳони садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» сурат гирифт. ҷанговарони интернатсионалист ҳам ба ғамхорию дастгирии бештар ниёз доранд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  

«Садои мардум»