Антониу Гутерриш: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст»

№71 (3708) 15.06.2017

Дакбири кулли СММ барои мехрочАндешаҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш доир ба кӯли Сарез ва табиати зебои Тоҷикистон

Зимни боздид аз кӯли Сарез мушоҳида намудем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд ва муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ҷиҳати пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гарданд. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки тавонем ояндаи сайёра ва инсониятро аз гирдоби хавфу хатарҳои тағйирёбии иқлим раҳоӣ бахшем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чӣ гуна бояд дар он захираҳои обиро нигоҳ дорем. Бояд обро самаранок, бо шеваи устувор мавриди истифода қарор диҳем, зеро ин неъмати табиат барои истеҳсоли неруи барқ омили муҳим маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадршиносӣ медонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ биомӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад.

Ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Дар ин радиф, барои ташвиқу татбиқи ин ибтикор муҳим аст, ки иқдомоти муассир мавриди амал ва баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Мо муваззафем корҳои заруриро анҷом диҳем. Зимни сафарҳои худ ман қиёс мекунам. Масалан, зодгоҳи ман — Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағи ҳангуфт сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст. Ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед. Ман ба нафароне, ки барои роҳандозии сафари мо заҳмат кашиданд, миннатдории бепоён изҳор мекунам.

АМИТ «Ховар»