Армони ҳазорсола ва ифтихори абадии миллат

№120 (3600) 20.09.2016

Чун давлати абарқудрати Сомониён баъди 102 солу шаш моҳу даҳ рӯзи мавҷудият суқут кард, решаву бунёди миллат дар ларза омад. Касе таърихи миллатро эҳтиром мекунад ва меомӯзад нағз дар хотир дорад, ки ин фоҷиаи миллӣ дар тӯли бештар аз 1100 соли минбаъда аз лавҳи хотири миллат зудуда нагашт, ҳамеша ба ёди ин давлати абарқудрат оҳи сард мекашиданд ва ёди истиқлолият мекарданд. Боиси ифтихор аст, ки дар давлатҳои минбаъда ҳам забони давлатӣ забони мо буд ва девони вазоратро тоҷикони хирадманду сиёсатмадор роҳбарӣ мекарданд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён,Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол мушти салтанаташон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои миллати тоҷик коргузории расмии давлатҳои худро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дабиронашон ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии тоҷик буд».

Миллати сарбаланди тоҷик ба ҳамаи ин сахтиҳо тоб овард ва дар орзуи истиқлолият зиндагиро идома медод. Инак, офтоби истиқлолият ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон нурҳои сафобахши худро пошид ва ба мазраи дилҳо расид. Миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии худро ба ҷаҳониён эълон кард. Рӯзи Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон аз пурифтихортарин рӯзҳо дар таърихи ҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбад.

Давлати тоҷикон аз нав эҳё гардид, миллати тоҷик шукӯҳи пешинаи худро ба даст овард. Акнун тоҷикон дар асоси бародарию баробарӣ дар ҷодаи иқтисоду фарҳангу тамаддун бо аҳли башар ҳамқадаму ҳамнаво гаштанд. Мутаассифона, ин дастоварди бузурги таърихӣ дар аввали бавуҷудоӣ ба нокомиву ноумедӣ дучор гардид. Ҳасудон, кӯрдилон, душманони авлодии миллати мо чун каждум аз зери бӯрё сар бароварда,ошкору ниҳон ҳадафҳои нопоки худро амалӣ мекарданд.Тоҷиконро бо ҳар васвасаи шайтонӣ бар зидди ҳам мешӯрониданд, ки оҳиста — оҳиста ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Аммо, шукрона бояд кард, ки миллати соҳибтамаддуни мо ин шӯру шари шайтониро дар вақташ дарк намуд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, фарзанди баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ ­Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд. Ӯ дар баромади нахустини худ ба миллат рӯ оварда гуфт, ки «ман ба шумо сулҳ меорам» ва мувофиқи гуфтаи худ амал кард. Бояд ёдовар шуд, ки Исмоили Сомонӣ низ рӯзи аввали ба тахт нишастан эълон кард, ки девори Бухороро таъмир накунед, ки девори Бухоро манам. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба зимма гирифтани тақдири миллат ба Исмоили Сомонӣ пайравӣ кард. Исмоили Сомониро одате буд, ки рӯзҳои барфу борон ба Регистони Бухоро мебаромад, то арзу шикояти мардумро бипурсад. Пешвои имрӯзаи миллат низ ба ҳама гӯшаву канори мамлакат сафар карда, аз аҳволу рӯзгори мардум бохабар мегардад.

Дар Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи асосиро пешниҳод намуд, ки ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Бар асари роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат дар ин се самт имрӯз натиҷаҳо хурсандибахшанд.Чандин нақб, роҳу пулҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки онро «ҳаёту мамоти Тоҷикистон» меноманд, идома дорад. Дар соҳаи кишоварзӣ, низ муваффақиятҳо кам нестанд ва моро ба ҳадафҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат рӯз то рӯз наздик мекунад.

Чанд рӯз пеш миллати ватандӯсти тоҷик 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвари худро қайд кард. Пешвои миллат бо хуни дил миллатро ба ваҳдат расонд, давлатро аз фаношавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, ки қимати ин аз қимати Истиқлолият камтар нест. Ба ибораи дигар, агар бузургтарин дастоварди миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар охири асри XX ба даст овардани Истиқлолият бошад, ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони истиқолол аст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон пойдор аст, сулҳи бебозгашт ва бадалнашаванда. Ба ибораи як сарвари воломақоми байналмилалӣ сулҳи комилан тоҷикона, ки дар хоку гили ин сарзамини азияткашида сабзидаву қомат афрохтааст. Сулҳе, ки дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои Шарқу Ғарб назир надорад».

Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи нав қабул гардида, дар асоси он якчанд қонуни барои ҷомеаи имрӯза зарурӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки ба рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиамон мусоидат намуданд. Инчунин, дар замони Истиқлолият ба таъсису такмили ҳокимияти мустақили судӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия якчанд маротиба барномаҳои ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки барои мукаммал гардонидани ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Инчунин, дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба қонун дар бораи авф қабул шуд, ки ин иқдоми хирадмандона бо мақсади пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, мустаҳкамии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафту гул-гулшукуфии Ватан равона гардидааст.

Соҳиб шудан ба Истиқлолият армони ҳазорсолаи миллати моро ҷомаи амал пӯшонд ва мо бо ин неъмати худодод ҳазорсолаҳо шукронаю ифтихор мекунем.

 Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, Судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод, унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ