Дар ҳошияи мулоқоти Президент

Арзишҳои милливу динӣ арҷгузорӣ мешаванд

№100 (3085) 05.08.2013

Чанде пеш вобаста  ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат (4 июли соли 2013) дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. Дар он кормандони мақомоти судии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев зимни суханронии худ зикр намуд, ки эҳтиром намудани арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, стратегияи муносибати давлат  ба дин дар мизони манфиатҳои мардуми кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии онҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири амнияту соҳибихтиёрии миллӣ дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода мешавад.

Ҳикмат ва моҳияти ин ҳақиқатро на ҳама дуруст  дарк менамоянд. Тавре Сарвари давлат дар суханронии худ таъкид доштанд, баъзе ашхос ва гурӯҳҳои муайян  аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ сӯистифода намуда, мехоҳанд ғаразҳои сиёсии худро аз мавқеи дин асоснок созанд.

Чунин афрод сиёсати таҳаммулгароёнаи давлат ва тарбияи руҳияи миллиро аз тариқи эҳтиром гузоштан ба меросу анъанаҳои таърихии халқ як навъ амали парастиши ниёгон ва беэътиноӣ ба ислом маънидод мекунанд.

Давлати демократӣ  ва дунявӣ ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва эътиқодиро эътироф мекунад ва кафолат медиҳад, вале ин ҳуқуқу озодиҳо касеро аз масъулият дар назди қонун ва неъмати истиқлолияти давлатӣ, таърихи миллат ва дигар манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон озод намесозад. Дар  иртибот ба ин Сарвари давлат дар суханронии худ изҳор доштанд, ки давлати Тоҷикистон ба ҳама динҳо эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният  ва суботи ҷомеа пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт. Ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳо аз чаҳорчӯби муқаддасоти миллӣ, ки  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф кардаанд, берун баромада наметавонанд.

«Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013). Ҷиҳати такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомот ислоҳоти  судӣ – ҳуқуқӣ идома дода мешавад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар иҷро ва татбиқи қонунҳо дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоем.

Чанде аз иштирокчиёни  ин чорабинӣ оид ба масъалаи мазкур маърӯза намуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»