Авф кардан бузургтарин савоб аст

№131 (4081) 31.10.2019

озодВобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» 29 октябр гурӯҳи аввалини маҳбусон аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва муассисаи сукунатии  ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ба озодӣ баромаданд. Бино ба гуфти масъулони Раёсати адлияи вилоят, рӯзи аввал 2800 нафар озод шуда, ба назди пайвандони худ баргаштанд. Аз ҷумла, 142 нафари онҳо аз колонияи ислоҳи меҳнатии 3/3 буданд, ки аксар барои аъзо будан ба ташкилоти экстремистӣ-террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд 55 нафар ба озодӣ баромаданд, ки 8 нафараш зан буданд.

Нафарони ба озодӣ баромада, ба Пешвои миллат арзи сипос мекарданд, ки нисбаташон инсондӯстии баланд зоҳир кардаанд.

- Дар урфият бузургтарин савоб бахшидани гуноҳи якдигар аст,-мегӯяд авфшуда Р. Иброҳим, — Пешвои миллатамон тибқи ҳамин ҳикмати мардумӣ амал карданд.

- Озод шудани фарзандам аз ҳабс баробар ба тавлиди дубораам шуд, — ашкрезон мегӯяд падари мазкур Мирзораҳимбобои 80 — сола. — Солам ба ҷое расидааст, хавотир будам, ки бо фарзанди дилбанд дидор ба қиёмат мемонем. Аммо, ба шарофати иқдоми неки Сарвари кишварамон мани пир аз нав ба дидори фарзанди дилбандам расидам. Ҳазор раҳмат ба Пешвоямон, умрашон дарозу пурбаракат ва ба бахти халқамон ҳамеша танашон сиҳату хотирашон ҷамъ бошад.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»