Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон худшиносу фарҳангдӯст бояд бошанд

№27 (4289) 27.02.2021

Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои фаъолияти ҳама қишри ҷомеа, алалхусус ҷавононро муайян намуда, дар онҳо ба насли ояндасози миллат ҳатман ғамхории падаронаи Сарвари давлат зоҳир мегардад.

Бояд зикр кард, ки соли 2020, бо вуҷуди мушкилоти шадид, Давлату Ҳукумати мамлакат такягоҳи асосии мардум ва халқи шарифи Тоҷикистон буданд. Ҷавонони хеле зиёд бидуни ҳақмузд ба сифати ризокор (волонтёр) ба ҷомеа хизмат карданд. Соҳибкорони ватандӯст ба ниёзмандон кумаки моддӣ расониданд. Яъне, ҳеҷ кас бетараф набуд. Халқи мо бори дигар қудрати ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро исбот кард, ки боиси ифтихору хушбахтист. Давлату Ҳукумат бо барномаҳои мушаххас тавонистанд сатҳи буҳронро паст намуда, барои пешрафт шароити созгор фароҳам оранд. Ин ҷиҳат дар Паёми имсолаи Сарвари давлат возеҳу равшан ифода гардид.

Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр шуд ва аз ваҳдати комили ҷомеа, инчунин, аз маърифати баланди сиёсии сокинони кишвар дарак дод, баргузории ду маъракаи муҳими сиёсӣ буд. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «…Бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, якум — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид».

Дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ баргузор гардидани интихобот рукни асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар замони муосир мебошад. Соли 2020 дар аксари кишварҳое, ки интихобот баргузор гардид, бидуни эътироз ва бенизомии ҷамъиятӣ набуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни эътирозҳо таъсири кишварҳои манфиатдор ва гурӯҳҳои ғаразнок ба мушоҳида расид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди иғвоангезҳои бадхоҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз хориҷи кишвар пахш гардиданд, халқи шариф бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо умеди ояндаи нек дар интихобот иштирок карданд. Хусусан, насли ҷавони кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҳар ду маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда гузоштанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа эътимоди бузург доранд. Бояд гуфт, ки дар замони муосир кишвар ва ҷомеаҳое муваффақ мешаванд, ки роҳбаронашон нисбат ба ҷавонон, ҳамчунин, ҷавонон нисбат ба Давлату Ҳукуматашон эътимоду бовар дошта бошанд. Суботи комил низ танҳо дар ин гуна ҷомеаҳо пойдор аст.

Қобили зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва интиқоли арзишҳои бегона тавассути филмҳо ва интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Пеш аз ҳама, фарҳангу таърихи миллатро омӯхтан лозим меояд. Зеро ҳисси худшиносии миллиро таҳрик мебахшад. Ин масъала ҳам аз мавзӯъҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат буд.

Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон