Мулоҳиза ва пешниҳод

Аврупо. Нақлиёти барқӣ мавқеи мошинҳои дизелиро танг мекунад

№86 (3723) 20.07.2017

ev-in-ukraine-800x480Чанде пеш мири шаҳри Мюнхени ҷумҳурии Федералии Олмон Дитер Райтер изҳор намуд, ки аз соли 2018 дар кӯчаҳои шаҳри мазкур ҳаракати мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда манъ мешавад.

Тибқи иттилои нашрияи «Handelsblatt», оянда шаҳрҳои Берлин, Кёлн, Гамбург ва Штутгарт низ аз нақлиёти дизелӣ даст мекашанд. Соли 2016 дар конфронси байналмилалӣ дар Мексика роҳбарони шаҳрҳои Париж, Мадрид, Афина ва Мехико созишномае имзо намуданд, ки мувофиқи он то соли 2025 дар шаҳрҳои зикршуда аз мошинҳои боркашу сабукрави дизелӣ пурра даст мешаванд. Аз ҳоло дар шаҳри Ослои Норвегия ҳаракати мошинҳои дизелӣ аз соати 6-и субҳ то 10-и шаб манъ шудааст. Вайронкунандагони қонун 1,5 ҳазор крон (каме бештар аз 1000 сомонӣ) ҷарима мегарданд. Чунин чораҳо дар шаҳрҳои калони Голландия ва Дания низ амалӣ хоҳад шуд.

Сабаби асосии дасткашӣ аз истифодаи нақлиёти дизелӣ ихроҷи газҳои ба саломатӣ зарарноки онҳо мебошад. Ба гуфтаи номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ, теъдоди пайвастагиҳои зарарноки аз автомобил хориҷшаванда тақрибан 200 номгӯйро ташкил медиҳад. Дуди нақлиёти дизелӣ боиси авҷгирии аллергия, диабети қанд, сактаи қалб, инсулт ва бемориҳои саратон мегардад.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2015 дар мамолики Аврупо аз бемориҳои вобаста ба ифлосии ҳаво 400 ҳазор нафар фавтидаанд. Ба гуфти муҳаққиқон ронандагоне, ки муддати зиёд дар роҳҳои сермошин оҳиста ҳаракат мекунанд, бештар аз ҳавои заҳрнок нафас мекашанд. Олимони англис муайян кардаанд, ки газҳои аз автомобил, алалхусус нақлиёти дизелӣ хориҷшаванда, дар ҳавои гарм ба фаъолияти системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ расонида, сабабгори хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас мегарданд.

Талаботи экологиро ба назар гирифта, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо уҳдадор шудаанд, ки тибқи Созишномаи Париж оид ба иқлим то соли 2050 ихроҷи газҳои парникиро ду маротиба кам кунанд. Манъи вуруди нақлиёти дизелӣ ба онҳо дар амалӣ кардани чорабинии мазкур кумак мерасонад.

Парлумон ва ҳукуматҳои кишварҳои мутараққӣ ба ҷойи нақлиёти дизелӣ истифодаи электромобилро тавсия медиҳанд. Зеро нақлиёти барқӣ ҳаворо ифлос намекунад, садои баланд надорад ва боиси гармшавии ҳаво намешавад.

Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони нақлиёти Аврупо, дар семоҳаи аввали соли равон кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо 213000 нақлиёти дорои муҳаррики алтернативӣ (электромобил ва гибрид) фурӯхтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,6 фоиз зиёд аст. Дар ин самт Олмон, Испания ва Британияи Кабир пешсафанд. Ҳоло ширкатҳои машҳури «Тесла», «Ҷенерал моторс», «Тойота», «Рено», «Опел» ва ғайра истеҳсоли электромобилро ба роҳ мондаанд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи дӯстдорони автомобил мақомоти қонунгузор ва ҳукумати як қатор кишварҳо ба харидорони электромобил имтиёзоти гуногун додаанд. Масалан, дар Булғористон ва Франсия электромобил аз андози ҳарсола барои воситаи нақлиёт озод аст. Дар Дания нақлиёти барқӣ аз андози бақайдгирӣ озод мебошад. Ҳукумати Олмон электромобилро аз рӯзи бақайдгирӣ то 10 сол аз андози солона озод намудааст. Ба харидорони электромобил аз ҷониби давлат 4000 евро кумакпулӣ дода мешавад. Дар Маҷористон (Венгрия) нақлиёти барқӣ аз андози бақайдгирӣ, солона ва андоз аз васоити нақлиёт озод аст. Ҳукумати Ирландия ба харидорони электромобил то 5000 евро кумакпулӣ пешниҳод мекунад. Дар Португалия, Италия, Руминия, Словакия низ соҳибони электромобил андози бақайдгирӣ ва солона намесупоранд.

Дар Шветсия бошад, барои харидорони электромобил 4400 евро мукофотпулӣ медиҳанд. Ҳукумати Норвегия мақсад гузоштааст, ки то соли 2018 дар роҳҳои мамлакат бояд 50 ҳазор электромобил ҳаракат намоянд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қариб 80 фоизи ифлосии ҳаво дар мамлакат ба нақлиёт рост меояд. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ электромобилҳо ангуштшуморанд. Ҳол он ки аз кишварҳои зикршуда нархи неруи барқ дар Тоҷикистон арзон аст. Бо дарназардошти он ки истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат торафт меафзояд, бояд шумораи нақлиёти барқӣ зиёд гардад. Ин боис мешавад, ки вобастагии мамлакат аз сӯзишвории нефтӣ ва нозунузи кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти нефтӣ кам мегардад. Дигар, бо иваз намудани мошинҳои муҳаррикашон дарунсӯз ба электромобил муҳити зист тоза шуда, мағал дар роҳҳо камтар мешавад. Дар интиҳо, аҳолӣ ва муассисаҳо аз ҳисоби сарфаи маблағи сӯзишворӣ фоидаи иқтисодӣ мебинанд.

Аз ин рӯ, парлумони кишварро зарур аст, ки баҳри ҳавасманд кардани харидорони электромобил имтиёзот муайян кунад. Дар акси ҳол, бинобар вусъат ёфтани истифодаи электромобил дар кишварҳои аврупоӣ эҳтимол нақлиёти дизелии аз истифода берунмонда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Дар натиҷа, ҳавои кишвар боз ҳам ифлостар мегардад, ки ин ба саломатии сокинони мамлакат бетаъсир намемонад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»