Даъвати ҳарбӣ-2017

Аввалин 1800 нафар ихтиёрӣ

№120 (3757) 10.10.2017

Соли сеюм аст, ки дар вилояти Суғд нахустгусели ҷавонон ба хизмати аскарӣ бо доир намудани чорабинии калони фарҳангӣ — ватандӯстӣ баргузор мешавад. Субҳи 7 октябр 1800 нафар аввалин ихтиёриён-ҷавонон аз вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои адои хизмат рафтанд.

Нахуст ҷавонон аз майдони Истиқлоли маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ намуда, баъдан ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин рӯз зиёда аз 20 ҳазор хонандаву донишҷӯ, ҷавонону наврасон ва фаъолон ба кӯчаҳои шаҳр баромада, бо шодиву нишот ба даъватшавандагон роҳи сафед ва хизмати содиқона ба Ватан таманно намуданд.

Идомаи чорабиниҳо дар амфитеатри Қасри Арбоб сурат гирифт. Дар он ҷо бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, комиссарони ҳарбӣ ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, муҳассилини макотиби оливу волидони ҷавонони даъватшаванда чорабинии идона баргузор шуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ кард: «Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагӣ ва ватандӯстист. Аз ин пас месазад, ки шумо — фарзандони азиз аз ин мактаб сарбаландона гузаред, хизмати Модар-Ватанро содиқона адо намуда, бозгашт баҳри ободиву сарсабзии Ватани маҳбуб ҷаҳду талош варзед…».

Баъдан, иброз намуд, ки бо гусели якум меъёри даъвати ҷавононро ба хизмати аскарӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Ҷаббор Расулов ва Зафарободу Шаҳристон ба иҷро расониданд.

- Ин далели он аст, ки на танҳо комиссияи маҳаллии даъват самаранок кор кардааст, ҳамчунин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва содиқона хизмат кардан ба Ватан дар ноҳияҳои зикршуда хуб ба роҳ монда шудаанд, — гуфт Абдураҳмон Қодирӣ.

Даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ Далер Охунов изҳор дошт, ки дастпарвари филиали хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиҷорат буда, ихтиёран барои адои қарзи Модар-Ватан меравад:

- Бо дарназардошти он ки имрӯз дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ шароити мусоид барои хизмат фароҳам оварда шудааст ва муҳимтар аз ҳама, барои сарбаландона гузаштан аз мактаби мардонагӣ ман қарор додам, ки нахуст ба хизмати ҳарбӣ меравам ва баъд фаъолияти меҳнатиамро аз рӯи ихтисосам ба роҳ мемонам.

Донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Дилшод Мирзоеву Марям Маҳмудова, хизматчии қисми ҳарбии 0787 Фирдавс Ҳоҷиев, падари ҷавони даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ Давлатшоҳ Саидов, сардори гарнизони ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Назарзода Назар Бадал доир ба мавзӯи дӯст доштани Ватан, содиқона ба он хизмат кардан ва агар зарур шавад, ҷони худро дар роҳи ҳифзи Ватан дареғ надоштан сухан ронданд.

Барномаи калони фарҳангии устодони санъати вилояти Суғд табъи даъватшавандагон ва иштирокчиёни чорабиниро болида дошт. Сипас, даъватшавандагон озими маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуданд. Дар истгоҳи роҳи оҳани «Хуҷанд» барои онҳо ва волидонашон дастурхони идона ороста шуд. Даъватшудагон баъди хӯроки нисфирӯзӣ ба ҷузъу томҳои ҳарбии кишвар фиристода шуданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»