Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

№108 (4058) 07.09.2019

Дариға Назарбоева дубора раиси сенати парлумони Қазоқистон интихоб шуд

dariga-nazarbayevaБино ба гузориши хабаргузориҳо, номзадии ӯро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод шуд, зимни ҷаласаи нахустини иҷлосияи панҷуми даъвати шашум, аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бештари сенаторон ҷонибдорӣ карданд.

Дариға Назарбоева Палатаи болоии Парлумони Қазоқистонро дар иҷлосияи гузашта низ роҳбарӣ мекард ва Қосимҷомарт Тоқаев 12 август ӯро дубора узви ин палата интихоб кард.

Дариға Назарбоева духтари калони президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буда, то узви Палатаи болоии парлумон таъин шудан  чанд сол муовини Сарвазири мамлакат буд. Дар сенат Кумитаи умури муносибатҳои байналхалқӣ, дифоъ ва амниятро роҳбарӣ мекард. Марти соли равон, пас аз истеъфои падар ва президенти муваққати Қазоқистон эълом шудани Қосимҷомарт Тоқаев (раиси вақти сенат) раиси Палатаи болоии парлумон интихоб гашт.

Вакилони парлумони Украина аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум мешаванд

РадаРадаи Олӣ (Парлумон) — и Ҷумҳурии Украина 3 сентябр бо қабули қонун, ки аз 1 январи соли 2020 ба иҷро медарояд, вакилонро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард.

Тавре хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, лағви дахлнопазирии намояндагон яке аз бандҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳизбаш — «Ходими мардум» буд.

Лоиҳаи қонуни зикршударо 373 вакил — намояндагони ҳизбҳои «Ходими мардум», «Садо», «Баткившина» ва «Ҳамраъйии аврупоӣ» ҷонибдорӣ карданд. Аммо намояндагони ҳизби «Барои ҳаёт» дастаҷамъона аз райъдиҳӣ худдорӣ намуданд.

Қонун бекор кардани бандеро дар Конститутсияи Украина пешбинӣ мекунад, ки барои вакилони парлумон ҳаққи дахлнопазириро кафолат медод. Ҳамчунин, меъёре, ки вакилон бидуни розигии Радаи Олӣ боздошт, ҳабс ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд, аз Конститутсияи кишвар бардошта хоҳад шуд.

«Садои мардум»