Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

№112 (4062) 19.09.2019

Кормандони милиса ва гумруки Ӯзбекистон наметавонанд вакил интихоб шаванд

УзбекистанДар Ҷумҳурии Ӯзбекистон кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Комитети давлатии гумруки кишвар наметавонанд ба сифати вакили парламент ва шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб шаванд. Дар робита ба ин масъала, ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Дар бораи хадамоти давлатии гумрук» тағйирот ворид карда шуд. Чунин тағйиротро моҳи июни соли равон ба «Кодекси интихобкунанда» ҳам ворид намуда буданд.

 «Народное слово»

Баргузор кардани «пайшанбалик» ва чанд маъракаи дигар манъ шуд

Палатаи болоии парламенти Ӯзбекис­тон дастурамали маъракаҳои гуногун, аз қабили тӯю ҷанозаро таҳия кард. Тибқи муқаррароти он минбаъд як ҳафта қабл аз гузарондани тӯй кумитаи маҳалла бояд огоҳ карда, маъракаи тӯй дар як рӯз — аз соати 06:00 то 23:00 гузаронда шавад. Теъдоди меҳмонон дар тӯй то 200 нафар ва дар бархе ҳолат то 250 — 300 нафар муқаррар гардидааст. Мошинҳои тӯёна набояд аз 4 адад зиёд бошад.

Дар ҷаноза теъдоди ҳозирин маҳдуд нест, аммо маросими марбут ба он набояд аз се рӯз дер давом кунад. Қисме аз маросим, аз қабили «етти» («ҳайт»), «пайшанбалик», «якшанбалик», «йигирма» («бист»), «қирқ» («чил»), «ҳайит», «йил оши» («сол»), «пул тарқатиш», «мато улашиш» (пул ва матоъ тақсим кардан) мамнуъ гардиданд.

 «Спутник»

Россия. Қонун «Дар бораи фаъолияти кадастрӣ» дар таҳрири нав мавриди амал қарор мегирад

5732a4a57469a732f9334d63dc6a8b3dАз 16 сентябр дар Федератсияи Россия Қонун «Дар бораи фаъолияти кадастрӣ» дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он, шаҳрвандони кишвар имкон пайдо карданд, ки қитъаи замини беш аз 15 сол пеш гирифтаашонро қонунӣ гардонанд. Дар ин ҳолат майдони иловагии қитъаи замин низ ба қайд гирифта мешавад. Ҷараёни қонунигардонӣ он қадар мушкил нест. Бе ягон маблағи иловагӣ ва ришва, танҳо муайян карда мешавад, ки қитъаи замини иловагиро соҳиби замин мақсаднок истифода бурдааст ё не. Қонунигардонӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ мувофиқа ва фикри ҳамсояҳо низ пурсида мешавад.

 «Интерфакс»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА «Садои мардум»