Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

№114 (4064) 24.09.2019

Занҳо дар парламент

парзанДар аксар кишварҳои ҷаҳон занҳо, дар баробари мардон, ба ҳайси вакили халқ дар парламент фаъолият мекунанд. Бино ба маълумоти Иттифоқи байналмилалии парламентӣ, танҳо 20 фоизи  ҷой дар органҳои қонунгузории ҷаҳон ба занҳо тааллуқ дорад. Аз ҳама зиёд иштироки занҳо дар парламенти кишварҳои Руанда, Шветсия, ЮАР, Германия, Зеландияи Нав ва аз ҳама кам дар Миср мушоҳида мешавад. Дар Куба, бо вуҷуди он ки занҳо 45 фоизи вакилонро ташкил мекунанд, ба қавли коршиносон, демократия на дар ҳама қишри ҷомеа риоя мешавад.

Дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ теъдоди нисбатан зиёди занҳо дар парламентҳои Беларус (31,8%), Қазоқистон (24,3%), Қирғизистон (23,3%) ба мушоҳида мерасад. Теъдоди вакилзанон дар парламентҳои Грузия 6 фоиз, Украина-8 ва Арманистон 10 фоиз мебошад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин рақам 17 фоизро ташкил медиҳад.

Дар бораи иштироки бонувон дар кори қонунгузорӣ андешаҳо гуногунанд. «Занҳо низ мисли мардон хислатҳои камҳавсалагӣ, ҷаҳл, ҳасадхӯрӣ ва дигар хулқи нохубро доранд», — менависад маҷаллаи «Форриегн».

 Хабаргузории «ТАСС»,

***

ВалерияРаиси Шӯрои Федератсияи парламенти Россия Валентина Матвиенко дар оянда низ фаъолиятро дар парламент идома медиҳад. Дар ин бора 18 сентябри соли ҷорӣ губернатори нави Санкт-Петербург Александр Беглов қарорро ба имзо расонд.

- Бовар дорам, ки бо он таҷриба ва муҳаб­бате, ки шумо ба Санкт-Петербург ва сокинони он доред, дар оянда низ барои пешрафти ин шаҳри бузургу номдори Россия хизмати зиёд менамоед, — иброз намуд А. Беглов.

Воқеан, Валентина Матвиенко дар байни аҳли ҷомеа ва ходимони давлатию фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳиби обрӯю эътибори зиёд буда, аз соли 2011 палатаи минтақаҳоро дар парламент роҳбарӣ мекунад.

 «Парламентская газета»

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»