Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Аз бетаваҷҷуҳӣ беморхонаи «Даштигуло» «лона»-и парандагон гаштааст»

№121 (4071) 10.10.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳти ин унвон мақолаи дар рӯзномаи «Садои мардум» (№ 99 (4049) аз 17.08.2019) ба табърасидаро дар машварати корӣ баррасӣ намуда, ба масъулин бобати дуруст ташкил кардан ва ба роҳ мондани рушди соҳа, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Боиси тазаккур аст, ки дар ноҳия бо маблағгузориҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол то сол соҳаи тиб рушд ва муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисону кадрҳои соҳибмаълумот беҳтар таъмин карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти Беморхонаи қитъавии «Даштигуло» таҳти назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши бистарикунонии ноҳия қарор дорад. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар байни аҳолӣ, мустаҳкамгардонии пояи кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ дар ин давра як қатор корҳо амалӣ гардонида шуданд.

Айни ҳол дар беморхона 6 табиби дорои маълумоти олӣ, 51 корманди миёнаи тиббӣ, 37 нафар корманди хурди тиббӣ дар панҷ шуъба – амрози даруна (20 кат), бемориҳои кӯдакона (20 кат), таваллуд (15 кат), ҷарроҳӣ (10 кат) ва шуъбачаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар натиҷаи офати табиии соли 2005 баамаломада ва баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ қисмати зиёди беморхона зарар дид. Солҳои 2008-2010 барои болопӯш намудани бинои асосии беморхона аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 51000 ва аҳолӣ 69000 сомонӣ харҷ гардид. Инчунин, солҳои 2015-2019 бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ (52000 сомонӣ) корҳои таъмир ба анҷом расонида шуд. Тавассути маблағгузории «Лоиҳаи Сино» дар ҳаҷми 98000 сомонӣ бинои шуъбаҳои кӯдакона ва таваллуд, ки дар он маркази саломатӣ низ фаъолият дорад, болопӯш гардид.

Айни ҳол шуъбаҳои беморхона бо дастгирии муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия қарор­дошта аз таъмири косметикӣ бароварда шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҳангоми боз­дид аз ноҳия, дар вохӯрӣ бо аҳли меҳнат ва рӯзи қабули шаҳрвандон, 24 августи соли 2019 аз вазъи масъала изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои соҳа масъулинро муваззаф гардонид.

Бо сабаби он ки аз вазъи кунунӣ баровардани беморхона ва бартараф намудани дигар камбудиҳои дар мақола дарҷшуда маблағҳои калонро талаб менамояд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таври фаврӣ аз ҳисоби роҳбарияти ноҳия, шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва намояндаи воситаҳои ахбори омма гурӯҳ ташкил намуда, баҳри дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда истодааст.

 Б. Одиназода, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ