Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№144 (4094) 28.11.2019

Вакили Бундестаг: «Гази моеи Има ба Аврупо лозим нест»

бундестагАврупо метавонад вобаста ба нақшаҳои ИМА оид ба сохтмони хатти нақли гази «Ҷараёни шимол» («Северный поток») аксуламал нишон диҳад. Зеро Амрико ният дорад фаъолияти ширкатҳоеро, ки мехоҳанд дар татбиқи ин лоиҳа иштирок намоянд, маҳдуд созад.

- Ба Аврупо гази моеи ИМА лозим нест. Аз Россия вобаста будани Иттиҳоди Аврупо бофтаи Амрико аст, то ки хостаҳояшро пиёда созад. Агар ИМА нисбат ба ширкатҳои аврупоии иштирокчии лоиҳаи «Ҷараёни шимол» таҳрим ҷорӣ намояд, нисбат ба Амрико низ таҳрим ҷорӣ менамоем, — иброз доштааст вакили Бундестаги Германия Александер Ной.

Намояндагони фраксияи «чапҳо» дар мақомоти қонунбарории ин кишвар ба журналистон гуфтанд, ки воқеан ҳам, барои харидани гази моеи Амрико зарурати иқтисодӣ вуҷуд надорад.

«РИА Новости»

Музди меҳнати кормандони буҷетӣ бояд баланд бардошта шавад

госдумаЧунин пешниҳод карданд вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия аз Осетияи Шимолӣ – Алания. Тибқи лоиҳаи қонуне, ки онҳо барои баррасӣ пешниҳод намуданд, ба қадри ду ҳадди ақал баланд бардоштани музди меҳнати кормандони буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони соҳаҳои тиб, маориф, муассисаҳои давлатӣ, ходимони фарҳанг ва олимон, дар назар дошта шудааст.

Муаллифони лоиҳаи қонун пешниҳод намудаанд, ки музди меҳнат аз ҳисоби даромадҳое, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба даст меоянд, зиёд карда шавад.

«Хадамоти миллии иттилоотии ФР»

Парламенти Туркия тағйирот ба лоиҳаи қонуни андозро баррасӣ мекунад

парламент турцииТибқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, аз 1 апрели соли 2020 барои истиқомат дар меҳмонхонаҳо андози дуфоиза ҷорӣ мегардад. Баррасии лоиҳаи қонун ҳанӯз идома дорад. Баъди баррасии пурра он боз дар комиссияи махсус радду бадал мешавад. Дар сурати пеш омадани зарурат, лоиҳаи қонун барои такмил баргардонда хоҳад шуд. Пас аз дастгирии он боз ба чанд намуди дигари хизматрасонӣ андози иловагӣ ҷорӣ мешавад.

 «РИА Новости»

Мардум дар бораи парламент чӣ ақида дорад?

Барои ба ин савол ҷавоб додан парламенти Россия барномаи махсуси илмӣ — тадқиқотиеро таҳия ва тасдиқ кард. Ҷиҳати татбиқи он 350 миллион рубл ҷудо шудааст. Аллакай аъзои якчанд фраксияи Думаи давлатӣ барои гузаронидани тадқиқот ва пурсиши аҳолӣ дархост пешниҳод кардаанд. Чунончӣ, «Россияи ягона» роҷеъ ба такмили қонунгузорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна, фраксияи Ҳизби коммунист дар бораи таҷрибаи хориҷиён оид ба кори мақомоти мунитсипиалӣ, либерал- демократҳо оид ба дастгирии давлатии шаҳрвандони куҳансол мехоҳанд назари мардумро фаҳманд. Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ мехоҳад таъсири қонунгузориро дар бахши шаҳрвандӣ ва муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон таҳлилу тадқиқ намояд.

Думаи давлатӣ аз соли 2017 ин таҷрибаро истифода мебарад, ки он ба беҳтар шудани фаъолияти вакилон, такмилу сифати қонунҳо мусоидат мекунад.

«Коммерсант»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»