Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№5 - 6 (4111 - 4112) 09.01.2020

Россия. Музди меҳнат баланд бардошта шуд

муздВакилони Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонунро «Дар бораи баланд бардош­тани музди меҳнати ҳадди ақал ба андозаи 7,5 фоиз», ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуд, ҷонибдорӣ карданд. Мувофиқи он, ба ҳадди ақали музди меҳнати моҳона аз 1 январи соли 2020-ум 850 рубл илова ва он ба 12130 рубл баробар гардид. Дар маҷмӯъ, дар соли нави мелодӣ маоши 3,2 миллион нафар дар Россия боло меравад. Вобаста ба шароити иқлим дар баъзе аз минтақаҳо иловапулӣ низ боло бардошта мешавад. Тавре масъулон аз Ҳукумати Россия мегӯянд, ин ҳадди ниҳоӣ нест, дар оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.

 «РИА Новости»

 Абарқудратҳо сирри якдигарро фош мекунанд

абарВакилони Конгресси Амрико ҳафтаи гузаш­та дар яке аз ҷаласаҳо доир ба генотсиди арманиҳо аз ҷониби туркҳо эъломия қабул карда, ба ин восита барои латма задан ба обрӯи давлати Туркия ҳодисаҳои соли 1915, яъне, қатли оми арманиҳоро аз ҷониби империяи усмонӣ, ёдовар шуданд. Ин даъворо Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон рад карда, ҳушдор дод, ки парламенти кишвараш метавонад чунин қарорро вобаста ба генотсиди ҳиндуҳо аз ҷониби империяи Амрико низ қабул ва паҳн намояд.

- Анқара ҳазорҳо ҳуҷҷатро оид ба воқеаҳои соли 1915 дар даст дорад, ки онҳо бозгӯи воқеияти давранд. Мо бо далелу арқом гап мезанем ва дар бораи саҳифаҳои нангини таърихи ИМА далелҳои боэътимод дорем, — гуфт сарвари Туркия.

«Парламентская газета»

 Зеленский ба Рада лоиҳаро дар бораи тағйирот ба Конститутсия пешниҳод кард

ЗеленскийПрезиденти Украина Владимир Зеленский ба баррасии вакилони парламенти мамлакат (Радаи Олӣ) лоиҳаи тағйирот ба Конститутсияро пешниҳод кард, ки ба ғайримарказинамоии ҳокимият равона шудааст. Мувофиқи он, сохторҳои давлатию маъмурии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар мамлакат дигар карда мешаванд. Аммо дар ҳуҷҷат дар бораи мақоми Донбасс чизе гуфта нашудааст. Бо дар амал татбиқ шудани он маъмуриятҳои вилоятӣ барҳам мехӯранд ва ба ҷойи онҳо Шӯрои вилоятии Кумитаи иҷроия ташкил карда мешавад. Барои пойтахти кишвар — шаҳри Киев мақоми алоҳидаи ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст. Дар вилоятҳо, округҳо ва шаҳрҳо префектҳо, ки аз ҷониби Президент таъин мешаванд, давлатро намояндагӣ мекунанд.

 «Лента РУ»

 Дахлнопазирии прокурорҳо ва кормандони амният бекор карда шуд

дахлВакилони Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар ҷаласаи 25-уми иҷлосияи парламент ба як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд. Аз ҷумла, тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи прокуратура» ва «Дар бораи хадамоти амнияти миллӣ» кормандони ин ниҳодҳо зимни қонунвайронкунии маъмурӣ, бе гирифтани розигии роҳбарони болоӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. То ин дам дар моддаҳои 49 ва 37-и қонунҳои зикршуда дахлнопазирии прокурорҳо ва ходимони амниятӣ кафолат дода мешуд.

Дар Прокуратураи Ӯзбекистон гуфтанд, ки то ин дам ҳангоми ҷаримаситонӣ ҳатто нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд расмиёти зиёде анҷом меёфт, аз ҷумла, ин масъала бо роҳбарият ва мақоми болоӣ бояд мувофиқа мешуд. Акнун органҳои иҷроия метавонанд бевосита нисбат ба қонунвайронкунии маъмурӣ чораҷӯйӣ намоянд.

«Спутник»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»