Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№9 (4115) 16.01.2020

Татбиқи созишнома оғоз ёфт

татбикАз аввали соли нави 2020 Созишнома байни Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Россия мавриди амал қарор гирифт. Санади мазкурро дар арафаи соли нав Думаи давлатӣ ба тасвиб расонд ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қонуни федеролиро дар бораи «Созишнома барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик» ба кишвараш имзо кард.

Тибқи он, корфармоён дар Россия вазифадор мешаванд, ки муҳоҷиронро сабти ном кунанд, масъалаи бимаи тиббӣ ва ҷойи хобу хӯроки онҳоро ҳал намоянд. Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ вазифадоранд, талабгорони корро тибқи дархости корфармоён ба Россия фиристанд ва пеш аз сафар маълум кунанд, ки онҳо таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд ё не.

Ёдовар мешавем, ки ин созишнома 17 апрели соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба имзо расида буд.

«ТАСС»

Ҷоизаи Парлумони Аврупо ба духтари Илҳом Тоҳти супурда шуд

ЧоизаПарлумони Аврупо ҷоизаи Сахаровро (дар соли 2019) ба ҳомии ҳуқуқи ӯйғурҳои кишвари Чин Илҳом Тоҳти, ки бо гуноҳи ҷудоиталабӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, муносиб донист. Чанде пеш ҷоизаи мазкур дар бинои Парлумони Аврупо, дар шаҳри Страсбурги Фаронса ба Ҷавҳар Илҳом — духтари Илҳом Тоҳти супорида шуд. Ба андешаи президенти Парлумони Аврупо — Девид Сассолӣ тавассути Тоҳти ӯйғурҳо имкон пайдо карданд, ки садояшон шунида шавад. Ҷавҳар Илҳом дар суханронӣ гуфт, ки дар Чин барои ӯйғурҳо озодӣ вуҷуд надорад. Ин кишвар ба хотири амалкардаш нисбат ба мусалмонҳои Шинҷон бо интиқодҳои афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тахминан як миллион ӯйғур ва мусалмонҳои миллатҳои дигари Чин дар муассисаҳои дурдасти ғарби ин кишвар нигаҳ дошта мешаванд. Ҷавҳар Илҳом барои таваҷҷуҳ ба сарнавишти падараш Илҳом Тоҳти ва ӯйғурҳои Чин изҳори сипос намуда, гуфтааст, ки ду сол аст дар бораи падараш хабар надорад.

«Озодӣ»

 Дар соли нав мардум аз вакилон фаъолияти пурсамартарро интизоранд

Соли нав- Дар Думаи давлатии Федератсияи Россия соли гузашта баҳри ҳимояи шаҳрвандони кишвар чанд қонун қабул гардид. Соли 2020 фаъолияти вакилон дар ин самт боз ҳам ҷоннок карда мешавад, — қайд шудааст дар гузориши сомонаи Думаи давлатии ФР.

Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои баҳорӣ баҳри беҳбудбахшии вазъи иҷтимоии сокинони кишвар баррасии 10 лоиҳаи қонун дар назар аст. Дар ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна бо хӯроки гарм, ҳимояи ҳуқуқи мӯйсафедон, маъюбон ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбарони палатаҳои парламенти кишвар гуфт, ки дар соли нав сокинони мамлакат аз вакилони худ фаъолияти пурсамартарро баҳри қабули қонунҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии мардум мусоидат менамоянд, интизоранд.

«Сомонаи Думаи давлатӣ»

Дар Латвия мақоми забони модарӣ баланд аст

ЛатвияВакили Думаи Рига — узви ҳизби нави консерваторони мамлакат Эва Мартужа пешниҳод намуд, ки дар Латвия хизмати пулакии тарҷума аз забони латишӣ ба забони русӣ ҷорӣ шавад. Ба ақидаи вай, шахсе, ки дар кишвар забони латиширо намедонад, дар марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра бояд тарҷумон кироя кунад.

Мавриди зикр аст, ки дар Латвия забони латишӣ мақоми давлатӣ дорад ва забони русӣ, бо вуҷуди он ки 40 фоизи аҳолии мамлакат русзабонанд, забони хориҷӣ ҳисоб меёбад.

- Забони давлатиро намедонӣ, тарҷумон пайдо кун ва маблағашро супор! — таъкид намудааст вакили парламент Эва Мартужа.

«РИА Новости»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум» мҳурии Тоҷикистон