Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№12 (4118) 23.01.2020

Парламент зидди суханчинӣ

 

111Сарвазири Украина Алексей Гондарчук аризаи истеъфо навишта, ба Президент пешниҳод кард. Сабаби чунин тасмим нашри сабти аудиоии ҷаласаи назди Сарвазир дар шабакаи «YouTube» буд, ки аз ҷониби шахсони номаълум паҳн гардидааст.

Мувофиқи ин сабт А. Гондарчук гӯё дар ҳаққи Президент суханони ноҷо гуфта бошад. Аммо, тавре Сарвазир иброз доштааст: «Ман аз оғози фаъолияти кориам дар ин вазифа баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи Президент саъю талош менамоям. Вай бароям намунаи шахси самимӣ ва бовиҷдон мебошад. Намехоҳам Михаил Зеленский нисбат ба ман ягон гумону шубҳа дошта бошад. Ба ҳамин хотир истеъфо додам». Президент Михаил Зеленский аризаи истеъфои Сарвазирро рад кард.

Вакилони парламенти Украина аз ҳизби ҳокими «Хизматгори халқ» ба Хадамоти амниятии кишвар муроҷиат намудаанд, ки вобаста ба ин суханчинӣ тафтишот баранд.

РИА «Новости»

Парвандаи нобоварӣ ба Трамп

222Тарафдорон ва мухолифони парвандаи изҳори нобоварӣ ба Президенти ИМА Доналд Трамп барои ҳимояи мавқеъҳои худ далелҳои ҳуқуқӣ пешниҳод карданд.

Дар санади 111-саҳифагии демок­ратҳои Палатаи намояндагон, ки қарор аст ба Сенат пешниҳод шавад, омадааст: «Трамп ба як қатор қонуншиканӣ роҳ додааст, ки тибқи онҳо бояд аз мақоми президентӣ канор равад». Ба гуфтаи демократҳо: «Трамп бо ин амалҳояш сохти конститутсионӣ ва амнияти Амрикоро зери хатар гузошт». Трамп барои суиистифода аз мақом ва монеъ шудан ба рафти тафтишот дар Конгресс айбдор мешавад.

Ба гуфти ҳомиёни Президенти ИМА, ҳадафи демократҳо бозбинии натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2016 ва дахолат дар интихоботи президентии соли равон аст. Вале Президент тамоми айбҳои бар зидди ӯ эълоншударо қотеона рад мекунад. Ба тими ҳомиёни Президенти ИМА додситонҳои махсуси пешин — Кеннет Стар ва Роберт Рэй, ки парвандаи изҳори нобоварӣ ба Президенти пешин Билл Клинтонро баррасӣ карда буданд, пайвастаанд. Баррасии парвандаи изҳори нобоварӣ ба Трамп 21-уми январ дар Сенат оғоз мешавад. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се — ду ҳиссаи аъзои Сенат раъй диҳанд. Ин дар ҳолест, ки аксари аъзои Сенатро ҷумҳурихоҳон — ҳамҳизбони Доналд Трамп ташкил медиҳанд. ва ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли зиёд Трамп дар мақомаш мемонад.

 

«Озодӣ»

Ироқ аз Амрико бояд 20 триллион доллар товон талаб кунад

333Узви парламенти Ироқ Салом ал Шимрӣ дар посух ба товонхоҳиҳои Президенти Амрико Доналд Трамп аз Ироқ гуфт, ки Ироқ бояд аз Вашингтон 20 триллион доллар ҷуброни хисороти ишғолгарӣ ва ҷинояту кушторро дар қаламрави ин кишвар талаб кунад.

- Раиси ҷумҳури Амрико ҳар замон мегӯяд: «Ироқ бояд товон бидиҳад, аммо дар бораи он ки тахриб ва вайрониҳои сангини бар сари Ироқ омада кори дасти Амрико ва кишварҳои думраваш аст, худро ба нодонӣ мезанад», — қайд шудааст дар баёнияи Салом ал Шимрӣ.

Баъди  террори генерал Қосим Сулаймонӣ аз ҷониби Амрико парламенти Ироқ қарор қабул кард, ки  низомиёни ИМА ва дигар кишварҳои хориҷӣ аз мамлакат берун карда шаванд.

 Ҳафтаномаи «Дунё»

ва хабаргузории «НТВ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»