Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№24 (4130) 22.02.2020

Пешниҳоди лоиҳаи нави қонун оид ба нафақахӯрҳо

 пешних 1Аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Василий Иконников лоиҳаи қонунро дар бораи аз соли 2020 барқарор кардани механизми индексатсияи нафақаи нафақахӯроне, ки кор мекунанд, ба Думаи давлатии Россия пешниҳод кард.

Ба фикри вай, ин кор ба пешниҳоди Президенти мамлакат Владимир Путин роҷеъ ба даровардани тағйирот ба Конститутсия мувофиқ аст.

Соли 2015 бинобар маблағи нокифоя дар буҷети федералӣ механизми амалкунандаи индексатсияи нафақа манъ карда шуд. Алҳол ин камбудӣ вуҷуд надорад. Дар ҳолати қабули лоиҳаи қонуни зикршуда имкон аст, ки хароҷоти Фонди нафақа соли ҷорӣ беш аз 368 миллиард рубл, соли 2021-ум 426,4 миллиард ва соли 2022 ба андозаи 524,6 миллиард рубл афзоиш ёбад. Дар хабар қайд шудааст, ки пешниҳоди Иконников аз ҷониби Ҳукумати Россия, бинобар баъзе норасоӣ дар ҳуҷҷатҳои асосноккунии молиявӣ — иқтисодӣ рад карда шудааст.

«ТАСС»

Парламенти Македонияи Шимолӣ пароканда карда шуд

пароканТибқи иттилои Ширкати телевизионии Sitel, Маҷлис (Палатаи якмандата)-и Македонияи Шимолӣ пароканда гардид.

Ба тарафдорӣ 108 вакил овоз доданд. Қобили зикр аст, ки 5 феврал парламент ба аъзои Ҳукумати мамлакат, ки таҳти сарварии Людовик Орбан амал мекунад, изҳори нобоварӣ эълон намуд. Айни ҳол дар мамлакат ҳукумати техникӣ, ки оғози моҳи январи соли ҷорӣ таъсис ёфт, фаъолият мекунад. Аъзои Ҳукумати мамлакат дар давоми 100 рӯз, то ташкил кардани ҳукумати нав, корашонро пеш мебаранд. Дар назар аст, ки 12 апрел дар Македонияи Шимолӣ интихоботи ғайринавбатӣ баргузор гардад.

«ТАСС»

Пешниҳоди вакил Рабиновичро ҳамтоёнаш «Шармандагӣ» гуфтанд

ПешниходВакили парламенти Украина аз ҳизби мухолифи «Барои ҳаёт» Вадим Рабинович пешниҳод кард, ки ҳайати намояндагонро барои иштирок дар ҷашни Рӯзи Ғалаба ба Россия равон кунанд ва ин ҳайат дар парламент ташкил шавад.

Аммо қисми зиёди вакилони Рада зимни суханронии Вадим Рабинович бо овози баланд «Шармандагӣ» — гуфта, эътироз карданд. Роҳбарияти парламент ба пешниҳоди вакил он қадар таваҷҷуҳ накарданд. Намояндагони ҳизби собиқ роҳбари давлат Пётр Порошенко — «Ҳамраъйии Аврупо» талаб карданд, ки дар ин масъала Президенти мамлакат Владимир Зеленский бояд ба таври расмӣ фикрашро баён кунад.

Директори Институти озодӣ Фёдор Бирюков ба пешниҳоди Вадим Рабинович баҳои мусбат дод ва аз ҷумла, таъкид намуд: «Иштироки вакилони парламенти Украина дар ҷашнвораи 75 — солагии Ғалаба бар фашизм дар шаҳри Москва кори хуб аст. Дар вазъияте, ки дар парламенти кишвар рӯҳияи зиддирусиягӣ аст, ин амал метавонад боз як роҳи кам кардани хушунат гардад».

«Спутник»

Барои фурӯши нос ҷаримаи калон муайян гардид

НосВакилони Думаи давлатӣ ба қисмати ҷавобгарӣ барои фурӯши ­навъҳои маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карданд.

Тибқи он, минбаъд барои фурӯши нос дар Федератсияи Россия маблағи ҷаримаҳо баланд мегардад. Аз ҷумла, шахсоне, ки хоҳ ба калонсолон ва хоҳ ноболиғон нос мефурӯшанд, дар ҳаҷми 15 – 20 ҳазор рубл ҷарима карда мешаванд.

«Сайти Думаи давлатӣ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»