Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№63 (4169) 28.05.2020

Мансабдорон барои таҳқири шаҳрвандон муҷозот мешаванд?

1Вакилони Думаи давлатӣ аз фраксияи «Россияи ягона» Александр Хинштейн ва Андрей Турчак лоиҳаи қонунро дар бораи ҷавобгарии мансабдорон барои таҳқири шаҳрвандон барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

Тибқи он, ҳангоми рух додани ҳолати зикршуда ашхоси мансабдор то 150 ҳазор рубл ҷарима мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки роҷеъ ба ин масъала пештар аз ҷониби фраксияҳои дигар низ пешниҳод шуда буд. Чунончӣ, вакилон аз ҳизби коммунист Сергей Казанков ва Николай Коломейтсев маблағи ҷаримаро барои ин амал 30 ҳазор рубл пешниҳод карда буданд.

В. Жириновский: «Теъдоди вакилонро бояд кам кард»

 23Бо чунин мазмун раиси ҳизби либералӣ — демократии Россия Владимир Жириновский изҳорот дод.

- Ба ин васила маблағро сарфа карда, вазъи иҷтимоии мардумро беҳтар мекунем, — гуфт Жириновский. Ӯ, ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки интихоботи вакилон бояд дар ду ё се сол гузаронида шавад. Ба ақидаи вакил, дар мавриди ихтисори кормандони дастгоҳи Думаи давлатӣ низ бояд фикр кард.

Ин ташаббуси Жириновскийро раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати иттилоотӣ Александр Хинштейн шарҳ дода гуфт, ки бозсозиро бояд аз ҳизби либералӣ — демократии Россия оғоз кард, то ба дигарон ибрат шавад.

 Н. Пелоси: «Коронавирус фоҷиаи бузургтарини Амрикост»

4Раиси Палатаи намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нэнси Пелоси бемории коронавирусро «фоҷиаи бузургтарин дар таърихи Амрико» номид.

- Ба ин беморӣ қариб 1,4 миллион амрикоӣ гирифтор, беш аз 80 ҳазор (тибқи маълумоти ахир беш аз 90 ҳазор) нафар вафот карда, 33 миллион нафар барои гирифтани ҷубронпулии бекорӣ ариза пешниҳод кардаанд. Пештар барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус 3 (се) триллион доллар ҷудо шуд, вале он нокифоя аст.

- Баъзе аз вакилон мехоҳанд баррасии маблағгузории навбатиро ба таъхир гузоранд. Аммо бисёр оилаҳо аз нарасидани маблағ барои ғизо пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва ғайра азоб мекашанд. Бинобар ин, набояд онро ба таъхир гузошт, — изҳор кардааст Пелоси.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»