Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

Системаи «панҷбала» дигар мешавад?

 вапШӯрои Федератсияи Россия пешниҳод кард, ки бояд системаи «панҷбала», ки ҳоло дар мактабҳо ҷорӣ аст, тағйир дода шавад. Аъзои Шӯро пешниҳодро бо он асоснок мекунанд, ки дар ягон муассисаи таълимӣ, қариб ки баҳои «як» намемонанд.

Пасттарин баҳои хонандагон «ду» аст. Аксар омӯзгорон бар он ақидаанд, ки баҳои «як»-ро муаллимоне зарур мешуморанд, ки хонандаро таълим дода наметавонанд. Бинобар ин, дар системаи баҳогузорӣ зарурати мавҷуд будани рақами «як» нест.

Узви Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Виктор Кресс дар ин бора изҳор намудааст, ки: «Дар мактабҳо ҷорӣ кардани системаи «чорбала» зарур аст, зеро баҳои «як» солҳои охир, қариб ки истифода намешавад. Чунин баҳогузорӣ ба рӯҳияи хонанда низ таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки ман дар мактаб мехондам, дар ҳолате ки муаллим бисёр ба ғазаб меомад, хонандагонро бо гузоштани баҳои «як» таҳдид мекард».

«Газета РУ»

Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ

Дар Федератсияи Россия 13 сентябри соли ҷорӣ дар беш аз  нуҳ ҳазор ширкатҳои овоздиҳии 83 субъектҳои мамлакат (ғайр аз Санкт-Петербург ва Қабардино Балкар)  Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ баргузор шуд. Он рӯз дар 20 минтақа губернаторон ва 11 минтақа вакилони парламентҳои маҳаллиро интихоб карданд.

Дар округҳои якмандатаи вилоятҳои Курск, Ярослав, Пенза ва Ҷумҳурии Тотористон интихоботҳои иловагии вакилони Думаи давлатӣ доир гардид.

Раиси ҳизби «Россияи ягона» Дмитрий Медведев Рӯзи ягонаи овоздиҳиро «бисёр мушкил», вале дар навбати худ бомуваффақият арзёбӣ кард.

РИА «Новости»

Янгиҳаёт – ноҳияи нав дар Ӯзбекистон

ываВакилони Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон  дар ҷаласаи чанд рӯз пеш баргузоршуда,  аз ҷумла масъаларо вобаста ба  таъсиси ноҳияи нави Янгиҳаёт дар пойтахти кишвар – шаҳри Тошканд баррасӣ карданд.

-  Шумораи аҳолии пойтахти мамлакат сол ба сол афзоиш меёбад. Инфрасохтори шаҳр низ васеъ мегардад ва алҳол зарурати ташкили сохторҳо  ва ҷойҳои нави корӣ, таъмини вазъи беҳтари шаҳрвандон ба миён омадааст, — иброз намуд  раиси  Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»