Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№58 (4008) 23.05.2019

Украина. Парламент ба истеъфо рафт

ТРУДАввалин кореро, ки Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский баъди маросими қасамёдкунӣ анҷом дод, содир намудани фармон дар бораи барҳам додани парламенти кишвар – Верховная Рада буд.

Вай барои пурра қатъ гаштани ваколати вакилон ду моҳ муҳлат дода, хоҳиш намуд, ки дар ин муддат баъзе қонунҳои зарурӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи бекор кардани дахлнопазирии вакилӣ» — ро қабул кунанд.

Фармони Владимир Зеленский дар бораи барҳам додани парламент дар байни сиёсатмадорони кишвар мухолифонро ҳам пайдо кард. «Ин фармон ғайриконститутсионист»,- иброз доштааст Раиси Верховная Рада Ирина Грашенко.

«ИНТЕРФАКС»

 Россия. Рухсатӣ боз як рӯз дароз мешавад

КиргизВазорати меҳнати Федератсияи Россия барои ба Кодекси меҳнат тағйирот даровардан пешниҳоди нав кард.

Мувофиқи он ба рухсатии ҳарсолаи шаҳрвандони аз 40-сола боло, барои гузаштани диспансеризатсия, як рӯзи дигар илова карда мешавад.

Айни ҳол дар се сол як маротиба ин имтиёз дода хоҳад шуд. Сабаби пешниҳод он аст, ки аз 6 майи соли ҷорӣ тибқи фармони Вазорати тандурустии кишвар тартиби нави гузаронидани диспансеризатсия ва муоинаи тиббӣ ҷорӣ гардид.

Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки пешниҳодро то 20 июни соли ҷорӣ ба ҳукумат ирсол кунад.

«РОССИЙСКАЯ ГАЗЕТА»

Афғонистон. Парламенти нав интихоб шуд

РадаМақомоти марбутаи Афғонис­тон натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонии ҳафт моҳи пеш дар кишвар баргузоршударо эълон карданд.

Интихоботи парламент дар Афғонистон 20-уми октябри соли гузашта доир гашт, аммо ҳисоби овозҳо ва дигар корҳои ташкилӣ беш аз ним сол кашол ёфтанд. Натиҷаҳои пешакии интихоботро ҳанӯз моҳи январ ­эълон карда буданд, аммо баъдан чанд аъзои комиссияро барои суиистифода аз мақом аз вазифаҳояшон барканор карданд.

Ҳарчанд парламент корашро аз охири моҳи апрел оғоз карда бошад ҳам, дар баъзе округҳо ҳанӯз натиҷаҳои интихобот ҷамъбаст нашуда буд. Масалан, танҳо ҳафтаи гузашта номи ғолибони интихобот дар шаҳри Кобул эълон гардид. Бино ба иттилои Комиссияи мустақили интихобот дар шаҳри Кобул 24 мард ва 9 зан вакили Вулуси Ҷирга — палатаи поёнии парлумон интихоб шудаанд.

«ОЗОДӢ», «АФҒОНИС­ТОН. РУ»

 Қирғизистон. Вакилон барои пешгирии фоҷиаи экологӣ иқдом карданд

АфгонистонПарламенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи манъи коркард ва истеҳсоли конҳои уран дар кишвар қарор қабул кард.

Ноиби Сарвазири кишвар Кубатбек Боронов дар ҷаласаи парламент баромад карда, гуфт, ки аз ҷумла, кор дар кони урани Қизиломпули Қирғизистон қатъ карда шуд.

Аксари вакилон ба хотири роҳ надодан ба фоҷиаи экологӣ ба истеҳсоли уран зид баромаданд.

«REGNUM.RU»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»