Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№132 (4394) 26.10.2021

Парламенти шаффоф

1Мувофиқи натиҷаи рейтинги байналмилалии парламенти шаффоф, Россия сазовори ҷои аввал гардид. Назарпурсиро Фонди ғайритиҷоратии «Маркази қонунэҷодкунӣ» доир кард. Дар байни 15 давлат Федератсияи Россия бо 80 бал пешсаф аст. Дар қатори панҷ давлати муваффақ, ҳамчунин, Италия, Фаронса, Австрия ва Испания қарор доранд.

Дар ҳисоботи ҷамъбастии фонди зикршуда омадааст, ки Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Шӯрои Федератсия роҷеъ ба фаъолият мунтазам маълумоти заруриро нашр мекунанд ва зимни таҳия ва қабули қонунҳо бо истифода аз коммуникатсияҳои иттилоотӣ ҳамеша бо шаҳрвандон дар тамос буда, маълумотро аз тариқи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳну дастрас менамоянд. Нашрияҳои парламент – «Парламентская газета» ва шабакаи телевизионии «Дума – ТВ» фаъоланд, вакилони парламент фикру мулоҳизаҳояшонро пайваста роҷеъ ба қонунҳо ва ҳаёти ҷомеа баён менамоянд.

«Известия.ру»

Пешниҳоди вакилон: «Маблағи таҳсилро кам кунед»

3Вакилони Думаи давлатӣ Василий Власов ва Владимир Сипягин пешниҳод карданд, ки ҳадди охири маблағи таҳсил дар мактабҳои олии Россия муқаррар карда шавад. Дар ин бобат онҳо ба вазири илм ва маълумоти олии мамлакат Валерия Фалкова нома ирсол карданд.

Дар он зикр шудааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Москва маблағи пардохти солона то ба ним миллион рубл мерасад, ки ин 20 — 30 маротиба аз камтарин маблағ барои рӯзгузаронӣ зиёд аст. Чунин вазъият дар дигар минтақаҳои Россия низ ба назар мерасад.

«Барои таъмини дастрасии таҳсил дар муассисаҳои олии мамлакат, мувофиқи мақсад мебуд, агар андозаи маблағи солонаи пардохти таҳсил вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон кам карда мешуд», — гуфта шудааст дар муроҷиати вакилон.

РИА «Новости»

Ҷаласаи нахустини даъвати нави Бундестаг

 2Имрӯз ҷаласаи нахустини Бундестаг (парламенти Германия) даъвати бистум баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш дар кишвар интихоботи парламентӣ доир гардид ва Ҳизби сотсиал – демократ аз ҳама зиёд, яъне, 25 фоиз овоз гирифта, аъзои он дар Бундестаг 206 ҷойро ишғол хоҳанд кард. Иттифоқи ҳизбҳои насронӣ – демократӣ ва насронӣ — иҷтимоӣ дар ҷои дуюм ва Ҳизби «Сабзҳо» дар мақоми сеюм қарор доранд.

Дар ҷаласаи нахустин раиси парламент ва муовинони вай интихоб шуда, тартиби фаъолияти минбаъдаи вакилон тасдиқ мегардад.

Агентии иттилоотии «REGNUM»

Дар Япония фаъолияти палатаи поёнии парлумон қатъ мегардад

4Фаъолияти палатаи поёнии мамлакат қатъ мегардад. Дар яке аз ҷаласаҳо раиси парламент Тадамори Осима матни ин фармони Императори Японияро оид ба қатъ ёфтани фаъолияти палатаи поёнӣ ба самъи вакилон расонид.

Қобили зикр аст, ки ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ палатаи поёнии Парламенти Япония бо бештари овозҳо раиси ҳизби ҳукмрони либералӣ – демократӣ Фумио Кисидуро ба вазифаи Сарвазири мамлакат интихоб кард.

РИА «Новости»