Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№139 (4401) 13.11.2021

Россия. Муоинаи техникӣ ҳатмӣ нест

РОССИЯЧунин мешуморанд гурӯҳе аз вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ва дар ин бора лоиҳаи тағйи­рот ба Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт» — ро ба баррасӣ пешниҳод карданд, ки он 9 ноябри соли ҷорӣ зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ баррасӣ ва қабул гардид.

Мувофиқи он, соҳиби воситаи нақлиёт метавонад бо хоҳиш мошинашро аз муоинаи техникӣ гузаронад. Аммо ин тартиб танҳо ба шахсони физикӣ дахл дошта, соҳибони мошинҳои мусофирбар, автобусҳо ва муассисаю ширкатҳои тиҷоратӣ бояд ҳатман воситаҳои нақлиёти дар ихтиёрашонбударо аз муоина гузаронанд.

Ба ақидаи яке аз ташаббускорони иқдом, муовини раиси Шӯрои федератсия Андрей Турчак тартиби пештараи муоинаи техникӣ моҳият гум карда, бехатарии нақлиётро таъмин карда наметавонист.

 «Парламентская газета»

Япония. Ҳизби ҳоким мавқеашро дар парламент нигоҳ дошт

ЯПОНИЯЭътилофи ҳизбҳои либералӣ — демократӣ ва «Комэйто» аз рӯйи натиҷаи интихоботи парламенти Япония аз 465 ҷой дар палатаи поёнӣ соҳиби 293 ҷой гардид. Аз он 261 нафар вакил аъзои ҳизби ҳокими либералӣ — демократӣ мебошанд. Ҳизби конститутсионӣ — демократӣ дар парламент соҳиби 96 ҷой, ҳизби ислоҳот — 41 ва ҳизби коммунист соҳиби даҳ ҷой шуданд.

«РТ на русском»

Тотористон. Вакилон лоиҳаи қонунро напазируфтанд

ТОТОРИСТОНВакилони Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Тотористон лоиҳаи Қонун «Дар бораи принсипҳои умумии ташкили ҳокимияти оммавӣ дар субъектҳои Федератсияи Россия» — ро, ки тибқи он, минбаъд губернаторон бояд сарварони минтақаҳо унвон мегирифтанд, ҷонибдорӣ накарданд. Онҳо бар он назаранд, ки татбиқи лоиҳаи қонуни зикршуда метавонад минбаъд минтақаҳоро аз ҷараёни қонунгузории федералӣ дур намояд. Ба ҳамин монанд 27 сентябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ Андрей Клишас ва раиси Кумита оид ба сохтмони давлатӣ ва қонунгузорӣ Павел Крашенинников лоиҳаеро ба Думаи давлатии Федератсияи Россия пешниҳод карданд. Масъала алҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Известия.ру»

 

Перу. Дар конгресс ҳайати ҳукуматро тасдиқ карданд

ПЕРУДар ҷаласаи охири конгресс (парламент)-и Перу ҳайати ҳукумати Президенти кишвар Педро Кастилио тасдиқ карда шуд. Ба ҳайат 68 нафар тарафдор ва 56 нафар зид овоз доданд. Ҳайати нави ҳукумат барои иҷрои содиқонаи вазифаҳояшон савганд ёд карданд. Сарвари давлат гуфт, ки дар оянда низ тағйиротеро, ки ба нафъи халқи кишвар аст, идома медиҳад.

«ТАСС»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»