Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№10 (4430) 15.01.2022

Шалва Папуашвили раиси парламенти Гурҷистон интихоб шуд

ГурчистонДар кишвари Гурҷистон ба ҷойи Кахабер Кучава, ки моҳи декабри соли гузашта аз вазифа истеъфо дод, Шалва Папуашвили раиси нави парламент интихоб гардид. Вай узви ҳизби «Грузинская мечта» буда, ба тарафдориаш 88 ва ба муқобилаш танҳо як вакил овоз доданд. Раиси нави парламент ба ҳаммаслаконаш миннатдорӣ баён карда, гуфтааст, ки фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ мемонад.

 Известия. ру, МИР

Даргузашти раиси Парламенти Аврупо

АврупоДар давлати Италия раиси Парламенти Аврупо Давид – Мария Сассоли дар синни 65 дунёро падруд гуфт. Дар ин бора котиби матбуотии парламент Роберто Куилло ба расонаҳо хабар дода, афзуд, ки сиёсатмадор ва журналисти шинохта Давид Сассоли дар Маркази онкологии шаҳри Авиано даргузашт.

 РИА «Новости»

Дар Россия дорухонаҳои давлатӣ фаъол мегарданд

АптекаБа гуфтаи Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, ташкили дорухонаҳои давлатӣ дар ҳама минтақа имкон медиҳад, ки нарху наво, сифати дорухонаҳо ва тартиби корашон назорат карда шавад. Вай аз он ёдовар шуд, ки моҳи декабри соли гузашта, зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар вилояти Саратов масъалаи ташкили дорухонаҳои давлатӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба миён омада, ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2022 дар вилояти зикршуда фаъолияти 180 дорухона ба роҳ монда мешавад.

- Ин корро дар дигар минтақаҳо низ анҷом додан лозим аст. Бояд чунин дорухонаҳо шабонарӯз кор карда, ба мардум хизмат расонанд ва нархи дору низ зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад, то барои одамон дастрас бошад, — изҳор дошт В. Володин.

Сомонаи Думаи давлатӣ

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»