Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№121 (4071) 10.10.2019

Португалия. Ҳизби ҳоким дар интихобот ғалаба кард, аммо…

хоким6 октябри соли ҷорӣ дар Португалия интихоботи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он ҳизби ҳукмрони сотсалистӣ соҳиби овози аз ҳама зиёд ва 106 ҷой дар парламент гардид. Вале ин нишондиҳанда имкон намедиҳад, ки сотсиалистҳо ҳукумати навро ташкил намоянд, зеро парламенти кишвар аз 230 вакил иборат аст ва барои ташкили ҳукумат соҳиби на камтар аз 116 ҷой бояд буд.

 «AИ REGNUM»

Косово. Ҳизби мухолиф дар интихобот пешсаф аст

косовоДар Ҷумҳурии Косово 6 октябр интихоботи парламентӣ баргузор гардид. Тибқи ҳисоботи пешакии Комиссияи марказии интихобот, ҳизби мухолифи «Иттиҳоди демок­ратҳои Косово» мавқеи пешсафиро ишғол мекунад. Дар 2 ҳазору 547 участкаи интихоботӣ 1 миллиону 938 нафар интихобкунанда овоз доданд. Ҳизби демократӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

«РИА Новости»

 Миёнаравҳо муҷозот мешаванд

миёнравМиёнаравҳое, ки дар Федератсияи Россия ба муҳоҷирони кишварҳои хориҷа барои дарёфти ҳуҷҷатҳои зарурӣ кумак мерасонанд, минбаъд ба маблағи калон ҷарима ва ё маҳбасӣ мешаванд. Дар ин робита дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне омода шудааст, ки дар ҷаласаи наздиктарин мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тибқи он маблағи ҷарима беш аз 200 ҳазор рубл пешниҳод гардидааст ва ё миёнарав ба муҳлати то се сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум карда мешавад. Муаллифони лоиҳа бар он назаранд, ки тадбири мазкур пеши роҳи қаллобиро гирифта, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро кам мегардонад. Ин пешниҳод аллакай дар Ҳукумат, Суди Олӣ ва Шӯрои қонунгузорӣ дастгирӣ ёфтааст.

«Парламентская газета»

 Вакилон аз Доналд Трамп изҳори нобоварӣ мекунанд

ТрампДар Палатаи намояндагони Конгресси ИМА ҷараёни импичменти Президенти кишвар Доналд Трамп оғоз ёфт. Дар ин бора сарвари Палатаи намояндагон Нэнси Пелоси изҳорот дод. Импичмент чорабинии изҳори нобоварӣ, ҷараёни айбдоркунии судии ходимони давлатӣ, аз ҷумла сарвари давлат, то ба барканор кардани онҳо аз вазифа мебошад.

Дар ин робита ба шаш кумитаи Палатаи намояндагон фармоиш дода шуд, ки масъаларо мавриди тафтиш қарор диҳанд.

Дар таърихи Амрико то ин дам се маротиба ба президентҳо — Эндрю Ҷонсон (1868), Билл Клинтон (1998-1999) ва Ричард Никсон (1974) изҳори нобоварӣ шудааст. Ду нафари аввалро палатаи болоии Конгресс сафед кард. Ричард Никсон бошад, то баргузории «суд» истеъфо дод.

Яъне, импичмент айни ҳол маънии онро надорад, ки Доналд Трамп аз вазифа барканор мешавад, зеро баъди тафтишу хулосабарории Палатаи намояндагон масъаларо палатаи болоӣ, ки аксариятро республикачиён ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

«ТАСС»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»