Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№122 (4072) 12.10.2019

Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Ӯзбекистон воқеаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ гардид

s1200Расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ба ин кишвар ҳамаҷониба инъикос карданд. Аз ҷумла, вакили Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Рузметов дар сомонаи парламенти кишвар дар ин бора андешаронӣ ва сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон воқеаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ кардааст.

- Тоҷикистон ҳамсояи наздиктарини мост ва халқҳои ҳар ду кишварро умумияти  фарҳангӣ, динӣ, расму одат ба ҳам мепайвандад. Солҳои охир, хушбахтона, муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ба зинаи нав ворид гардид. Айни ҳол ҳамкорӣ дар самти иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва дигар соҳаҳо рушду тавсеа ёфтанд. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба дӯстиву ҳамкорӣ миёни ҳамсояҳои наздик, сулҳу суботи минтақа ҳавасманданд ва роҳбарияти олии ҳар ду кишвар дар ин бобат саъю талоши зиёд доранд. Дар ин раванд саҳми парламентҳо низ назаррас аст. Баъди мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раисони Сенат ва Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ созишнома ба имзо расид, ки алоқаҳоро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд, — зикр намудааст Хайрулло Рузметов.

«www.parliament.gov.uz»

Озарбойҷон. Парламент номзадии сарвазири нави мамлакатро тасдиқ кард

 2Вакилони парламенти Озарбойҷон номзадии сарвазири нави мамлакатро тасдиқ намуданд. Ба ин вазифа ёвари Президенти кишвар Алӣ Асадов пешбарӣ гардид. Ӯ дар ин мансаб Навруз Мамедовро иваз хоҳад кард.

 «РИА Новости»

 Парламенти Туркманистон дупалата мешавад

 

3Тавре Агентии иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Турк­манистон иттилоъ медиҳад, парламенти ин кишвар вақтҳои наздик аз ду палата иборат мешавад. Президенти кишвар Гурбонгули Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи Комиссияи конститутсионӣ дар ин бобат ба масъулон супориш дод. Комиссия пешниҳодро омӯхта, барои даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пешниҳод ироа менамояд. Дар раванди ин кор комиссия бо парламент, ҳукумат, вазорату идораҳои дахлдор, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва шаҳрвандон ҳамкорӣ менамояд.

 «РИА Новости»

 Эстония. Пешниҳоди вакилони ҳизби мухолиф қабул нагардид

4Вакилон — аъзои ҳизби мухолифи сотсиал — демократ дар парламенти мамлакат (Рийгикогу) пешниҳод намуданд, ки ба кӯдаконе, ки гузаштагонашон то барқарор гаштани соҳибихтиёрӣ дар ин кишвар зиндагӣ доштанд, ҳуҷҷати шаҳрвандӣ диҳанд. Аммо дар ҷаласаи парламент, ки 8 октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, ба тарафдории лоиҳа 9 нафар овоз дод. 74 вакил пешниҳодро дастгирӣ накард.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат низ ба парламент дар бораи ба таври истисно додани шаҳрвандӣ ба кӯдаконе, ки дар кишвар ба дунё меоянд, пешниҳод ироа гардида буд.

Алҳол аҳолии Эстония ба 1,3 миллион нафар мерасад. Баъди соли 1991 ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, онҳое, ки  ҳуҷҷати шаҳрвандии мамлакатро надоранд, аз бисёр ҳуқуқҳо маҳрум гаштанд. Аз ҷумла, онҳо имкони иштирок дар интихоботи дохили мамлакат, Парламенти Аврупо, референдумҳо ва кор дар муассисаҳои давлатиро надоранд.

 «РИА Новости»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»