Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№123 (4073) 15.10.2019

Мигел Диас – Канел нахустин Президенти Куба интихоб шуд

1Дар ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблеяи миллии ҳокимияти халқии Куба (парламенти якпалатагӣ) интихоби Президенти мамлакат, ки бори аввал доир шуд, баррасӣ гардид. Вакилон Мигел Диас – Канелро ба ин маснади олӣ интихоб намуданд. Вазифаи Президент дар Куба тибқи Конститусияи нави мамлакат, ки аз тариқи референдум моҳи феврали соли ҷорӣ қабул гардид,  таъсис  дода шуд.

Диас – Канел вазифаи раиси Шӯрои давлатӣ ва  Шӯрои вазиронро ба уҳда дошт. Дар ҷаласаи ғайринавбатии парламент Валдес Месаро ноиби Президенти Куба интихоб карданд. Ҳамчунин,  вакилон ба тарафдории дигар роҳбарони  сохторҳои калидии давлат овоз доданд. Раиси Ассамблеяи миллии ҳокимияти халқии Куба (парламент) Эстебан Ласо, ҳамзамон, вазифаи раиси Шӯрои давлатиро иҷро мекунад. Дар давоми се моҳи наздик Президент Диас – Канел Сарвазири нави мамлакатро таъин хоҳад кард.

 «ИНТЕРФАКС»

 Парламенти Венгрия ба сарвазири мамлакат изҳори нобоварӣ кард

5Аксар вакилони парламенти Венгрия ба фаъолияти Сарвазири мамлакат Ференса Дюрчано изҳори нобоварӣ ва пешниҳодро дар бораи таъини Гордон Байнай ҳамчун раиси нави ҳукумат тасдиқ карданд. Барои истеъфои Сарвазири собиқ – сарвари ҳизби ҳукмрони сотсиалистӣ Дюрчано аз 386 вакил 204 нафарашон овоз доданд. Сарвазири навро, ки намояндаи ҳизби иҷтимоӣ мебошад, Иттифоқи демократҳои озод низ дастгирӣ намуданд.

Вақте ки дар парламент масъалаи зикршуда баррасӣ мегардид, дар маркази Будапешт намоиш доир карда шуд. Иштирокчиёни он, ки беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медоданд, талаб намуданд, ки дар мамлакат интихоботи пеш аз муҳлат гузаронида шавад.

 «ИТАР – ТАСС»

  Дар Россия тамокукаширо аз зеҳни кӯдакон дур карданианд

145422234112671808Вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод намуданд, ки дар мактабҳои кишвар дарси махсуси мубориза бар зидди тамокукашии наврасон гузаронида, ба онҳо зарари тамоку фаҳмонида шавад.

- Мақсад аз ин пешниҳод тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасон аст, — гуфтааст муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ҳифзи тандурустӣ Николай Говорин

 РИА «НОВОСТИ»

Оё дар Қирғизистон алифбои лотинӣ ҷорӣ мешавад?

4Вакили парламенти Қирғизис­тон Алтынбек Сулаймонов дар ҷаласаи Жогорку Кенеши пешниҳод кард, ки дар кишвар аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба лотинӣ гузаранд.

- Ин тадбир ба рушди забони қирғизӣ ва омӯзиши забони  англисӣ мусоидат менамояд, — мегӯяд А. Сулаймонов

«AKIpress»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»