Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№11 (3961) 26.01.2019

Иқдоми баҳсбарангез

Бо иқдоми вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Андрей Свинсов лоиҳаи қонун дар бораи маҳдуд кардани фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку таҳия ва пешниҳод гардид.

Агар он дастгирӣ ёбад, минбаъд маҳсулоти зикршуда аз мағозаҳои умумӣ гирифта мешаванд. Дӯстдорони машрубот ва сигор минбаъд ба дӯконҳои махсус муроҷиат хоҳанд кард. Шахсони аз 18 — сола поён наметавонанд ба ин дӯконҳо ворид шаванд.

«Агар наврасону ҷавонон дар мағозаҳои умумӣ чунин маҳсулотро набинанд, таваҷҷуҳи онҳо ба нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку кам мешавад», — шарҳ медиҳад Андрей Свинсов.

Намояндаи мардумӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим хеле фаъол аст. Вай тавассути наворҳои кӯтоҳ зарари машрубот ва тамокуро ба саломатӣ дар интернет ва шабакаҳои телевизионӣ низ тавзеҳ медиҳад.

 Горелкин мехоҳад пиворо тарғиб намоянд

Ин иқдоми намояндаи ҳизби «Россияи ягона» Антон Горелкинро чанд сохтори марбути соҳаи варзиш дастгирӣ, вале Вазорати тандурустии Россия рад кард.

Вакил пешниҳод менамояд, ки шабона аз соати 2300 то 700, ҳангоми намоиши барномаҳои варзишӣ пиво бемаҳдуд реклама карда шавад. Дар Россия аз соли 2012 тарғиби пиво ҳамчун нӯшокии спиртӣ манъ аст. Солҳои 2014, 2017 ва 2018 ба муносибати мусобиқаҳои калони варзишӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол маҳдудият муваққатан — то охири соли 2018 бардошта шуда буд.

Азбаски пешниҳоди аз нав ба роҳ мондани тарғиби пиво дар яке аз ҷаласаҳо боиси баҳси зиёд гардид, қарор шуд, масъала баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо баррасӣ гардад.

Парламенти аз ҳама калон

Маҷлиси умумихитойии намояндагони мардум (Всекитайское собрание народных представителей) — органи олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой бузургтарин парламенти ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Он қариб аз се ҳазор вакил иборат аст. Онҳо намояндагони музофот, ноҳияҳои автономӣ, шаҳрҳо ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошанд. Вакилони Маҷлиси умумихитойии намояндагони мардум (МУНМ) ба муҳлати панҷ сол интихоб мешаванд. Зимни ҳолатҳои фавқулода, агар имкони баргузории интихобот набошад, муҳлати мандати вакилон тамдид мегардад. Дар ин ҳолат Комитети доимии МУНМ қарор қабул мекунад. Ба ҳайати Комитети доимӣ раиси парламент, муовинони ӯ, сардори котибот вориданд ва онҳо наметавонанд дар органҳои давлатӣ, суд ва прокуратура кор кунанд.

Парламентҳои хурдтарин

Иёлоти Фeдеративии Микронезия дар ҷазираи Каролини Океания воқеъ аст, ки беш аз 100 ҳазор аҳолӣ дорад.

Дар он конгресси якпалатагӣ амал мекунад, ки аз 14 вакил иборат аст. Намояндагон ба муҳлати чор сол, чор нафар аз иёлот (штатҳо) ва даҳ вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мегарданд. Онҳо намояндаи ягон ҳизб нестанд, зеро дар кишвар ҳизб вуҷуд надорад.

Дар шаҳри Рейкявики Исландия бинои хурдакаки куҳнаи назарногир дар ихтиёри вакилон қарор дорад, ки соли 1881 бунёд ёфтааст. Дар бораи теъдоди вакилони парламент маълумот дастрас нагардид, аммо тасаввур кунед, ки он бинои хурдакак чӣ қадар аъзои парламент ва ходимони дигарро ҷойгир карда метавонад.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»