Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№120 (3757) 10.10.2017

Маош зиёд мешавад

Дар Федератсияи Россия соли 2018 кормандоне, ки аз буҷет музд мегиранд, то 200 фоизи маоши миёнаи минтақа баланд бардошта мешавад. Дар ин бора зимни баргузории суҳбати гирди миз дар Думаи давлатӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия  Максим Топилин иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ин аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ зимни омодасозии буҷети давлатӣ барои соли оянда буд. Тибқи иттилои вазир, барои баланд бардоштани маоши духтурон, муаллимон, олимон ва дигар кормандон ба минтақаҳо  80 миллиард рубл равона  мегардад.

Нафақахӯрон иловапулӣ мегиранд?

Дар Федератсияи Россия нафақаи сенздаҳум (илова ба нафақапулии ҳармоҳа, ҳар сол моҳи декабр) пардохт мешавад. Агентии иттилоотии «РИА  Новости» хабар медиҳад, ки лоиҳаи қонуни марбута таҳия шудааст. Кумитаҳои Думаи давлатӣ ин ҳуҷҷатро баррасӣ карда, ба Комиссияи сеҷониба оид ба танзими масъалаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ пешниҳод кардаанд. Ба ин комиссия  намояндагони ҳукумат, корфармоёну кормандони иттифоқҳои касаба низ шомиланд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»