Аз наҳзати исломии Тоҷикистон то «Тоҷикистони нав»

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Бо наздик шудани воқеаи муҳими соли 2013, яъне интихоботи президентии дарпешистода дар ҷумҳурӣ созмону ҳизбҳои нав ба нав таъсис меёбанд ва нақшаву нақши худро дар ҷомеа пешниҳоду муайян карданӣ мешаванд, ба монанди ҳизби навтаъсиси «Тоҷикистони нав». Раис ва созмондиҳандагони ҳизби мазкур барои он ки ба саҳифаи таърих ворид гарданд ва ҷову мақом пайдо кунанд, махсусан дар ҳамин сол барои номнавис шудан кӯшиш доранд. То ин дам аз раису пайравонаш дараке набуд.

Баъзе коршиносон бар онанд, ки ин ҳизб масоили сиёсии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва таъсиси як ҳизби нав дар Тоҷикистон падидаи хуб аст. Онҳо мегӯянд, ки таъсиси  ҳизби сиёсӣ, махсусан ҳизбе, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ мекунад, ба фоидаи ҷомеа ва давлат хоҳад буд.

Аксари таҳлилгарон хасакӣ муносибат карда, ин ҳизбро ба бозиҳои сиёсӣ ё ба «ҳизби кисагӣ» иртибот додаанд, ки аз ҳақиқату  воқеият дур аст. Рафтору амали он шабеҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.  Қиёс ҳамбастагии зиёдеро дар онҳо нишон медиҳад. Ҳизби навтаъсиси «Тоҷикистони нав» худро «ҳизби иззату эҳтироми инсон, ҳизби муҳофизи ҳуқуқи башар, ҳизби озодии эътиқоду сухан» муаррифӣ мекунад. Ин садоҳо қаблан аз забони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шунида мешуданд. Наҳзатиҳо низ «ба мардум озодии эътиқоду сухан меоварам» гуфта, тоҷикро қариб озодӣ он сӯ истад, ба нестӣ мекашиданду давлаташро ба нобудӣ.

Зайд Саидов дар як нишаст гуфтааст, ки тарафдоронаш барои тағйири вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ниёз ба таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав»-ро диданд. Бояд ёдовар шуд, ки наҳзатиён ҳам, ки он замон Зайд Саидов дар сафашон қарор дошт (дар солҳои 90-ум), ҳамин гуна ақидаро доштанд. Тоҷикистони ободу озодро дучори буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ дидаву ваъдаи буруновариашро доданд, оқибат ончунон бурунаш карданд, ки барои якумра дар таърихи инсоният ҳамчун саҳифаҳои нангину сангин нақш баст. Шояд ҷаноби Саидов боз ҳамон шеваи баровардан аз буҳронро дар Тоҷикистон такроран амалӣ карданист.

Дар эъломияи «Тоҷикистони нав» омадааст: «Мо дарк мекунем, ки Тоҷикистон ниёз ба ташкили ҳизбе дорад, ки тамоми неруҳои муътадил, созанда ва марказгароро дар худ гирд оварда, онҳоро аз фурӯ рафтан ба ихтилофи сиёсӣ ҳифз намояд». Агар созмондиҳандагони ин ҳизб дарк карда бошанд, ки бисёрҳизбӣ нишонаи рушду такомул аст, хато мекунанд. Зеро дар ҷомеае, ки мухолифати сиёсӣ камтар аст, ҷомеа амнтар аст. Бисёрҳизбӣ бесарусомониро ба вуҷуд меорад. Ва имрӯз касе нагуфтааст, ки ниёз барои таъсиси чунин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Муҳаммад Маҷид