Аз нишастҳои матбуотӣ

№11 (3157) 31.01.2014

Нақшаи Ҷамъоварии андоз барзиёд иҷро гардид

- Сарфи назар аз мушкилиҳо,  нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии он ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, соли 2013 ба андозаи 101 фоиз таъмин гардид ва ба ҷойи 5 миллиарду 752 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 5 миллиарду 809,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, — иттилоъ дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Давлатов.

Номбурда афзуд, ки дар баробари ин бо сабабҳои гуногун 18 шаҳру  ноҳия иҷрои буҷети давлатиро бо назардошти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда натавонистанд. Ғайр аз ин, соли 2013  нақшаи се намуди андоз: андоз аз арзиши иловашуда (99 фоиз), андоз аз фурӯш (89,2 фоиз) ва андози иҷтимоӣ (92 фоиз) иҷро нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 121,9 миллион сомонӣ  ворид нашуд.

Бино ба гуфти Н. Давлатов,  бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати якуми январи соли 2014-ум  882,7 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 241,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Соли 2013 шумораи умумии хоҷагидороне, ки амали бақайдгирии давлатиро гузашта, айни замон фаъолият доранд, нисбат ба соли пеш 16563 адад зиёд шудааст.

Зикр шуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбати фаъолияти 2200 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши андоз гузаронида  шуд, ки дар натиҷа ба маблағи 374 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии  андозҳо  ошкор гардида, аз он  282 млн.  сомониаш ба буҷет ворид карда шудааст.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Сатҳи камбизоатӣ то 35,6 фоиз коҳиш ёфт

Сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як соли гузашта се фоиз коҳиш ёфта, аз 38 ба 35,6 фоиз поён шуд. Музди миёнаи меҳнати кормандон дар ҷумҳурӣ 21,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 682 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 205 ҳазору 333 ҷойи кор таъсис ёфт, ки аз ин 40 фоизаш доимӣ ва боқимонда муваққатию мавсимӣ мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳоло расман 71 ҳазору 168 нафар шаҳрвандони бекор дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Россия, соли гузашта, вуруди 440 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, ки аз ин 90 ҳазор нафарашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Анвар Бобоев иброз дошт, ки соли 2013 аз қаламрави Федератсияи Россия 72 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бозгардонида шуданд, ки минбаъд ба муддати аз 3 то 5 сол ба Федератсияи Россия сафар карда наметавонанд. Мавсуф илова намуд, ки нисбат ба ин масъала ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактубҳои расмӣ ирсол шудааст, то бо муҳоҷирони бозгардонида корҳои омӯзишӣ баранд. Соли 2013 ба шуъбаи қабули Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ҳазору 780 нафар барои дарёфти маълумоти дақиқ оид ба иҷозаи сафар ба Федератсияи Россия муроҷиат карданд, ки ин рақам дар соли 2012 ҳамагӣ 547 нафарро ташкил медод. Танҳо дар ду ҳафтаи моҳи январи соли ҷорӣ ҳамарӯза аз 50 то 100 нафар ба Хадамоти мазкур муроҷиат карданд.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Таъмини зиндагии шоиста ҳадафу мароми мост

Бар асари буҳрони иқтисодии саросарӣ дар бисёр кишварҳои олам корхонаҳо, ҳатто соҳаҳои алоҳида, дучори мушкилоти зиёд шудаанд ва ҷумҳурии мо низ аз ин буҳрон дар канор намонд. Фаъолияти КВД «Ширкати  Алюминийи Тоҷик» ба ин мисол аст. Бинобар арзон шудани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва зараровар будани истеҳсоли алюминий роҳбарияти корхона маҷбур шуд истеҳсоли маҳсулотро кам кунад ва ин ба масъалаҳои зиёд, аз ҷумла ҳиссаҷудокунии пардохтҳои андозӣ ба буҷети шаҳри Турсунзода таъсири ногувор расонид.

Чуноне аз гузориши Табарзода Бобоалии Муродалӣ, раиси шаҳри Турсунзода, маълум шуд, соли гузашта нақшаи воридшавии андозҳо дар қаламрави шаҳр ба буҷети давлатӣ ба андозаи 87 фоиз, ба буҷети маҳаллӣ бошад, 94 фоиз иҷро гардид, ки асосан бинобар вазъи ногувори молиявии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба амал омадааст.

- Сарфи назар аз ин, — иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода, — мо сарчашмаҳои иловагии воридоти маблағро ҳам ба буҷети давлатӣ ва ҳам маҳаллӣ ҷустуҷӯй дорем, то ин ки вазъи ногувори соли гузашта такрор нашавад.

Тӯли соли гузашта дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 3783 ҷойи нави кор таъсис шуд, ки аксараш мавсимӣ буд. Мо кӯшиш бар он дорем, ки соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда ҳар чӣ бештар ҷойи кори доимӣ таъсис диҳем. Аз ҷумла дар корхонаи чинибарории шаҳр ду самти нав ба фаъолият оғоз карда, боиси ба вуҷуд омадани  300 ҷойи кори доимӣ мегардад.

- Кишоварзӣ  соҳаи асосӣ маҳсуб меёбад ва минбаъд ҳам чунин мемонад, — таъкид дошт Табарзода Бобоалии Муродалӣ.

- Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи масъалаҳои стратегии давлат ва Ҳукумат буда, тавассути ривоҷ додани соҳаи агросаноатӣ, яъне ҳар чӣ бештар ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ, мо дар ҳалли ин масъала саҳми муносиб гузошта метавонем.

- Соли оянда шаҳри Турсунзода 80-сола мешавад. Ба ин муносибат аҳли кормандони ташкилоту идора ва корхонаю хоҷагиҳои шаҳр ба ин санаи таърихӣ дастовардҳои муносиб омода мекунанд. Иҷрои нақшаю дурнамо дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, ҳалли муваффақонаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила дастёб шудан дар таъмини зиндагии шоиста аз ҷумлаи ҳадафҳо ва вазифаю мароми ҳар кадом сокини шаҳри мо шуморида шуда, дар амалӣ гардонидани ин ниятҳои хайр бо дасту дили гарм ва содиқона заҳмат хоҳем кашид, — ҷамъбаст кард мулоҳизаҳояшро  раиси шаҳри Турсунзода Табарзода Бобоалии Муродалӣ.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

 «Тоҷикматлубот»: пешравӣ давом дорад

- Тадбирҳои андешидаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  имкон дод, ки нақшаи соли 2013 барзиёд иҷро гардад, — таъкид дошт раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев.

- Ҳаҷми муомилоти чаканаи мол 149 миллион сомониро ташкил намуда, аз рӯйи ҳама намуди андоз ба буҷети мамлакат 38 миллион сомонӣ пардохт гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 6,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои истеҳсолии соҳа дар ин давра ба маблағи 26 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба соли пешин 7 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти консерва назар ба соли гузашта 4 миллион қуттии шартӣ зиёд аст.

Сироҷиддин Валиев ҳамчунон гуфт, ки давоми соли гузашта ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва давлати Ироқ 14 ҳазору 491 тонна сабзавот, меваи хушку тар, полезӣ, лиму, асал ва консерва фиристода  шуд, ки нисбати  соли 2012-ум 6 ҳазору 471 тонна зиёд аст.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар соли сипаригардида барои сохтмону азнавсозӣ  ва таъмиру тармими иншоотҳои соҳа 10 миллиону 811 ҳазор сомонӣ сарф шуда, меҳмонхона  дар ноҳияи Балҷувон, бозор дар деҳаи Унҷии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шаҳристон, сехи забҳи чорво дар ноҳияи Ғончӣ мавриди истифода қарор ёфт. Сохтмони «Маркази савдо» ва бозор дар деҳаи Кадучии  ноҳияи Восеъ дар арафаи анҷомёбист.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баҳри таҳким бахшидан ба рушди маҳсулоттайёркунӣ, вусъати ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва дигар истеҳсолкунандагон ҷиҳати харид ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ намудани  майдони кишти зироат, муҳайё  намудани навъҳои гуногуни хизматрасонӣ дар бозорҳо, сохтмону азнавсозӣ ва таъмири иншооти соҳа ва аз ин ҳисоб зиёд  кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои лозимиро амалӣ менамояд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Истеҳсоли гандум ва картошка аз як миллион тонна гузашт

Дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зикр кард, ки дар соли 2013 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 16 миллиарду 757 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2012-ум 7,6 фоиз  зиёд мебошад. Бино ба гуфти Қосим Қосимов, кишоварзони ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳоро ба 1 миллиону 392,6 ҳазор тонна, картошкаро ба 1 миллиону 115,5 ҳазор тонна, сабзавотро ба 1 миллиону 490,4 ҳазор тонна  расониданд.

Ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди воридоти картошка аз Покистон Қосим Қосимов гуфт, ки ин намуди маҳсулот соли 2012 андаке бештар аз 23 ҳазор тонна ва соли гузашта 1,5 ҳазор тонна ворид шудаасту халос. Бино ба гуфти вазир, нархи картошкаи Покистон нисбатан арзонтар аст, аз ин рӯ мардум онро харидорӣ менамоянд.

Соли 2013 дар майдони 9778 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки 124,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Барои амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ соли гузашта  250  ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз ин ҳисоб 30 сар аспи зоти тоҷикӣ харидорӣ ва ба хоҷагиҳои ба номи С.Сафарови ноҳияи Балҷувон, «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик, Ассотсиатсияи асппарварони ноҳияи Рашт, хоҷагии «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз тақсим шуд.

Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар идома зикр кард, ки зиёд шудани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар  мусоидат намуд. Дар натиҷа, соли сипаришуда содироти сабзавот, лӯбиё, мош, офтобпараст, биринҷ, меваи тар, меваи хушк, харбуза, тарбуз ва каду ба хориҷи кишвар нисбат ба соли 2012 аз 4,9 то 94,6 фоиз афзуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Мақсади асосӣ — баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия

-Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю талош менамояд,- иброз намуд ректори ин таълимгоҳи олӣ Сулаймон Давлатов.

Донишкада дорои ду факултет (Улуми исломӣ ва Филологияи Шарқ) ва нуҳ кафедра (улуми исломӣ, таърихи ислом, улуми Қуръон, забонҳо, забон ва адабиёти араб, педагогика ва психология, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ ва фалсафаи дин) мебошад. Шумораи донишҷӯён 2197 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1535 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 675 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Дар ин таълимгоҳ аз оғози соли таҳсили ҷорӣ ҳафт  ихтисос аз рӯйи зинаи таҳсили бакалавр амал намуда, ихтисосҳои мазкур ба кафедраҳои пешбари факултети «Филологияи Шарқ» ва «Улуми исломӣ» вобаста шудаанд. Соли таҳсили ҷорӣ дар се ихтисос — таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, равоншиносӣ ва улуми Қуръон системаи таълимоти кредитӣ ҷорӣ шуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар донишкада якчанд маҳфилҳо, аз қабили «Ҷамъияти илмии донишҷӯён», «Нури ҳидоят», «Каломи мавзун», «Фақеҳони ҷавон», «Файласуфони ҷавон», «Суханварӣ» ва «Таърихчии ҷавон» мунтазам фаъолият доранд.

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедраи «филологияи араб» дар мавзӯъҳои «Латифаҳо дар забони арабӣ», «Зарбулмасалҳои арабӣ», «Ахлоқи Паёмбар» ва ғайра маҳфилҳо гузарониданд. Теъдоди китобҳое, ки давоми соли 2103 аз ҷониби кормандону муаллимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон  таҳия гардида, ба табъ расид, 13 адад мебошад. Дар назди донишкада гимназия фаъолият мекунад, ки айни ҳол дар он  2245 нафар хонанда таҳсил менамоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 «Тоҷик Эйр» теъдоди хатсайрҳоро зиёд мекунад

Соли ҷорӣ ҷуғрофияи парвозҳои тайёраҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» васеъ мегардад. Дар ин хусус директори ҶСК «Тоҷик Эйр»  Фирӯз Ҳамроев  ба саволи хабарнигорон посух дода, аз ҷумла гуфт, ки тасмим гирифта шудааст, ки хатсайрҳои Душанбе-Гуанджоу-Душанбе, Душанбе-Пекин-Душанбе ва Душанбе- Кобул-Исломобод- Кобул-Душанбе ба роҳ монда шавад.

-То ҷашни Наврӯз нияти ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Ҷиддаро дорем, зеро алҳол теъдоди онҳое, ки аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи умра нияти сафари Маккаи мукаррама доранд, афзоиш меёбад,- хабар дод Ф. Ҳамроев.

Дар доираи барномаи навсозии парки ҳавопаймоӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» дар соли 2013 се ҳавопаймои ғарбӣ –як Боинг-752-200 ва ду Боинг 737-400-ро ба лизинги молиявӣ гирифт ва интиқоли бору мусофиронро дар ин давра тавассути панҷ ҳавопаймои Боинг, ҳавопаймоҳои Ан-26, Ан-28, Ма-60 ва се чархболи Ми-8 МТВ анҷом дод. Дар нимсолаи дуюм бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии ҳавопаймои Ма-60 бо ширкати ҳавоии афғонӣ оиди истифодаи якҷояи ин ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Кобул-Исломобод ба муҳлати як сол қарордод баста шуд.

Дар соли сипаригардида нисбат ба соли 2012 парвозҳо камтар анҷом дода шуд. Нишондиҳандаҳои интиқоли мусофирон низ нисбатан кам аст. Дар хатсайрҳои дохилӣ кам шудани парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ба ин боис гардид.

Ҳаҷми интиқоли бор ва почта бошад, дар соли 2013 афзоиш ёфта, 107, 5 фоизро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, 918,7 тонна бору бағоч ва почта интиқол дода шуд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта мешаванд

- Дар соли 2013 вазорат дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1825 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2065 санади ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ омода намуд. Илова бар ин, вазорат панҷ лоиҳаи қонуни мукаммал ва  15 лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, -гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсаев.

Бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ 48 санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ аз вазоратҳои нақлиёт, маориф, тандурустӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба қайди давлатӣ гирифта, бақайдгирии 183 санади меъёрии ҳуқуқӣ рад карда шуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 15 нафар ҳуқуқшиносон барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, муҳлати  амали иҷозатномаи се нафар адвокати ваколатдор дароз карда шуд. Аризаи панҷ нафар довталабон, бинобар аз нуқтаи назари тахассусӣ ҷавобгӯ набудан, аз ҷониби комиссия рад гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли гузашта 478590 аснод, аз ҷумла 213655 таваллуд, 97471 ақди никоҳ ва 8194 (соли 2012 – 7608) сабти бекоркунии ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни судҳо ҳамагӣ 39594 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, дар маҷмӯъ бо 5549 истеҳсолоти боқимондаи соли пешин 45143 адад ҳуҷҷати иҷроро ташкил дод. Аз он 30695 адад ҳуҷҷати иҷро таъмин карда шуд.

Дар Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо 190 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта, бақайдгирии 121 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ рад карда шуд. Инчунин 11138 шартномаи гарав ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 936 адад зиёд мебошад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

  Фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ташвишовар аст

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 рӯзномаву ҳафтанома, аз ҷумла 86 давлатӣ ва 244 ғайриҳукуматӣ, 181 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ, 53 нашриёт, 279 муассисаи нашриявӣ, 38 мағоза ва нуқтаи фурӯши китоб ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар ин бора вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо мақсади густариши тарғиботи зиддикоррупсионӣ, ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни нашрияҳои даврӣ таҳти унвони «ВАО-муқобили коррупсия» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардидааст, ки он дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мешавад.

Дар нишаст аз фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат, ки ҳанӯз ҷавобгӯй ба талаби замон нест, изҳори таассуф шуд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт сатҳи пасти маълумотнокии кормандон мебошад. Масалан, аз 7092 нафар кормандони соҳа 46,2 фоизи онҳо бо маълумоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла  дар вилояти Хатлон 64,2 фоиз, вилояти Суғд 48,3 фоиз, ВМКБ 39,5 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30,6 фоизи кормандон бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки хеле ташвишовар мебошад.

Ҳолати имрӯзаи бинои муассисаҳои фарҳанг низ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Айни замон дар шаҳру деҳоти вилояти Хатлон — 158, дар вилояти Суғд -125, ВМКБ — 137 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 237 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб мебошанд. Дар вилояти Хатлон бинои 28 муассисаи фарҳангӣ, вилояти Суғд  37 муассисаи фарҳангӣ, ВМКБ 44 муассисаи фарҳангӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бинои 30 муассисаи фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

 Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,  «Садои мардум»

 Пойгоҳҳои обкашӣ фарсудаанд

- Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ аз 749,6 ҳазор гектар замини обӣ бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрии байнихоҷагӣ ва ҳам дохилихоҷагӣ 8500 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд. Мебоист соли 2013 тавассути пойгоҳҳои мазкур 20906 гектар замин обёрӣ карда шавад. Бо сабаби ғайриқаноатбахш будани ҳолати мелиоративӣ 56 ҳазор гектар замин мавриди истифода қарор нагирифт, -  иттилоъ дод дар ин бора директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳасанов.

Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар ихтиёри Агентӣ 396 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки аз ин 35 -тоаш корношоям мебошад. Дар мавриди харидории пойгоҳҳои муосир ва каммасраф то ҳол бо сармоягузорон мувофиқа ҳосил нашудааст. Ҳарчанд ҳамасола теъдоде аз пойгоҳҳо қисман таъмир мешавад, вале ҳолати техникиашон дар ҳолати бад қарор дорад.

Дар нишаст зикр шуд, ки ин пойгоҳҳо аз солҳои панҷоҳум сар карда, то солҳои навадуми асри гузашта ба истифода дода шудаанд ва муҳлати истифодабариашон аз рӯйи нишондиҳандаҳои техникӣ гузаштааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 48 фоизи заминҳои обёришаванда тавассути  пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд.

Бо вуҷуди иҷрои уҳдадориҳо дар қиёс ба солҳои пешин, қарзи умумӣ дар мавриди ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон, бахусус хоҷагиҳои кишоварзӣ, дар назди Агентӣ 229,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»