Ба мо муроҷиат мекунанд

Аз поён ба боло, аз боло ба поён

№124 (3761) 19.10.2017

ва ё чаро шаҳрвандон барои ҳалли мушкилот саргардон мешаванд?

Ҷавоби ин савол маълум аст, яъне масъулони баъзе аз идораю ташкилот ва мақомоти маҳаллӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти мардум ва арзу доди шаҳрвандон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.

Дар натиҷа, ашхоси корафтода рӯзҳо, ҳафтаҳо ва баъзан солу моҳҳо роҳи ҳалли мушкилоташонро пайдо намекунанд, ба идораҳои болотар муроҷиат менамоянд, идораҳои болоӣ барои баррасӣ шикоятномаҳоро боз ба мақомоти маҳаллӣ мефиристанд, ки бештари онҳо бенатиҷа мемонанд. Сипас, умеди охирини худро дар рӯзномаҳо мебинанд, зеро бовар доранд, ки сухани аз тарафи рӯзнома гуфташуда ба масъулон таъсир мерасонад. Вале, маълум мегардад, ки ба баъзе масъулон на сухани рӯзнома таъсир мекунаду на ҳолати шахси корафтода…

Бобои Муҳаммадӣ Юлдошев 9 сол боз ба идораи рӯзнома меояд. Духтари ин кас Мастура Юлдошева бори аввал моҳи сентябри соли 2008 бо аризаи шикоятӣ оид ба баҳси замини наздиҳавлигиаш, ки даҳ сол боз идома меёбад, ба идораи рӯзнома муроҷиат карда буд. Хабарнигори рӯзнома ин масъаларо пайгирӣ кард ва баъди ҳашт моҳи санҷиш таҳти унвони «Моҷарои ҳаштсола ва номаи ҳаштмоҳа» («Садои мардум», 14 апрели соли 2009, №48) мақола ба табъ расид. Аз ҷониби мақомоти дахлдор ҷавобҳо омаданд, мутаассифона, мушкилоти мазкур ҳал нашуд ва то ба ҳол идома дорад.

Моҳи марти соли 2017 Мастура Юлдошева бо ҳамроҳии падараш – бобои Муҳаммадӣ Юлдошеви 90-сола бори дигар оид ба беадолатӣ ва бемасъулиятии Кумитаи идораи замин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, мақомоти судӣ ва дигар ниҳоди марбута бо мактуби шикоятӣ ба рӯзнома муроҷиат карданд. Ин дафъа низ номаи шикоятӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифт ва аз натиҷааш хабарнигори махсуси рӯзнома Муҳаммад Зокир таҳти унвони «Баҳси ҳаждаҳсолаи замин дар Ҳисор» («садои мардум» 8 июли соли 2017, №81 (3718) мақола ба нашр расонд. Аммо, боз сарриштаи ин мушкил пайдо нашуд ва ин баҳс идома дорад.

Дар баробари ин, ҳолатҳое низ мешаванд, ки бо вуҷуди ноҳақ будан, баъзе аз шаҳрвандон идора ба идора гашта, шикоят мекунанд. Ин гунаҳо вақте ба идораи рӯзнома меоянду суҳбат мекунем, тавре аз «мушкилоташон» бо сӯзу гудоз ҳарф мезананд, ки онҳоро бовар накардан ғайриимкон аст.

Масалан, 28 июни соли ҷорӣ мӯйсафеди 90 — сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Эргаш Қарахонов бо роҳбаладии собиқадори ВКД Ҳабибулло Абдураҳимов ба идораи рӯзнома омада, бо сӯзу гудоз арз кард, ки 30 сол боз даводав дорад, вале то ҳол масъалаи нафақааш ҳал нашудааст. Дар маълумотномаи аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ҳоло Балхӣ), ки бо имзои сардори он А. Самиев пешниҳод шудааст, омадааст: «Э. Қарахонов аз соли 1965 то соли 1986 дар иншооти гуногуни гидроэнергетикӣ, аз ҷумла азхудкунии заминҳои водии Вахш кор кардааст». Баъди суҳбат мактуби ӯро таҳти унвони «Навадсолаам, вале нафақа намегирам» (11 июли соли 2017, №82) чоп ва дар ин бора ба Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи идораи рӯзнома мактуб ирсол кардем. Аз ҷавоби вазорат бармеояд, ки бобои Эргаш нафақаи Федератсияи Россияро мегирифтааст. Акнун, ба қавле, ёбеду гиред. Агар чунин аст, бечоранолӣ кардани мӯйсафеди 90- сола чӣ маънӣ дорад? Ё бобои Эргаш мехоҳад, ки аз ду давлат нафақа гирад?

Ба ҳамин монанд, бобои Мурод Лолахонови 74-сола 29 июни соли ҷорӣ бо мактуби шикоятӣ ба идораи рӯзнома омад. Ӯро бодиққат гӯш ва андешаҳояшро ба таври мухтасар дар шумораи 11 июли соли 2017, №82-и рӯзнома бо номи «Дар пирӣ аз дасти фарзандон дар азиятам» чоп кардем. Баъди чанде ҳамсарашон Хайринисо Хамаева, ки аз бобои Мурод 20 сол хурд будааст, «меҳмон»- и рӯзнома шуд. Аз нақли холаи Хайринисо маълум гардид, ки бобои Мурод чандон «мусичаи беайб» набудааст. Роҷеъ ба баҳси оилавии онҳо аз номи прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа, мушовири адлияи дараҷаи 1 Б. Сафарзода низ ба рӯзнома ҷавоб омад, ки ба нашр расид. Дар ин ҷавоб ҳам ваҷҳи пешниҳоднамудаи бобои Мурод тасдиқи худро наёфтаанд.

Масъалаи дигаре, ки қобили зикр аст, ҷавоб ё вокуниши баъзе аз масъулон ба мақолаҳои танқидӣ мебошад, ки аксаран хусусияти худсафедкунӣ доранд. Чунончӣ, дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 15 июни соли 2017, №71(3708) мақолаи хабарнигорамон дар минтақаи Кӯлоб Ёқуби Содиқ таҳти унвони «Муассисаи таъмиру барқарорсозие, ки 4 бел ва як «Тангем»-и вайрона дороӣ дорад» нашр гардид. Дар ин робита мактуби таъкидии идораи рӯзнома ба унвони роҳбарияти муассисаи мазкур фиристода шуд. Вобаста ба ин масъала ҷавоби директори КВД «Таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб» Қурбоналӣ Шарифов ба дасти мо расид, ки онро низ чоп кардем (20.06.2017, №86). Директор баъзе аз маълумоти дар мақола ҷойдоштаро нодуруст гуфтааст, аз ҷумла масъалаи дер маош гирифтани коргаронро. Ин дар ҳолест, ки хабарнигор баъди суҳбат бо коргарону роҳбарони идора (сабти ин суҳбатҳо мавҷуданд) далелҳояшро дар мақола ҷой додааст.

Аслан, баъди чопи ин ё он матлаби таҳлилӣ, проблемавӣ ва ё танқидӣ масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти дигар интизори дархосту номаҳои идора нашуда, худашон бояд нисбати масоили ба онҳо вобаста вокуниш нишон диҳанд ва фикру мулоҳизаҳояшонро баён намоянд. Аммо чунин нест. Бинобар ин, идораи рӯзнома маҷбур мешавад, ки масъулонро тавассути мактуб дар ин бора огоҳ созад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи идораи рӯзнома 12 мактуб ба идораҳои дахлдор ирсол гардидааст. Аз вазорату идораҳо 16 ҷавоб омадааст, ки сари вақт ба нашр расидаанд. Ҳамчунин, дар ин муҳлат аз номи муаллифони беруна 638 мақола ва номаҳои шикоятӣ ворид гардид.

Албатта, аз чопи баъзе мақола ё номаҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд ё дар нашрияҳои дигар чоп шуда буданд, худдорӣ карда шуд.

Пӯшида нест, ки зиндагӣ бе мушкилот намешавад. Бинобар ин, дар маҳалҳо масъулони идораю муассисаҳо бояд бо мардум кор кунанд, арзу додашонро шунаванд ва аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд.

Агар мову шумо дар зиндагӣ росткорию ростқавлӣ, ҳақпарастӣ, адолатпешагӣ, боинсофиро пеша кунем, аз ин рафторамон ҳама манфиат мебардоранд. Пешрафту ободии ҷомеа, оромию тинҷӣ аз фаъолияти ҳар як сокини мамлакат вобастагӣ дорад. Шаҳрвандони муҳтарам низ бояд зимни муроҷиат ба идораҳо масъулият эҳсос кунанд, аз шикоятҳои бемавқеъ худдорӣ намоянд. «Ҳақиқат қад мешавад, вале намешиканад» — мегӯянд. Барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта, ҳамкориҳои барои ҷомеа судманд ва пешрафти Ватани азизамон рӯзномаи «Садои мардум» ҳамеша бо шумост.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор,

муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа