Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Аз Роғун то ба Марғзор

№93 (4043) 01.08.2019

смисмиБаҳри амалисозии ҳадафҳои стратегӣ соҳаи сайёҳӣ таҳрикбахш ба ҳисоб рафта, ҷанбаҳои мухталифи сиёсати давлатиро дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои муосири табиӣ танзим менамояд. Қабул гардидани «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ва татбиқи якчанд санади меъёрии ҳуқуқии соҳа имкон медиҳад, ки рақобатпазирии ин бахш дар кишвар ва минтақа роиҷ гардад.

Шаҳри Роғун яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар маҳсуб ёфта, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 110 километр ҷойгир аст. Бо мақсади ташвиқи соҳаи сайёҳӣ дар он ва муаррифӣ намудани минтақаҳои навтаъсиси сайёҳӣ, чанде пеш аъзои гурӯҳи корӣ аз якчанд мавзеи сайёҳӣ дидан карданд.

ячсЗимни боздиди ҳайат, ки аз ходимони давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иборат буд, маълум гардид, ки қад-қади роҳи деҳаҳои Фаррух-Ғашён барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид аст. Масофаи роҳ аз шаҳри Роғун то деҳаи Фаррух 15 км, Ғашён — 30 , Ёнахш — 38  ва Марғзор беш аз 40 километр аст. Дар ин минтақа алафҳои табиӣ рӯида, 5 чашмаи мусаффо аз қаъри кӯҳ ва талу теппаҳо ҷорӣ мешаванд.  Дар деҳаи Ғашён ду оила истиқомат карда, деҳаро кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ноҳияҳои Балҷувон, Файзобод ва шаҳри Норак иҳота кардаанд. Солҳои пеш дар атрофи деҳаи зикршуда деҳаҳои Хуф, Дараи Шур, Сафедсанглох, Шибари ғариб, Согулӣ, Ёнахш, Марғзор ҷойгир буданд. Бо гузашти айём мардум аз деҳаҳои зикршуда кӯч баста, боғҳои ангур, тут, чормағз, себ, анҷир ва дигар дарахтони мевадиҳанда боқӣ мондааст, ки мусофирон аз меваҳои шаҳдбори он ком ширин мекунанд.

Дар минтақаи Согулӣ табобатгоҳи «Сияҳлояк» то замони истиқлолият машҳур буд. Оби он бениҳоят хунук буда, ба бемориҳои буғумдард, дарди пой, нест кардани намак аз бадан ва пӯст даво аст.

чсмчмМахсусияти деҳаи Ғашён нисбат ба деҳаи Ёнахш дар он аст, ки аз маркази деҳа оби софи чашмасор ҷорӣ шуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, ғаллапарварӣ, картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва чорводорӣ мусоид мебошад. Масофаи роҳ байни мавзеи сайёҳии Ғашён ва Ёнахш 5 километр буда, он зодгоҳи гӯруғлисарои машҳур Ҳикмат Ризо мебошад. Айни замон мардуми деҳа ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Деҳаро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс иҳота кардааст. Истиқоматкунандагони он меҳмонхонаеро бо номи «Сайр» мавриди истифода қарор додаанд, ки аз се утоқи хурди дамгирӣ, ошхона ва ҳаммоми буғӣ иборат мебошад.

Ба ин монанд мавзеи Марғзор аз рӯи имкониятҳои табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду ҳавзи табиӣ мавҷуд буда, аз моҳи май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқ мебошад. Дар қисмати болоии ҳавзҳо дарёчаи мусаффо ҷорӣ аст. Ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ мусоид мебошанд.

Аз суҳбат бо мардуми таҳҷоии деҳаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзор маълум гардид, ки дар онҳо ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ, аз ҷумла, бузи кӯҳӣ, хирс, хук, ҷайра, сангпушти кӯҳӣ, санҷоб, харгӯш, гург, рӯбоҳ, шағол ва дигар ҳашарот маскун буда, минтақаро таваҷҷуҳбарангезтар менамоянд. Дар маҷмӯъ, боздиди гурӯҳи корӣ аз минтақаҳои зикршуда муфид ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, ки дар робита ба масоили зикршуда тадбирандешӣ хоҳад шуд.

Муминшо Хуррамзода, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Роғун, 

Абдулмумин Худойдодов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Роғун