Аз саноату энергетика то саёҳат дар баҳри «Кабуд»

№57 (4007) 21.05.2019

Суҳбат бо раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода

Маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ — иқтисодии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2019

20190129_154501_Film1(1)Мутобиқи маълумот дар семоҳаи аввали соли 2019 нақшаи ҷамъоварии маб­лағи андозҳо 110,7 фоиз иҷро ва ба буҷет ба ҷои 11,9 миллион — 13,5 млн. сомонӣ ворид гардид. Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 1,9 млн. сомонӣ, яъне, 141,1 фоизи нақшаро ташкил дод. Қисми хароҷоти буҷет 94,1 фоиз ё ин ки ба андозаи 10,8 млн. сомонӣ таъмин карда шуд.

Айни замон 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки аз ин ҳисоб 36,7 млн. доллар аз худ карда шуд. Дар доираи иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016 — 2020»  35 лоиҳа ба маблағи 583,4 млн. сомонӣ амалӣ гардид. Тибқи нақша 47 лоиҳаи дигар марҳила ба марҳила амалӣ карда хоҳанд шуд.

 Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 291.2 тонна гӯшт, 440,7 тонна шир, 38,0 тонна сабзавот, 172,1 ҳазор дона тухм истеҳсол ва маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 106,5 фоиз таъмин гардид. Кишоварзон дар майдони 464 гектар — 366 гектар ғалладонагиҳо, 16 гектар зироатҳои техникӣ, 49 гектар зироати хӯроки чорво, 33 гектар сабзавоту картошка ва полезӣ кишт карданд, ки 91.1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Шабакаҳои барқӣ неруи барқро ба маб­лағи 4,5 млн. сомонӣ ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо фурӯхта, 3,3 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 74,8 фоиз баробар аст. Нақшаи ҷамъоварии маблағҳо аз истифодаи неруи барқ дар моҳи март, ҷамъ 88,9 фоиз — аз тарафи аҳолӣ 81 фоиз ва корхонаю муассисаҳо 106,1 фоиз иҷро гардид.

Айни замон дар 38 муассисаи таълимӣ 870 нафар омӯзгор, ки аз ин шумора 628 нафар (72,2%)-ро занон ташкил медиҳанд, ба 14437 нафар хонанда ва 624 нафар тарбиятгирандаи муассисаҳои томактабӣ дарс медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 471 нафар (54,1%) дорои таҳсилоти олӣ, 66 нафар (7,6 %) таҳсилоти олии нопурра, 255 нафар (29,3%)таҳсилоти миёнаи махсус ва 78 нафар (9,0%) таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Дар назди 16 муассисаи таълимӣ дар 25 гурӯҳ бо фарогирии 415 нафар марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо 228 нафар хонандаи болаёқат ба маҳфилҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ даври дуюми озмун барои дарёфти Квотаи президентӣ баргузор гардид, ки аз 131 нафар довталаб 65 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар ин давра 5 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти таълимӣ шаҳодатнома дода шуд.

Дар даври сеюми олимпиадаи фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори 3 медали тилло, 12 нуқра, 35 биринҷӣ ва 8 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ниҳоии олимпиада 5 нафар ширкат варзида, аз фанни химия соҳиби ҷойҳои 2-юм ва 3-юм шуданд.

- Имрӯзҳо дар кишвар ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Дар ин робита иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудаанд?

- Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП — 1059 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июни соли 2018 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» қарори дахлдори раиси шаҳр аз 20 июни соли 2018 ба имзо расида буд, ки ба он аз 13 сентябри соли 2018 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар асоси қарори мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳайати 62 нафар таъсис ёфт ва нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 3 фаслу 89 банд таҳия карда, ба ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳо дастрас гардонда шуд.

Ҷамъ дар давоми се сол сохтмон, таҷдид, азнавсозӣ ва таъмири 179 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Соли равон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо мақсади ба талабот мутобиқ намудани шаҳр 12 истгоҳ дар роҳи марказӣ таҷдиду азнавсозӣ гардид. Аз тарафи корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ таъмиру рангубори 21 бинои баландошёна пурра ба анҷом расид. Инчунин, биноҳои маркази саломатии шаҳрӣ, Назорати хадамоти давлатии оташнишонӣ, терминали «Бурс», шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КДАМ таъмиру азнавсозӣ ва бинои ҶСК «НоракИБОсоз» рангубор ва тирезаҳояш пурра иваз карда шуданд. Ҳоло таъмири дохили бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр босуръат идома дорад.

19 марти соли ҷорӣ иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, биноҳои истиқоматии панҷошёна, ҳафтошёна, толори варзишӣ, майдончаи варзишии кӯдакона (футболбозӣ бо маркази бозиҳои кӯдакона) ва истироҳатгоҳи «Чашма» дар деҳаи Туғмазори деҳоти «Дӯконӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, 20 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми таҷдиди НБО-и «Норак» шурӯъ гардид. Илова бар ин, майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки майдони Нишони давлатӣ аз се қисм иборат буда, бо санги мармар зебу оро ёфтааст. Атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ сабзу хуррам, роҳҳои мошингарди он мумфарш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шудааст.

- Чун шаҳри Норак бо табиати нотакрор яке аз минтақаҳои сайёҳист, бигӯед, ки омодагиҳо ба мавсими нав дар ин самт чӣ гуна аст?

- Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Норак на танҳо тармиму таҷдиди қисматҳои гуногуни неругоҳ амалӣ гардид, балки бунёди даҳҳо муассисаи нави иҷтимоӣ ба анҷом расид. Дар муддати кӯтоҳ Норак симои худро тағйир дода, ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар табдил ёфт.

Хубии кор дар он аст, ки Норак бо ҳама дороӣ — баҳри «Кабуд», оби мусаффо, боду ҳавои муътадил ва табиати зебояш аз пойтахти мамлакат чандон дур нест ва рафтуомад низ тавассути шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб ниҳоят мусоиду қулай аст. Аз ин ҷост, ки он ҷойи мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шудааст.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба нақша гирифтаем, ки бо истифода аз ҳама воситаву имконият деҳоти шаҳрро обод карда, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ бахшем ва бо ин восита барои сокинон ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем.

Дар шаҳр 24 иншооти меъморию таърихӣ, 5 зиёратгоҳ ва 25 оромгоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди мақбараҳои Мавлоно Мирзо Юсуф, Шайх Саид Абдулҳайи Балогардон, Сӯфӣ Зокир, Мири Нодир, Амири Бузург, чашмаи Бибизиёда, НБО-и «Норак», НБО-и «Бойғозӣ», фароғатгоҳи «Пули сангин» аз ҷумлаи зиёратгоҳу тамошогоҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, дар шаҳр як меҳмонхонаи хусусӣ бо 109 ҷой, ду тарабхона, 14 ошхона, 31 нуқтаи хӯроки мавсимӣ ва як қаҳвахона ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Барои сайёҳон минтақаи истироҳатии «Кӯли Комсомол» азнав­созӣ гардид ва дар соҳили дарёи Вахш зиёда аз 51 иншооти истироҳатии таъиноташон гуногун, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» (дар масоҳати 4 га дар деҳаи Тутқавул) сохта, ба истифода дода шуданд.

Оид ба мавзеъҳои таърихӣ, иншооти сайёҳӣ маълумотномаҳо таҳия карда, аз ҷониби кормандони бахши фарҳанг феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ тартиб дода шуд.

Бовар дорам, ки дар муддати се сол деҳаҳои шаҳр симои худро тағйир медиҳанд ва тавассути саъю кӯшиши соҳибкорон, мардуми бонангу номус Норак боз ҳам зеботару дорои инфрасохтори муосир мегардад.

- Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат, ки дар Паёми Президенти кишвар таъкид гардид, чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?

- Воқеан ҳам, масъалаи рушди босуръати соҳаи саноати мамлакат мавриди таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ин ҷост, ки сол то сол бо дарёфти захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои гуногун баҳри саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ андешида мешаванд. Зеро соҳаи саноат баландбардорандаи сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани сафи табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳа дар шаҳри Норак дар арафи Иди Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи «Гидромехсаноат»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж»-ро мавриди истифода қарор гирифт. Он корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ ва дар Тоҷикистон ягона мебошад. Дар он истеҳсоли ҳама намуд дарвоза, аз ҷумла, дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда шуда, 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои амудӣ-фрезерӣ, харротӣ-мурватбурӣ, уфуқӣ-қиргиранда, чорвалкагии гидравликии даврагӣ, тасмабурӣ, вараққаткунӣ, варақросткунанда ва ғайра (бо маб­лағи беш аз 15 миллион сомонӣ) васлу насб шудаанд. Маҳсулоти корхона барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ниҳоят зарур аст. То кунун онҳоро аз Федератсияи Россия ва Украина меоварданд.

Бо бунёди марҳилаҳои дуюму сеюми корхонаи «Гидромехсаноат», дар баробари афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолӣ, шумораи ҷойҳои корӣ низ бештар мегардад. Дар назди корхона коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки занону бонувон дар он ба дӯхти либоси корӣ ва дигар лавозимот барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» машғуланд. Дар ҷойи биноҳои маъмурӣ ва коргоҳи дӯзандагии қаблӣ сохтмони марҳилаҳои ояндаи корхона оғоз хоҳад гардид. Корхонаи «Гидромехсаноат» дар баробари истеҳсоли дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина ин таҷҳизотро бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ васлу насб низ менамояд.

Ҳамчунин, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ — механикӣ»-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт. Иқтидори коргоҳи мазкур, ки бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар як рӯз истеҳсоли 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.

Дар корхона чанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои тунукагӣ ва симтаноб барои кранҳои борбардор истеҳсол мегарданд, ки воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд. Маҳсулоти корхона, асосан, барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун» истифода бурда мешавад. Ҳоло зиёда аз 600 нафар коргару мутахассиси корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиёи Марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар доранд.

Инчунин лозим ба ёдоварист, ки айни замон дар шаҳри Норак 15 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Дар се моҳи аввали соли равон онҳо ба маблағи 552,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,1 фоиз ё ин ки 68,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Неругоҳҳои барқи обии «Норак»-у «Бойғозӣ» ба миқдори 2,8 млрд. кВ/соат неруи барқ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7 млн.кВ/соат зиёд мебошад.

- Таваҷҷуҳ ба муроҷиати шаҳрвандон чӣ гуна аст? Сокинон бештар ба кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

- Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», дар як ҳафта ду рӯз қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад. Арзи мардум ба идораҳое, ки баррасиашон ба салоҳияти онҳо мансуб аст, пешниҳод мешавад. Муовинони раиси шаҳр низ рӯзҳои қабул доранд. Сокинон бештар роҷеъ ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, иҷозатномаи фаъолияти корӣ, таъмин шудан ба манзили зист, расонидани кумаки молиявӣ, дарёфти ҷойи кор ва ғайра муроҷиат мекунанд.

Муроҷиати шаҳрвандонро ба назар гирифта, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр се ярмаркаи ҷойҳои нави кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Барои корҷӯён 353 ҷойи кор ва вазифаҳои озод пешниҳод ва дар натиҷа, 43 нафар ба кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, 199 нафар ҷавону шаҳрванди бекор ба омӯзиши касбҳои дӯзанда, пазандагӣ, асос­ҳои омӯзиши кор дар компютер ҷалб карда шуданд. Барои гирифтани маблағҳои имтиёзнок даҳ нафар ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд, ки ба онҳо 32 ҳазору 120 сомонӣ дар самтҳои хизматрасонӣ, истеҳсолӣ ва чорводорӣ ҷудо карда шудааст.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»