Аз «тасарруф»-и мусофиркашон то хунукназарии масъулон

№122 (4072) 12.10.2019

20191007_104015Ронандагони мошинҳои сабукраве, ки дар терминали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода аккредитатсия шудаанду дар хатсайр­ҳои муайянгардида побанди мусофиркашонӣ ҳастанд, мегӯянд, ки дар баробари дигар пардохтҳои вобаста ба мусофиркашонӣ, боз ҳар ҳафта аз терминал «Роҳхати автомобилии сабукрав» харидорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, ҳар рӯз, қабл аз ба сафар баромадан, масъулони терминал дар варақа муҳри тасдиқкунандаи муоинаи тиббию техникиро мегузоштаанд, ки ин ҳам пулакӣ сурат мегирифтааст. Дар сурати надош­тани чунин роҳхат ва ё бе муҳр ба мусофиркашонӣ машғул шудан кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва шуъбаи Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳр нисбаташон ҷарима таъин мекардааст.

20190913_094250Раҳмоналӣ Азизов, ки дар терминали «Фирӯз» мусофир мекашад, мегӯяд: «Ҳар рӯз шаш сомонӣ ба масъулони терминал маблағ месупорем, ки нисфаш пули чеки терминал ва боқӣ пули роҳхат мебошад».

Мусофирбарони дигар — Шералӣ Шоймардонов ва Абдуқайюм Ғоибов гуфтаҳои ҳамкасбонашонро тасдиқ ва изҳор намуданд, ки барои дастарас кардани роҳхат, ба истиснои пули чек, 2 сомонӣ ба мутасаддиёни терминал месупоранд. Ҳамин тариқ, боз чанд мусофиркаши дигар нархи роҳхатро дар терминали «Фирӯз» аз 2 сомонӣ кам нагуфтанд.

- Гирифтани роҳхат дар асоси супориши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар назди вазорат Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логис­тикӣ» амал менамояд, ки моро барои гирифтани роҳхат маҷбур мекунад ва пул дода мехарем. Маблағи роҳхатҳо ба суратҳисоби Вазорати нақлиёт ворид мешаванд, — мегӯяд Маҳмадносир Замонов, директори ҶДММ «Фирӯз». — Феълан, 400 автомобили мусофиркаш дар қайди ҷамъият мебошанд. Қабл аз роҳхатро гирифтан ронандаҳо аз муоинаи тиббӣ ва мошинҳо аз назорати техникӣ гузаронда мешаванд. Барои иҷрои ин амалиёт мутахассис дорем.

- Дар бораи нархномаи роҳхат ҳаминро бояд гуфт, ки то 1-уми сентябри соли ҷорӣ арзиши давлатии аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқшуда 1 сомонию 14 дирамро ташкил мекард. Ҳоло он ба 1 сомонию 50 дирам баробар гардидааст. 2 сомонӣ аз касе талаб накардаем. Шояд дигар терминалҳо 2 сомонӣ бигиранд, — афзуд ӯ.

Аз ҷоришавии иқдоми роҳхатгирӣ то моҳи сентябри соли равон (қариб ду сол) кормандони ҷамъият ба ҷойи 1 сомонию 14 дирам аз мусофиркашон 2 сомонӣ, яъне, ғайриқонунӣ 0,86 дирам барзиёд, ситонидаанду гӯё ҷаноби Замонов то ба ҳол аз ин амал бехабар будааст. Мақоли хуби халқист: «Даҳони мардумро баста намешавад».

Фармоиши вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таҳти №146 «Дар бораи тасдиқ намудани нархномаи хизматрасониҳои пулакии Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» 7 — уми июни соли 2018 ба тасвиб расидааст. Мутобиқи нархнома, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидааст, ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ дар терминалҳо маблағи муайянро пардохт мекунанд. Вале дар ягон гӯшаи нархнома 2 сомонӣ арзиш доштани роҳхати якрӯза дарҷ нашудааст. Агар шумораи роҳхатҳои аз ҷониби «Фирӯз» ба мусофиркашонаш «фурӯхташуда»-ро дар ин муддат ҳисоб кунем, маблағи барзиёд (0,86 дирам дар назар аст) ё ғайриқонунӣ ситондаи ҷамъият ба даҳҳо ҳазор сомонӣ баробар мешавад. Ягон нафар аз мусофирбарон нархи давлатии роҳхатро намедонад. Аз аввали сентябр, ба андешаи Замонов, нархи роҳхат ба 1 сомонию 50 дирам расидааст, вале мусофиркашон аз ин «тиҷорат»-ҳои «пасипардагӣ»-и ­масъулон бехабар монда, аз болою поин рафтани нарх дар ғафлатанд ва чун ҳамеша ҳар саҳар 2 сомонӣ барои ду муҳр пардохт мекунанд.

Терминали дигаре, ки ба ҷамъоварии пули муфт машғул аст, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯстӣ» мебошад. Он роҳи мошингузари назди бозори марказии шаҳрро ба нуқтаи хизматрасонии мусофирбарӣ табдил додааст ва танзимгаронаш ҳар рӯз аз мусофиркашон 2 сомонӣ пули чек мегиранд.

Қобилҷон Абдуқодиров, танзимгари терминали зикршуда, ки дар ин минтақа ба пулҷамъкунӣ муваззаф шудааст, мегӯяд: «Ҳар мусофирбаре, ки дар ин ҷо меистаду мусофир мебарад, 2 сомонӣ маблағи чек аз ӯ гирифта, ба ҷамъият месупорам».

Терминали «Дӯстӣ» наздисарҳадӣ буда, берун аз шаҳр қарор дорад. Таксиронҳое, ки дар роҳи бозор меистанду мусофир мекашанд, аъзои ҷамъияти номбурдаанд. Назири дигар терминалҳо он ҳам ба ивази 2 сомонӣ роҳхат медиҳад. Аммо, кӣ ба мутасаддиёни «Дӯстӣ» иҷозат додааст, ки роҳи мошингузари давлатиро ба манбаи даромад мубаддал кунанд?

- Феълан, дар шаҳри Турсунзода чаҳор терминал — «Дӯстӣ», «Фирӯз», «Ваҳдат» ва «Ҳоҷӣ Файзуллохон + Р» амал мекунанд. Дар маҷмӯъ, 1566 нақлиёти мусофиркаш дар онҳо ба қайд гирифта шудааст. Назди бозор терминал нест, балки мусофирбарон дар он ҷо ҳамчун нуқтаи таваққуфӣ, муваққатан, як саф истода, ба мардум хизмат мерасонанд. Ғайри мошинҳои мусофирбар истодани дигар нақлиёти шахсӣ мамнӯъ мебошад. Аломати роҳ ҳам насб шудааст. Пули чек гирифтан аз мусофиркашоне, ки дар ин роҳ меистад, манъ аст, — мегӯяд Саидамир Пираков, сардори шуъбаи Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Турсунзода.

Танҳо дар ҳудуди бозори марказӣ мусофиркашони се терминал — «Ҳоҷӣ Файзуллохон+ Р», «Фирӯз» ва «Дӯстӣ» хизматрасонӣ мекунанд. Терминали «Ҳоҷӣ Файзуллохон+ Р» дар дохили бозори шахсӣ, ки дар канори бозори марказӣ ҷойгир аст, фаъолият дорад.Доир ба бетартибии нақлиётӣ дар ин терминал кас ҳарфи гуфтан намеёбад. Масъулони ҷамъият масоҳати на чандон васеъро ба бозору терминалу таваққуфгоҳ табдил додаанд. Мусофиркашони «Дӯстӣ» бошанд, дар ду қатори роҳ таваққуф карда, монеи гузаштани дигар нақлиёт гардида, ҳар замон танбашавиро ба миён меоранд. Мутаассифона, дар ин макони бенизому танзимталаб, лоақал як корманди Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дида намешавад. Ин дар ҳолест, ки низом, тартибот ва назорати доимии самти нақлиёти мусофиркашонӣ, аз нархи роҳкиро то хатсайр, аз пули роҳхат то маблағи чеки онҳо вазифаю уҳдадории асосии хадамоти мазкур мебошад. Бо чунин саҳлангорӣ ва бетаваҷҷуҳию беамалии масъулон оё метавон ба ин ҳама мушкил нуқта гузошт?

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»