Номаи бетаҳрир

Аз вайронии роҳ азоб мекашем

№11 (4117) 21.01.2020

IMG_20200115_084752Мо — сокинони деҳаҳои Баҳор, Наврӯз ва ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон солҳои зиёд аст, ки аз вайронии роҳ азоб мекашем. Соли 1991 бо мақсади мумфарш кардани роҳи деҳаҳои мазкур сангрезиро шурӯъ ва онҳоро андак тахту ҳамвор карданд. Мутаассифона, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ кор қатъ гардид. Аз маркази ноҳияи Хуросон то деҳаи Имоми Аъзами деҳоти «Фахробод» роҳ то андозае мумфарш аст. Аз самти Фахробод то мавзеи Ёзӣ низ роҳ сангфаршу мумфарш шудааст,  вале дар байн 8 километр роҳ вайрону валангор боқӣ мондааст.

Сокинони деҳаҳои зикршуда асосан лалмикоранду даромади зиёд надоранд, ки бо қувваи худ роҳро таъмир намоянд. Барои сокинони ин деҳаҳо, махсусан, аз тирамоҳ то тобистон, бинобар лой будан аз ин роҳ гузаштан хеле мушкил аст. Агар ягон кас бемор шавад, барои то беморхонаи маркази ноҳия бурданаш азоби зиёд мекашем.

IMG_20200115_085830Мушкили дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани  симчӯбҳо мебошад. Бо вазидани шамоли сахт аз эҳтимол дур нест, ки садҳо хонавода аз неруи барқ маҳрум гарданд.

Пешвои миллат солҳои 2019 — 2021- ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар доираи он ҳар рӯз аз телевизион мебинем, ки дар мамлакат роҳу  иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Хуб мешуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ё хориҷӣ роҳи деҳаҳои дурдасти моро мумфарш карда, орзуи чандинсолаи сокинони деҳоти «Фахробод»-ро ҷомаи амал мепӯшид.

Т. Фармонов, И. ҲайитмуҳаммадовА. Самадов, Ш. Ҷабборов ва дигар сокинони деҳаҳои Баҳор, Наврӯз ва ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон