Зан ва ҷомеа

Азми қавӣ занонро тавоно намуд

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ташкилоту созмонҳои гуногуни ҷамъиятии маҳалливу байналмилалӣ шароити заруриро пешбинӣ намудааст, зеро ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд дар расидан ба ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ мусоидат намуда, афкори ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул диҳанд.

Филиали Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ташкилотҳое мебошад, ки фаъолияташро барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманд, хусусан занон, ба роҳ монда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳмгузор аст. Аз маълумотҳое, ки доир ба ин ташкилот дастрас намудем, бармеояд, ки филиали Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан амалҳои хайрхоҳонаро дар доираи принсипи инсондӯстӣ иҷро намуда, сатҳи зиндагии садҳо нафарро беҳбудӣ бахшидааст.

Яке аз лоиҳаҳои ташкилоти мазкур, ки ҳаёти занҳои якчанд деҳотро ба куллӣ тағйир додааст, -«Тавоноӣ ва дороии зан» мебошад, ки дар амалигардонии ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби  занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015»  саҳм гузошта метавонад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ шуда, аз моҳи январи соли 2012 дар 17 ноҳияи вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав амал менамояд. Тавре дар суҳбат бо мо ҳамоҳангсози лоиҳаи фавқуззикр Низорамоҳ Зарипова иброз дошт, мақсади ин лоиҳа тавоно ва доро намудани занон дар ноҳияҳои  мавриди назар бо роҳи ҷалби онҳо дар гурӯҳҳои мустақил барои якҷоя амал намудан ва ноил шудан ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат намудан ба баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Масалан, бо ибтикори ташкилоти  номбурда дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ  2881 гурӯҳ ташкил шуда, 44979 нафар занро, сарфи назар аз миллат, сатҳи савод, вазъи оилавӣ, синну сол ва ҳолати иҷтимоӣ муттаҳид намудааст, ки дар корҳои зиёди ободкориву созандагӣ ва хайриявӣ саҳм гузоштаанд. Аз маълумотҳое, ки дар маҷмӯаи «Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст» дарҷ гардидаанд, бармеояд, ки занҳо метавонанд якҷоя ба муваффақиятҳои зиёд ноил гарданд. Муътақид гардидем, ки занҳо ҳама вақт бо кушиши зиёд корҳои бузургеро анҷом дода, баробари мардҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар нақш  дошта метавонанд.

Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳоро барои ташкили гурӯҳ ва якҷоя фаъолият намудан ташвиқ менамояд, зеро инсон якҷоя қудратманд шуда, иҷро намудани нақшаҳояш осонтар мегардад. Тавре дар маҷмӯаи зикршуда омадааст, барои муваффақ шудан ба коре  иродаи устувору азми қавӣ метавонад нақш дошта бошад. Дар ин сурат бо камтарин маблағ низ метавон корҳои бузургро ба сомон расонд.

Барои мисол, дар ин маҷмӯа, аз ҷумла чунин зикр шудааст: «Ту аллакай маблағ дорӣ. Ин метавонад 1 дирам, 5 дирам ва ё 20 дирам бошад. Аз он сабабе, ки 20 дирам барои ту маблағи хеле ночиз аст, ту дар бораи он ҳеҷ фикр ҳам намекунӣ ва ба осонӣ онро ба тифлат ва ё ба ягон гадо дар кӯча садақа дода метавонӣ. Ба ин маблағ танҳо метавонӣ як қанди хурд ва ё шамъ харидорӣ намуд.

Пас ин маблағи ночизро ҳар рӯз дар як ҷой гузор, ки барои ту он қадар арзиш надорад. Онро ба касе надеҳ ва ё харҷ накун. Дар охири моҳ ту соҳиби як сомонӣ мешавӣ. Агар ба як сомонии ту як сомонии ҳамсоя зам шавад,  он ду сомонӣ мешавад. Тамоми занҳое, ки ба гурӯҳ ворид мешаванд, ҳар моҳ як сомонӣ ба хазина ворид месозанд. Агар аъзои гурӯҳи шумо 20 нафар занон бошанд, дар охири ҳар як моҳ шумо соҳиби бист сомонӣ мегардед. Вақте ки шумо соҳиби 100 сомонӣ гардидед, он моли шумо аст. Моҳи гузашта, ки шумо соҳиби 100 сомонӣ гардидед, бо он чӣ кор кардед? Шумо метавонед онҳоро чӣ тавре ки хоҳед, сарф кунед. Ин маблағи шумо аст. Шумо метавонед оид ба сарф ва ё захира кардани он қарор қабул намоед».

Аз суханони Низорамо Зарипова маълум гардид, ки ташкилот оид ба ташкили гурӯҳ ва корбарии он бо занон маълумоти  муфассал дода, тарзи истифодаи маблағро низ тавсия менамояд. Дар натиҷа, чандин гурӯҳҳо ташкил гардида, фаъолияти пурсамар бурда истодаанд. Масалан, Мелихол Қараева ном зан аз Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон тавонистааст якҷоя бо гурӯҳаш дигаргуниҳои зиёдеро дар деҳааш рӯйи кор орад. Номбурда бо аъзои гурӯҳи худ хизматрасонии тиббиро беҳтар намуда, дар байни занҳо тиҷорати хурд ва соҳибкориро ривоҷ додааст.  Инчунин ба саводомӯзӣ ва соҳибмаълумот гардидани духтарон  мусоидат намуда, барои солимии модарону кӯдакон низ кӯшишҳо кардааст.  Гурӯҳи занҳое, ки М.Қараева ташкил кардааст, соли 2009 бо филиали Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро оғоз намуда буд.  Занони дигари деҳа муваффақиятҳои гурӯҳи мазкурро дида,  280 нафар ҷамъ шуда, бо кумаки М.Қараева нуҳ гурӯҳ ташкил намудаанд. Бо кумаки ин гурӯҳҳо бунгоҳи тиббии деҳаашон соҳиби яхдон ва дигар ашёҳои зарурӣ шудааст. Ғайр аз ин, гурӯҳ барои ба донишгоҳҳо дохил шудани 15 нафар духтарони маҳаллӣ кумаки амалӣ расонидааст.  Бо ташаббуси бевоситаи гурӯҳи М.Қараева, бо мақсади паст кардани хатари офати табиӣ ҷӯйбори деҳа пурра тоза карда шуд. Ин кор бо ҷудо кардани 2000 сомонӣ маблағ аз тарафи занҳо барои киро кардани техникаи зарурӣ сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 380 метр ҷӯйбор тоза гардид.

Ҳамин гуна якчанд гурӯҳи дигаре, ки дар доираи барномаи «Тавоноӣ ва дороии зан» дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Балҷувон, Шӯрообод, Ҷиликӯл, Хуросон, Вахш ва Қумсангир ташкил шудаанд, бо кору пайкори ибратомӯзи худ нишон додаанд, ки якҷоя ҳамеша муваффақ шудан имконпазир аст. Занҳо бо маблағи ҷамъкардаашон бунгоҳҳои тиббӣ ташкил намуда, дар ташкили тиҷорат ба занони камбизоат кумак кардаанд. Масалан, гурӯҳи «Мавҷигул»-и Ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шӯрообод аз 20 нафар иборат буда, ҳар моҳ сари ҳар нафар панҷ сомонӣ ҷамъ менамоянд. Ҳангоме ки дар деҳа тӯйи дастаҷамъонаи фарзандони оилаҳои камбизоатро ташкил карданд, гурӯҳи «Мавҷигул»  дар харидани сару либос ва бозичаҳои бачаҳо саҳм гузоштааст. Ғайр аз ин, бо ташаббуси бевоситаи аъзои гурӯҳ хатти оби нӯшокии деҳа, ки корношоям шуда буд, барқарор гардид. Гурӯҳи занҳо барои ин кор на танҳо маблағгузорӣ намуданд, балки шавҳару писаронашонро низ ба ин кори савоб сафарбар намуданд, ки дар натиҷа мардуми дигар ҳам ба ёрӣ омаданд.

Низорамо Зарипова муътақид аст, ки лоиҳаи «Тавоноӣ ва дороии зан» зиндагии шаҳрвандонро беҳбудӣ бахшидааст. Масалан, дар як вохӯрӣ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» занҳои ноҳияи Шӯрообод чунин изҳор доштаанд: «Мо дар зиндагӣ худро танҳо ҳис мекардем, аз ташвишҳои зиндагиамон намехостем ба дигарон сухан гӯем, аз он шарм мекардем, ки камбудӣ дорем. Гумон мекардем, ки аҳволи зани ҳамсоя беҳтар аст. Баъди сарҷамъ шудан фаҳмидем, ки ҳамаи мо мушкилот дорем ва пайи ҳал намудани онҳо шудем».

- Қобили зикр аст, ки гурӯҳҳои ташкилнамудаи занҳо дар баробари саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин тавонистанд ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, ҳунари пазандагӣ ва сабадбофиро эҳё намуда, сатҳи зиндагиашонро беҳтар намоянд, — гуфт дар фарҷом Низорамо Зарипова.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»