Ба ифтихори 74-солагии Иди Ғалаба

№52 (4002) 09.05.2019

ывфывфывЧанде пеш дар варзишгоҳи «Формула-К»-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори ширкати «Роҳи Сомон Нафт» ва ҳамдастии Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Кумитаи мададгори мудофиаи вилоят мусобиқаи кушоди картингронӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарони синну соли гуногун иштирок карданд.

Раиси Кумитаи мададгори мудофиаи вилоят полковник Акбар Ғанихоҷаев,  раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён Амонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримов ва роҳбари Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» Исмоилҷон Носиров зимни ифтитоҳи мусобиқа аҳамияти баргузор намудани чорабиниҳои варзиширо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Сипас, 15 нафар картингрон барои гирифтани мақомҳои шоиста қувваозмоӣ карданд.

Ҳамин тариқ картингронони бомаҳорат Раҳим Маҳмудов, Манучеҳр Сангинов, Азимҷон Ғаффоров дар гурӯҳи «Пионер», Абдураҳим Юлбарсов, Фахриддин Нурматов ва Носирҷон Почоев дар гурӯҳи «Миллӣ», Акмал Нурматов, Равшан Маҳмудов, Ботур Нурматов дар гурӯҳи «KZ»  ғолиб дониста, бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, баҳри иштироки фаъолона дар баргузор намудани мусобиқа собиқадорони варзиши картингронӣ Ҳафиз Сайфуллоев, Афзалшоҳ Мирзоев ва Қурбон Каримов бо сипосномаҳои Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

М. Мақсудов«Садои мардум»