Аз рӯзгори вакилони халқ

Ба меҳнат зинда бувад номи мард

№53 (3847) 01.05.2018

ЗафарободБа шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар арҷгузорӣ ва гиромидошти наслҳои калонсол, бахусус онҳое, ки барои шукуфоии Ватан  ва рушду равнақи ҷомеа саҳми сазовор гузоштаанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро ба қавли Сарвари давлат, «Таҷрибаи ветеранҳои муҳтарам, зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан барои наслҳои ҷавони кишвар дар сохт­мони як ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст».

Аз ин лиҳоз, Давлату Ҳукумати мамлакат пайвас­та нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамоянд.

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо ибтикори Шӯрои ветеранҳо ва дастгирии ҳокимияти маҳаллии ноҳия 80-солагии яке аз фотеҳони Мирзочӯли тоҷик, сохтмончии варзида, ду даъват депутати Шӯрои Олии ИҶШС (СССР), Айваз Ҳалимов ботантана таҷлил гардид. Раиси ноҳия Раҷаб Ашӯрзода ҳозиринро бо  рӯзгори марди заҳматпеша шинос намуда, кору пайкор ва зиндагиномаи Айваз Ҳалимовро бо бунёд, рушду нумӯъ ва сарсабзиҳои ноҳияи Зафаробод тавъам шуморид ва таърихи зиндаи Мирзочӯли тоҷик ва ноҳия ном бурд.

Меҳмонон, дӯстон ва наздикони соҳибҷашн, аз ҷумла, муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ М. Муродзода, собиқадори соҳаи сохтмон Ворис Ҷӯраев, омӯзгор ва адиби шинохта Нуридини Муҳиддин ва дигарон ба роҳи тайкардаи Айваз Ҳалимовро барои насли имрӯз намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва дастпарварони кӯдакистони «Офтобак» дар ҳаққи соҳибҷашн шеър хонданд.

Дар фарҷом соҳибҷашн барои зиндагии обод ва қадршиносиву дастгирии собиқадорон ба Сарвари давлат изҳори сипос карда, дуои хайр дод.

- Зафаробод яке аз ҷавонтарин ноҳияҳои кишвар аст, ки таърихи 53 — сола дорад. Дар охири солҳои панҷоҳум ва ибтидои солҳои шас­туми қарни гузашта дар Мирзочӯли тоҷик азхудкунии заминҳои навкорам оғоз гардид. Садҳо нафар, махсусан ҷавонон ин хабарро шунида, бо амри дилу виҷдон бо роҳхати кумитаи комсомол роҳ сӯи он пеш гирифтанд. Аз ҷумла, Айваз Ҳалимови он ҳангом 22 — сола 12 июли соли 1960 ба Мирзочӯл омада, фаъолияти меҳнатиро ба сифати андовагари Идораи сохтмону васлкунии №22-и трести «Тоҷикселинстрой» оғоз намуда, минбаъд он маконро макони зисти доимӣ худ қарор дод.

40 соли умри пурбаракатро ба идораҳои сохтмону васлкунии №22 ва 24 бахшида, дар бунёди аксар иншооти хоҷагии халқи ноҳия: пойгоҳҳои муқтадири обкашӣ, каналҳои обрасонӣ, шаҳракҳои хуштарҳи замонавӣ, биною иншоот, манзилҳо, хоҷагиҳои пахтакор саҳми назаррас гузошт. Ӯ ба сифати андовагар, бетонрез ва сардори бригада пурсамар заҳмат кашида, нақшаҳоро ҳамеша якуним-ду баробар иҷро мекард.

Маҳз тавассути заҳмати Айваз Ҳалимов ва фидоиёни саҳрои доманфарохи Мирзочӯл корҳои азхудкунии заминҳо, сохтмони иншооти муҳими хоҷагии ҳалқ боҷадал ва бобарор идома ёфта, 25 декабри соли 1965-ум бо Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Зафаробод ташкил ёфт.

Инчунин, Айваз Ҳалимов ду маротиба (солҳои 1966-1970 ва 1970-1974) дар ҳавзаи интихоботии «Ғончӣ», №359 оид ба интихоботи Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС, депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардида, ба халқу Ватан хизмати арзанда кард. Ҳамчун интихобкардаи халқ мушкилоти ноҳияи Зафарободро то роҳбарияти вазоратҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, Саридораи «Средазирсовхозстрой» расонида, баҳри ҳалли онҳо пайваста кӯшиш мекард. Чунончӣ, солҳои 1972-1973 ба роҳбарияти заводҳои шаҳрҳои Свердловск, Харков, Лвов, Ивано-Франковск ва Запороже оид ба бунёди якчанд пойгоҳи иловагӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои «Ленинобод» ва «40-солагии Тоҷикистон» муроҷиат намуда, муваффақ  гардид.

Маҳз бо ташаббуси Айваз Ҳалимов солҳои 1968-1974 аз ҷониби Вазорати маорифи ИҶШС ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон сохтмони бинои мактабҳои миёнаи №1, 2, 5, 6, бинои беморхонаи марказӣ, қасрҳои фарҳангӣ дар шаҳракҳои Зафаробод ва Меҳнатобод, канали Қизилӣ (ҳоло Лолазор) сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамчун депутати Шӯрои Олии ИҶШС Айваз Ҳалимов дар иҷрои хоҳишу  талаби интихобкунандагон низ кӯшишу ғайрати беҳамто нишон дода, оид ба ҳалли мушкилот хизмати арзанда кардааст. Бо ташаббуси ӯ дар шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони манзил, роҳҳои дохилии шаҳраку деҳот ва байни хоҷагиҳо, хизмат­расонии тиббӣ, нақлиёт, савдо, хизмати маишӣ ва алоқа вусъат ёфт.

Имрӯз ҳам Айваз Ҳалимов, новобаста аз синну сол дар корҳои ҷамъиятӣ, махсусан тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқу одоби нек саҳми муносиб мегузорад. Хизматҳои ӯро дар тарбияи насли наврас қадршиносӣ намуда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2015 Айваз Ҳалимовро ба зиёрати хонаи Худо фиристоданд.

Инсони наҷиб, хоксору фурӯтан Айваз Ҳалимов 8 фарзанди баркамол, 32 набера ва 18 абераро тарбият карда, ба онҳо дарси матонату ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хулқу атвори ҳамида омӯзонид.

Хизматҳои ӯ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат», грамотаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонҳои ифтихории ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ қадр шудааст.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»