Баҳрабардорӣ аз конҳои маъдан яке аз сарчашмаҳои афзун гардондани буҷет ба ҳисоб меравад,

№150 (3630) 07.12.2016

10022331- мегӯяд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷошбаев

- Соли равон 25-солагии соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил гардид. Мардуми ноҳия дар ин давра ба чӣ пешравиҳо ноил шуданд?

- Сокинони ноҳия ташрифи нахус­тини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Мурғоб хуб дар ёд доранд.

Бинобар бад будани вазъи боду ҳаво бо исрори Сарвари давлат чархбол дар деҳаи Аличур фуруд омад. Дар он ҳавои сард Президент бештар аз 100 километр роҳро бо автомашинаи сокини маҳаллӣ тай намуда, ба маркази ноҳия омад. Ӯ бо худ пайғоми сулҳу созандагӣ овард. Бо истиқрори сулҳ шароити иқтисодиву иҷтимоии сокинон куллан беҳтар шуда, симои маркази ноҳия бо бунёди биноҳои дуошёнаи маъмурӣ, фарҳангу маориф ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт.

Соҳибкорони маҳаллӣ низ дар ободонии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд. Бо ибтикори онҳо дар маркази ноҳия бозори васеъ сохта шуд. Нуқтаҳои тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ, ки ба қонеъ намудани талаботи сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон нигаронида шудаанд, афзоиш ёфтанд. Меҳмонони дохилу хориҷи кишвар акнун метавонанд аз ин воситаҳо истифода баранд. Ислоҳот ба рушди соҳаи кишоварзӣи низ такони ҷиддӣ бахшид. Даҳсолаи охир шумораи чорво зиёд шуд. Фақат саршумори қутос ба 24 ҳазор сар расид.

Фаъол гардидани гузаргоҳи марзии Қулма ва тавсеаи тиҷорати байналмилалӣ низ ба беҳбудии иҷтимоиву иқтисодии сокинони минтақа ва кишварамон мусоидат намуд. Мардуми ноҳия ҳамаи ин пешравиҳоро аз дастгирию ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

- Имсол ба таъсисёбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 90 сол пур шуд. Шумо аз кадом шахсиятҳо ёдовар шудан мехостед, ки дар рушди ноҳия ва вилоят саҳм гузоштаанд?

- Дар дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии сокинони вилоят, бешубҳа, саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур калон аст. Сокинони Мурғоб ва вилоят номи яке аз барпокунандагони Ҳокимияти Шӯро дар Помир Қосум Бердибековро низ боифтихор ва некӣ ба забон меоранд.

Қосум Бердибеков ба ҳайси узви Кумитаи инқилобӣ дар таъсиси сохторҳои давлатӣ дар ноҳия саҳми босазо гузошт. Мутаассифона, соли 1938 дар синни 41 қурбони айбдоркунии беасос гардид. Пайкараи ин фарзанди ҷонфидои халқ айни ҳол майдони Ваҳдати шаҳри Хоруғро оро медиҳад ва мактаби деҳаи Башгумбези ноҳия ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ходимони сиёсӣ ва давлатӣ, ба мисли депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Орозо Исманов, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорбай Таштанов чеҳраҳои шинохта дар вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Аз насли ҷавонтаре, ки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва вилоят нақши босазо гузоштанд, метавон Адилбек Атабаев, Гожо Бердибаев ва Идрис Шаҷановро ном бурд.

- Дар ноҳия тоҷикону қирғизҳо зиндагӣ доранд, ки намунаи дӯстию бародарӣ ва ибрати ҳамзистии осоишта мебошад…

- Эҳтиром ба ин анъана ва гиромӣ доштани он, аз назари ман, сабаби асосие мебошад, ки қирғизҳо ва тоҷикон дар рӯҳияи дӯстиву бародарии ҷовидон зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳия 15 ҳазор нафар сукунат доранд, ки 20 дар садаш тоҷиконанд. Қирғизҳо ва тоҷикон дар маросимҳои миллӣ шарики ҳамдигаранд, онҳоро пос медоранд ва эҳтиром мекунанд.

- Чанде пеш Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардид…

- Барнома рушди ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро фаро гирифта, ба андозаи 210 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мешавад. Ин собит месозад, ки минтақаҳои кӯҳистон, минҷумла ноҳияи Мурғоб зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Бояд гуфт, ки ноҳия заминаи устувори кишоварзӣ дошта, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти чорво агар аз як тараф, даромаднокии аҳолиро афзоиш диҳад, аз cӯи дигар ҷойи маҳсулоти бесифати воридотиро дар бозор мегиранд. Баҳрабардорӣ аз конҳои нодири маъданҳо дар ноҳия бо ҷалби сармояи дохил ва хориҷӣ яке аз сарчашмаҳои дигари афзун гардонидани буҷети ноҳия ва ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Имсол дар пойгоҳи нодири биологии Чечекте, ки солҳои чилуми қарни гузашта сохта шудааст, олимони тоҷик тадқиқоти набототшиносӣ ва геологиро идома дода, ҷавонони маҳалро ба кор ҷалб намуданд. Корҳои тадқиқотӣ дар пойгоҳҳои омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар маҳали Акархар ва расадхонаи Шурбулоқ низ вусъат ёфта, сохтмони НБО-и «Оқсу-2», ки санги асоси онро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд, дигаргуниҳои куллиро дар ноҳия ба вуҷуд меорад.

 Мусоҳиб Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»