Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳром Иноятзода: «Дар Истаравшан 420 иншоот сохта мешавад»

№5 (3955) 12.01.2019

ИстаравшанАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ­Маҷмааи фарҳангиву меъмории «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан иброз доштанд: «Қобили таъкид ва таҳсин аст, ки тоҷикон аз дергоҳи таърих чун миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву офаранда ва заҳматпешаву ободгар эътироф шудаанд ва ҳамин фазилати нодири халқи шарафмандамон аст, ки мардуми мо ҳар як санаву ҷашни милливу давлатиро бо дас­товези арзанда истиқбол мегиранд».

Исботи ин гуфтаи Сарвари давлат дар мамлакат ривоҷу равнақ гирифтани бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон аст.

Бино ба гуфти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода, бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи генералии Истаравшан соли гузашта 112 иншооти гуногуни маданӣ, маишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, истиқоматӣ ва истеҳсолӣ бунёд шуд. Илова бар ин, дар маркази шаҳр кӯчонидани шаҳрвандон ва аз байн бурдани 3 хонаи истиқоматӣ ба охир расида ва ба ҷойи онҳо сохт­мони 4 бинои истиқоматии бисёрошёна, бинои истиқоматии 7 — ошёна бо Маркази фароғатӣ — тиҷоратӣ дар деҳоти «Зарҳалол», бинои истиқоматии 7 — ошёна бо нуқтаи хизматрасонӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, меҳмонхонаи замонавӣ иборат аз 13 ошёна дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, ­маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи абрешим» иборат аз 16 ошёна бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон оғоз гардид.

- Минбаъд дар маркази шаҳр сохтмони бино ва иншооти якошёнаро манъ менамоем ва тасмим гириф­тем, ки сохт­мони биноҳои истиқомативу ҷамъиятии бис­ёрошёнаро васеъ ба роҳ монем, — афзуд Баҳром Иноятзода.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон дар шаҳру деҳоти Истаравшан бунёди 11 корхонаи истеҳсолӣ, 6 коргоҳи дӯзандагӣ, 43 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, 17 боғчаи бачагона, 4 беморхона, таъмиру тармими 6 беморхона, 11 бунгоҳи тиббӣ, 33 хонаи саломатӣ, 23 варзишгоҳ ва толори варзишӣ, 12 майдончаи варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, 37 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, дар маҷмӯъ 420 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

- Бовар дорам, ки мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди Истаравшан минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаъолтар гашта, 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатро бо дастовардҳои арзанда таҷлил менамоянд, — гуфт Баҳром Иноятзода.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»