Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№113 (3259) 30.09.2014

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муовини Сармуҳаррири рӯзномаро, ки таҳти унвони «Мушкили №1-и бахши кишоварзӣ» нашр шудааст, баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад:

- Тибқи ҳисоботи Кадастри давлатии замин, соли 2013 дар ҷумҳурӣ 12667 гектар замини корами обӣ мавриди истифода қарор надошт. Аз ин нишондиҳанда бо сабаби шӯршавӣ 1819 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот 765 гектар, селоб зер кардан 501 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 168 гектар, аз нав таъмир ва таҷдид нашудани шабакаҳои обёрикунанда 460 гектар, нарасидани об барои обёрӣ 7802 гектар, заминҳои ярч фаромадагӣ (фурӯрафта) 368 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ 3737 гектарро ташкил дод.

Бо мақсади бо об таъмин намудан ва беҳ намудани вазъи мелиоративии заминҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо қабул карда шудааст, ки «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва «Нақшаи аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз ҳамин ҷумлаанд.

Аз тарафи собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2014» тартиб дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 тасдиқ гардидааст.

Кумита истифодабарии самаранок ва оқилонаи заминҳои кишоварзиро таҳти назорат гирифта, ҳар сол барои муайян намудани майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва кишти зироатҳои кишоварзӣ санҷишҳо гузаронида, натиҷаи онро барои чораҷӯӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо ва вазорату идораҳои дахлдор ирсол менамояд.

М.Зокиров, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон