Баҳси ҳаждаҳсолаи замин дар Ҳисор

№81 (3718) 08.07.2017

Шиддати он то ҳаддест, ки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода то ҳол мавқеашро муайян накардааст

DSC01391- Ҷое намонд, ки арз накарда бошам, додамро дигар ба кӣ гӯям, — бо дили озурдаю пуралам ҳасрат намуд муаллима. — Барои ҳаққи худ ҳаждаҳ сол боз саргардонаму ягон натиҷа ҳосил намешавад…

Мастура Юлдошева соли 1995, пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор, ба мактаби деҳааш омад. Ӯро хуш пазируфта, таълиму тарбияи хонандагони синфҳои поёниро ба зиммааш гузоштанд. Соли 1997 бо дастгирии роҳбарияти мактаб ба Раёсати хоҷагии ба номи Калинин барои гирифтани замин, баҳри бунёди манзил, ариза навишт. Соли 1998 тибқи қарори маҷлиси Раёсати хоҷагии иҷоравии ба номи Калинин, ки дар он 160 нафар иштирок доштанд ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилию маишии кормандони соҳаи маориф» ба Мастура Юлдошева 0,06 га замин ҷудо намуданд.

Аз ин миён дере нагузашта Мастура бо Баҳриддин ном ҷавони ҳамдеҳааш оила барпо кард, вале оиладории онҳо ҳамагӣ ду сол давом ёфт. Баҳсҳои бемантиқи пай дар пай боис гардиданд, ки онҳо аз ҳам ҷудо шаванд. Муддате ки бо ҳам зистанд, Баҳриддин Мирзоев дар ҳеҷ ҷой кор намекард. Аз ҳисоби волидон ва ҳамсар зиндагӣ дошт.

Баъди бекор намудани ақди никоҳ суд мебоист ҳиссаи Мастураро дар ҳавлии собиқ шавҳараш ҷудо мекард. Вале дар ин маврид хомӯширо пеша кард?  Чаро? Маълум нест.

Чун Баҳриддин Мирзоев ва модараш Қурбоной Халатова диданд, ки Мастура дар мавриди талаби ҳиссааш аз ин хонавода хомӯш аст, моҳи апрели соли 2001 бо даъво ба Суди ноҳияи Ҳисор муроҷиат карданд. Модару писар ба замини муаллима чашм ало карда буданд. Даъвои писару модар таҳти раисии раиси Суди ноҳияи Ҳисор Абдулло Раҳматов, котиб З. Муҳаммадиева, бо иштироки прокурор М. Муродов 12 апрели соли 2001 баррасӣ гардид ва замини Мастура Юлдошева ду тақсим карда шуд. Судя А. Раҳматов бо ҳар баҳона нусхаи ҳалномаро ба тарафи норизо, яъне Мастура Юлдошева насупурд, то ин ки дар муддати даҳ рӯз нисбат ба ҳалнома шикоят набарад.

Мастура Юлдошева ба чунин беадолатиҳо тан додан намехост. Ӯ низ ба шикоят кардан пардохт. Дар натиҷа, бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва суди ноҳия роҳбарияти деҳоти «Қарамқул» (ҳоло Мирзо Турсунзода), ки номбурда дар он мезист, қитъаи ба ӯ ҷудошударо аз ҳисоби замини назди роҳи оҳан ба 0,10 га расонида, ба ҳар ду ҷониб баробар тақсим карданд. Роҳбарияти ноҳия ва суди ноҳия бо ин амали ғайриқонунӣ мехостанд ҳар чӣ зудтар аз ин баҳс халос шаванд. Онҳо хуб медонистанд, ки истифодаи замини назди роҳи оҳан қатъиян манъ аст.

Ин амали онҳо боис гардид, ки баҳси замин идома ёбад. Қурбоной Халатова бо писараш Баҳриддин қитъаи замини аз ҳисоби муаллима соҳибшударо аз даст додан намехостанд. Ба ҳар куҷое, ки тавонистанд, навиштанд.

Дар ҷавоби Кумитаи идораи заминсозии ноҳияи Ҳисор, аз 22 январи соли 2002 таҳти рақами 1, оид ба ин масъала зикр шудааст: «0,06 га замин ба Юлдошева М. ҷудо карда шавад. Баҳриддин Мирзоев барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ дар оянда ба Ҷамоати деҳоти «Қарамқул» муроҷиат намояд».

Ҳамчунин, дар ҷавоби дигари кумитаи номбурда аз 20 марти соли 2002 ба аризаи Қурбоной Халатова чунин омадааст: «Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҳисор маълум кард, ки мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагии Калинин, таҳти рақами 1 аз 30 январи соли 1998, 0,06 га замин ба Мастура Юлдошева тааллуқ дорад ва аризаи Қ. Халатова қонеъ карда намешавад».

Модару писар баъди чунин ҷавобҳо оромӣ надоштанд. Намехостанд қитъаи замини муфт соҳибшударо осон аз даст диҳанд. Аз ин рӯ, масъулин бо ҳар роҳ Баҳриддин Мирзоевро бар хилофи қонун дар хоҷагии Калинин ба рӯйхати нафарони ба замин эҳтиёҷдошта таҳти рақами 37 номнавис карданд. Ин ҷо сирри дигар ошкор гашт: Б. Мирзоев баъди аз Мастура Юлдошева ҷудо шудан ба духтари раиси онвақтаи хоҷагии Калинин Фармон Ҷумаев хонадор шуда буд. Раис баҳри манфиатҳои домод тартибу қонунро пушти по зада, коре кард, ки домод пеш аз 36 эҳтиёҷманд бо замин таъмин гардад. Ҳамин тавр, таъмини домоди раис аз ҳисоби қитъаи замини муаллима Мастура Юлдошева гӯё «қонунӣ» сурат гирифт.

М. Юлдошева мегӯяд, ки ба рӯйхати шахсони ба замин эҳтиёҷдошта шомил шудани Б. Мирзоев сирри дигаре низ дорад. Ӯ ва модараш соли 1992 аз хоҷагии Калинин 0,07 га замини наздиҳавлигӣ гирифта буданд. Баъди санҷиши комиссия маълум шуд, ки заминҳои наздиҳавлигии Қ. Халатова аз рӯи шумораи аъзои оила зиёд аст. Ҳамин буд, ки онро бозпас гирифта, 21 декабри соли 1997 ба сокини деҳаи Янгиобод (ҳоло Намуна) Бобоалӣ Шоҳбердиев доданд, ки дар ин бора маълумотнома мавҷуд аст.

Қазия ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Раёсати Суди Олии кишвар масъаларо хуб омӯхта, бо қарор аз 28 ноябри соли 2005 Мастура Юлдошеваро ҳақ шуморида, ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисорро бекор кард. Парванда бозпас гардонида шуд, то ин ки дар ҳайати нав дида шавад.

Дар қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сатрҳоро мехонем: «Дар вақти баррасии баҳси мазкур суд Қарори Ҳукумати ноҳияи Ҳисорро, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 11 октябри соли 1996 таҳти рақами 541 «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилию маишии кормандони маориф» қабул шудааст, ба назар нагирифтааст, зеро аз маводҳои парванда ва баёноти шоҳидон бармеояд, ки маҳз бо сабаби омӯзгор будани М. Юлдошева қитъаи замин ба ӯ дода шудааст, чунки даъвогар Б. Мирзоев дар колхоз кор намекардааст ва узви колхоз низ набудааст. Ҳамчунин, аз рӯйхати дар навбатбудаи аъзои хоҷагии Калинин барои беҳтар намудани шароити манзилӣ дида мешавад, ки Б.Мирзоев дар навбат буда, таҳти рақами 37 сабт шудааст».

Бояд қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳси мазкур нуқта мегузошт. Вале, акси ҳол рӯй дод. Чанд маротибаи дигар доир ба ин қазия дар ноҳияи Ҳисор мурофиаи судӣ сурат гирифт. Аҷиб он аст, ки як мурофиа омӯзгорро ҳақ мебароварду мурофиаи дигар писару модарро.

Мурофиаи судие, ки таҳти раисии судяи Суди ноҳияи Ҳисор Раҳмоил Раҳимов 15 ноябри соли 2006 баргузор гардид, ягона мурофиаи судие буд, ки паҳлуҳои қазияи мазкурро санҷида, даъвои Мастура Юлдошеваро бо дастрасии моддаҳои 197, 203-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ кардааст. Аммо минбаъд низ моҷаро миёни ду даъвогар идома ёфт. Модару писар ҳамоно иддао мекарданд, ки замини ба номи омӯзгор буда, аз онҳост. Судя Раҳмоил Раҳимов бори дуюм 11 июли соли 2007 парвандаро баррасӣ намуда, ин навбат низ даъвои омӯзгор Мастура Юлдошеваро қонеъ гардонд. Ҳаминро низ бояд қайд кард, ки раиси Ҷамоати деҳоти «Қарамқул»-и ноҳияи Ҳисор барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998 таҳти № 1021 «Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин» мутобиқи моддаи 17-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо оид ба барасмиятдарории ҳуқуқи истифодаи замини наз­диҳавлигии Мастура Юлдошева, дар асоси аризааш, қарори хоҷагии иҷоравии Калинини ноҳияи Ҳисор аз 30 январи соли 1998 таҳти рақами 1 ва ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор аз 15 ноябри соли 2006 ба ӯ Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро бо истифодаи якумраи меросӣ додааст, ки он дар китоби бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин таҳти рақами 2-6208 аз 1 апрели соли 2007 ба қайд гирифта шудааст.

Вале дар мурофиаҳои судӣ боре ҳам ҳуҷҷатҳои расмии қитъаи заминро аз Б.  Мирзоев ва Қ. Халатова талаб накардаанд.

Раисони вақти ноҳия Маҳмадалӣ Очилдӣ, Баҳриддин Солеҳов ва Усмон Сабзов нисбат ба ин қазия санҷиш гузаронидаанд. Гарчанде дар рафти онҳо М. Юлдошева ҳақ шуморида шуда бошад ҳам, вале ба баҳс нуқта гузошта нашудааст. Ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ба «оташ»-и баҳси ҷонибҳо «равған рехтанд». Барои мисол, раиси маҳаллаи Янгиобод (ҳоло Намуна) 27 июни соли 2009 маълумотнома пешниҳод кардааст, ки гӯё Мастура Юлдошева аз моҳи октябри соли 2003 дар қайди деҳаи Янгиобод набуда, дар он ҷо зиндагӣ намекунад. Вале баъди ба прокуратураи ноҳия нисбат ба ин амали раиси маҳалла аризаи шикоятӣ навиштани М. Юлдошева, санҷиш муайян кард, ки М. Юлдошева тибқи маълумотномаи пешниҳоднамудаи ҷамоати деҳоти «Қарамқул» таҳти № 80 аз 14 феврали соли 2012 аз қайди ҷамоати деҳоти мазкур бароварда нашудааст.

Муҳандис-заминсози ҷамоат Шарифбек Юлдошев, ки ба сертификати истифодаи замини ба Юлдошева додашуда имзои худро гузошта буд, дар бораи бекор кардани он ба суд муроҷиат кард. Суди ноҳия бошад, қарори хоҷагии Калинин аз 30 январи соли 1998 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро аз 16 марти соли 2007 бекор кард. Бинобар ин, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданд. Ниҳоди мазкур ҳуҷҷатҳоро омӯхта, ба Суди ноҳияи Ҳисор мактуб фиристод, ки М. Юлдошева ҳуқуқи пурраи истифодаи заминро дорад. Вале роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулон дар пайи ҳалли ниҳоии масъала набуданд. Мастура маҷбур шуд ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби шикоятӣ нависад. Аз он ҷо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор супориш дода шуд, ки аризаи шикоятии М. Юлдошева санҷида шавад. Роҳбарияти ноҳия ҷавоб гуфтааст, ки замини ба М. Юлдошева ҷудошуда ба фонди замини Ҷамоати деҳоти «Қарамқул» баргардонида мешавад ва аз заминҳои лалмӣ ба муаллима қитъаи замин ҷудо мекунанд. Мастура Юлдошева ин пешниҳоди роҳбарияти ноҳияро қабул накард, зеро ӯ заминро бо ариза ва аз рӯи имтиёзи ба муаллимон муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудааст.

Падари Мастура Юлдошева — Муҳаммадӣ Юлдошев моҳи сентябри соли 2008 ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат кард. Омӯзиши масъала хеле идома ёфт. Бо ашхоси зиёде суҳбат доштем, аз ҷумла бо раиси вақти ноҳия Маҳмадалӣ Очилдӣ, собиқ раиси Суди ноҳия Аҳтамшо Акрамов, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҳисор И. Муҳтарамов. Ба гуфти номбурдагон, қитъаи замин аз рӯи қонун ба омӯзгор Мастура Юлдошева тааллуқ дорад. Омӯзиши мактуб, бо сабабҳои саркашии тарафи муқобил Б. Мирзоев ва Қ. Халатова ҳашт моҳ давом кард, зеро Б. Мирзоев гӯё дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Федератсияи Россия қарор дошт. Чун аз Россия баргашт, бо супориши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, бо иштироки ашхоси масъул тарафҳо бо ҳам рӯ ба рӯ гаштанд. Ҳар ду тараф худро ҳақ мешумориданд. Дар ин бора рӯзномаи «Садои мардум» дар шумораи №48 (2424) аз 14 апрели соли 2009 мақолаи «Моҷарои ҳаштсола ва номаи ҳаштмоҳа»-ро рӯи чоп овард. Онро мақомоти дахлдор санҷиданд. Аз ҷумла, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи рӯзнома 27 апрели соли 2009 бо имзои директори Агентӣ М.Зокиров ҷавоб ирсол кард, ки дар он омадааст: Қитъаи замини мазкур мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи замин ба шаҳрванд Юлдошева Мастура тааллуқ дорад.

Чанде пеш Мастура Юлдошева ҳамроҳи падараш — Муҳаммадӣ Юлдошеви 80 — сола бори дигар ба идораи рӯзнома муроҷиат карданд. Бо ҳалномаҳои Суди ноҳия, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар ҳуҷҷату санадҳое, ки дар ҳаждаҳ сол ҷамъ омаданд, шинос шудем. Ҳайрон гардидем, ки чаро ­масъулин Мастура Юлдошева ва падари 80-солаи ӯро маҷбур кардаанд, ки идора ба идора ҳақталошӣ намоянд.

- Дар ин синну сол аз шикоятнависӣ шарм медорам, вале сухани собиқ қудоям Қурбоной Халатова чун теғ ба ҷигарам халид. Ӯ ҳангоми бо ман рӯ ба рӯ шудан масхаракунон гуфт: — Ту чаро ин қадар ба ҳар тараф даводав мекунӣ? Ҳамааш беҳуда, қонун дар кисаи ман!

Модару писар ва шахсони дигар барои заминро аз Мастура гирифтан найрангро ба кор бурданд. Аз номи собиқ раиси хоҷагии иҷоравии ба номи Калинин Фармон Ҷумъаев (падарарӯси Баҳриддин) «дархост» («ходатайство») (он бо забони русӣ навишта шудааст) пешниҳод карданд. Бобои Муҳаммадӣ нусхаи онро гирифта, аз чанд нафар шахси холис илтимос кардааст, ки якҷоя ба назди раис рафта пурсанд, ки он аслӣ аст ё не?

- Дар вақташ ҳамин раис заминро ба духтарам дода буд, — мегӯяд бобои Муҳаммадӣ. Вақте раис варақаро дид, гуфт, ки «Ман ин дархостро нанавиштаам. Қурбоной Халатоваро хуб мешиносам ва эҳтиром мекунам. Боре ба ӯ гуфта будам, ки мо заминро ба муаллима Мастура Юлдошева пеш аз бо писарат издивоҷ кардан дода будем ва ту ба он ҳақбар нестӣ».

Пас ин дархостро кӣ навиштааст? Аз номи каси дигар дархост навиштан, бе муҳр ва бо имзои қалбакӣ, бе қайди махсус онро ба суд пешниҳод кардан магар ҷиноят нест?

Бобои Муҳаммадӣ мегӯяд, ки моҳи январи соли равон ду маротиба ба қабули раиси шаҳри Ҳисор омадааст. Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ҳақиқати ҳолро шунида, аз масъулон пурсон шудааст, ки чаро қазия то ҳол давом дорад? Мутаассифона, то ҳол ҳақиқат рӯи об набаромадааст…

ҳамин тариқ, баҳси замин миёни ду оила идома дорад ва кай поён меёбад, маълум нест.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»