Аз пайи мактуб

Баҳси доманадор барои замин дар Ҷайҳун

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

Ба он кӣ бояд хотима бахшад?

Аз пайи мактуб14 сол қабл, дар асоси протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор», дақиқтараш, 7-уми марти соли 2006, як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагӣ бо роҳбарии Абдураҳим Ҳасанов дар 11,68 гектар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан»-ро таъсис доданд. Акнун, бо гузашти солҳо, роҳбари ХДФ «Гулбаҳор» Зубайдулло Хайруллоев ба воситаи хешу ақрабо, ки гӯё саҳмдоранд, хоҳиши бозпас гирифтани замини додашударо дорад.

Бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) 3 майи соли 2006, таҳти №177 аз ҳисоби замини хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор» тарҳҳои 322 ва 323 барои ташкили хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан» (роҳбараш Абдураҳим Ҳасанов) 11,68 гектар — 11 гектар замини корами обӣ, 0,28 гектар зери об, 0,22 гектар зери роҳ ва 0,18 гектар шӯрзамин барои 16 саҳмдор замин ҷудо гардидааст. Тибқи қарор ба саҳмдорони ХДФ «Ҳасан» кафолати замини меросӣ ва истифодаи якумраи замин дода шудааст (хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан» бо сертификати ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ, дараҷаи А №0178465 таъмин мебошад). Инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии навтаъсисро вазифадор карда буд, ки қарзҳои кредиториеро, ки солҳои пеш аз ҳисоби ХДФ «Гулбаҳор» монда буданд, пардохт намояд.

- Ман бо ҳамшариконам аз соли 2006 сари вақт андозҳои давлатиро пардохт намуда, заминро пурра аз қарзҳои солҳои пешин озод намудем, – изҳор дошт Ҳасан Абдураҳимов. Аъзои ХДФ «Гулбаҳор» бо роҳбарии Зубайдулло Хайруллоев баъди 13 соли фаъолияти хоҷагии «Ҳасан» ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон барои бекор кардани қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 3-юми майи соли 2006, таҳти №177, оид ба беэътибор донистани протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор» аз 7-уми марти соли 2006, таҳти №3 ва сертификати истифодаи замин, дараҷаи А №0178465, қайди №218 аз 24-уми июли соли 2008, бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуданд. Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Одиназода Ҷонфидо бидуни гузаронидани ташхиси экспертизаи замин ва бе пурра муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тасдиқкунанда, ки тарҳи заминҳои №322 – 323 ба кӣ тааллуқ доранд, аризаи даъвогии раиси ХДФ «Гулбаҳор»-ро аз 3-юми майи соли 2019 қаноатбахш намуд.

- Суди иқтисодии вилоят Хайруллоев Зубайдулло ва ҳамроҳонаш — 15 нафар саҳмдорони хоҷагии ӯро дастгирӣ намуда, ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи идораи замин ва сертификати истифодаи замини хоҷагии моро беэътибор донист, — афзуд Ҳ. Абдураҳимов ва афзуд: «Ман ҳайронам, чӣ тавр даъвои хоҷагидоре, ки барои заминҳои мо ягон ҳуҷҷат ё сертификату қарор надорад, қонеъ карда мешавад?».

Ба қавли ҳамсуҳбатам, ӯ ва саҳмдорон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиат ба суди назоратии ҷумҳурӣ муроҷиат карданд. Вале, тавре Ҳ. Абдураҳимов мегӯяд: «Суди назоратии ҷумҳурӣ бе ягон санҷишу таҳлил қарори Суди иқтисодии вилоятро дастгирӣ намуд. Хоҷагии деҳқонии «Гулбаҳор» айни ҳол дар ихтиёр 64 гектар замин дорад. Аз рӯи маълумотномае, ки аз идораи омори ноҳия дастрас намудем, танҳо 24 гектар замини хоҷагии «Гулбаҳор» дар қайд мебошаду халос. Инчунин, хоҷагӣ дар ихтиёр зиёда аз 1,5 ҳазор гектар замини чарогоҳ дорад ва мувофиқи ҳисоботи оморӣ бояд ба чорводорӣ машғул шавад. Ин дар ҳолест, ки на чорвои калон дораду на майда. Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбари хоҷагии «Гулбаҳор» қонуншикании худсарона — бунёд кардани манзили истиқоматӣ дар замини кишоварзии обӣ содир шудааст, вале мақомоти дахлдор гӯё инро намебинад.

Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия, ХДФ «Гулбаҳор» 170 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор мебошад. Аз пардохти ҳаққи хизматрасонии об низ 26 ҳазор сомонӣ қарздор аст».

Оид ба амалҳои ба қавли шикояткунандаҳо, ғайриқонунии Зубайдулло Хайруллоев онҳо ба прокуратураи ноҳия, вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ ариза навиштаанд, аммо ягон чораҷӯӣ нашудааст.

- Кор ба дараҷае расид, ки моҳи ноябри соли гузашта Зубайдулло Хайруллоев бо писараш Хайруллоев Абдуҷаббор Зубайдович келин ва писари маро дар вақти пахтачинӣ латукӯб карданд. Аз ин хусус ба гурӯҳи фаврии ШВКД-и ноҳия бо телефон хабар додем, вале то расидани гурӯҳи фаврӣ З. Хайруллоев ва писараш аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Аз ин воқеа чанд моҳ гузашт, аммо то ҳол аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба рафтори онҳо ягон чора андешида нашудааст, — мегӯяд Ҳ. Абдураҳимов.

Барои то куҷо воқеият доштани гуфтаҳои Абдураҳим Ҳасановро фаҳмидан бо чанд тан аз масъулони мақомоти дахлдори ноҳияи Ҷайҳун ҳамсуҳбат шудем.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода изҳор дошт, ки масъалаи мазкур айни ҳол дар баррасии суд қарор дорад. Ҳоло хоҷагии деҳқонии «Ҳасан» заминҳояшро истифода бурда истодааст.

- Вақте ки байни ду хоҷагӣ ҷанҷол шуд, бо ҳамроҳии прокурори ноҳия, сардорони шуъбаи амният ва ВКД дар ноҳия ба ҳамон деҳа рафта, дар саҳро маҷлиси сайёр гузаронидем. Тасмим гирифта шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳасан» адвокат гирифта, бинобар пайдо шудани ҳолатҳои нави баҳс ба суд муроҷиат кунад, — гуфт раиси ноҳия.

Ҷаъфар Раҳматшоев, сардори нозироти андози ноҳия, иттилоъ дод, ки хоҷагии деҳқонии «Гулбаҳор» дар ихтиёр 32 гектар замин дорад, вале фақат аз рӯи 26 гектари он ҳисобот месупорад. Ҳамчунин, дар ихтиёри хоҷагӣ 1 ҳазору 760 гектар замини чарогоҳ қарор дорад. То 22-юми июли соли ҷорӣ хоҷагӣ дар назди нозироти андоз ба маблағи 204 ҳазору 976 сомонӣ қарздор аст. Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки се моҳ аст роҳбари хоҷагии деҳқонии «Гулбаҳор»-ро пайдо карда наметавонанд.

Сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Солеҳзода Неъматулло оид ба латукӯб шудани писар ва келини Абдураҳим Ҳасанов аз ҷониби Зубайдулло Хайруллоев ва писараш Абдуҷаббор гуфт, ки нисбат ба қазия бо моддаи 237 қисми 1, яъне, авбошӣ, парванда оғоз шудааст.

- Аз 22 феврали соли 2019, таҳти рақами 493, бо моддаи 237, қисми 1 нисбат ба Хайруллоев Абдуҷаббор Зубайдович парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба суд ирсол гардидааст, — илова кард Н. Солеҳзода.

- Суди ноҳияи Ҷайҳун парвандаи мазкурро баррасӣ намуда, Хайруллоев Абдуҷабборро ба маблағи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазору 800 сомонӣ, ҷарима кард, — гуфт раиси суди ноҳия Баҳодур Муҳиддинзода.

Номбурда афзуд, ки ду сол қабл нисбат ба Зубайдулло Хайруллоев, роҳбари хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор», аз ҷониби суди ноҳия барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ҳалномаи суд бароварда шудааст. Дар натиҷа, 500 ҳазор сомоние, ки аз тарафи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба З. Хайруллоев барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ дода шуда буду номбурда онро ғайримақсаднок истифода бурд, барқарор карда шуд. Ҳамчунин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» З. Хайруллоев аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардид.

Ба иттилои раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун Тоҷиддин Сафарализода, замине, ки ба Зубайдулло Хайруллоев барои бунёди корхонаи шириву молӣ дода шудааст, ғайримақсаднок истифода гардидааст. — Тибқи баъзе аз маълумот, корхонаи сохташударо духтари З. Хайруллоев ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода бурда истодааст. Нисбат ба ин шаҳрванд, бинобар ғайримақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, тибқи моддаи 143 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия протоколи дахлдор тартиб дода, ҷарима ситонда шуд, – изофа кард ӯ.

Раҷабзода Шоҳрух, прокурори ноҳияи Ҷайҳун, перомуни масъала, зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки дар ҳақиқат, ба прокуратураи ноҳия аз номи роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳасан» ариза ворид шудааст. Аммо чун баҳси ҳар ду хоҷагӣ гражданӣ ба ҳисоб меравад, ба онҳо тавсия додем, ки аз тариқи суд масъаларо ҳал кунанд. — Дар ­масъалаи латукӯб шудани писар ва келини Абдураҳим Ҳасанов бошад, аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба суд ирсол гардида буд, – зикр кард прокурори ноҳия.

Прокурори ноҳия масъалаи даст ба қаллобӣ задани Зубайдулло Хайруллоевро низ тасдиқ кард.

Зимни таҳқиқоти журналистӣ муайян гардид, ки ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон саҳмдорони хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор» Назаров Азалшо Ғайратович, Назарова Фароғат Зубайдовна, Хайруллоев Абдуҷаббор Зубайдович, Хайруллоев Абдуғаффор Зубайдович, Аҳмадов Бахтиёр Сафаралиевич, Аҳмедов Сайраҳмон Сафаралиевич, Хайруллоева (Гулова) Салтанатхон Зубайдовна, Ҳакимова Фазилат, Хайруллоева Гулбаҳор Алиевна, Хайруллоев Давлатмурод Зубайдович, Хайруллоева Сурайё Раҷабовна, Хайруллоева (Гулова) Савлакат Зубайдовна, Раҳимова Сурайё Раҷабовна, Тошов Ибодулло Хайруллоевич ва Тошова Ақлимо барои баргардонидани саҳм муроҷиат кардаанд. Тавре огаҳ шудем, хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор» дар асоси қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 31-уми майи соли 1999 ташкил шудааст, ки он замон даъвогарон Хайруллоев Абдуғаффор Зубайдович 15-сола ва Хайруллоев Абдуҷаббор Зубайдович 11-сола будаанд. Суоли матраҳ ин аст: чӣ гуна нафароне, ки синну солашон ба синну соли қобили меҳнат нарасида буд, метавонанд саҳмдор бошанд?

Муайян гардид, ки нафари даъвогар – Назаров Азалшо дар мурофиаи судӣ ягон маротиба иштирок накардааст ва аз номи ӯ дар суд Хайруллоев Абдуҷаббор баромад намудааст. Вале дар ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон омадааст, ки Назаров А. Ғ. ва дигарон бо даъво ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат кардаанд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан», Абдураҳимов Ҳасан аз ниҳодҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ хоҳиш дорад, ки ба масъала расидагӣ кунанд ва ба амалҳои ғайриқонунии нафароне, ки зикрашон дар боло рафт, хотима бахшанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»