Ба сокинони Бартанг ёрӣ расид

№ 03.04.2017

Пас аз боришоти пайиҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бо чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба водии Бартанг сафар кард. Раиси вилоят аз аҳволи сокинони водии Бартанг аз наздик шинос гашта, бо мардум мулоқот кард.

Ӯ ба сокинони ниёзманди ин водӣ маводи хӯрока, аз қабили орд, равѓан, биринҷ, қанду чой ва ғайраро дастрас намуд.

Дар бозгашт чанд бемор, аз ҷумла 6 занро ба беморхонаи маркази шаҳри Хоруѓ оварданд.

 Ш. Шоҳқосим,

«Садои мардум»