Раҳоварди сафар

Ба зери Чилчанор гулҳо муаттар

№124 (4074) 17.10.2019

Барои сайтХуш дорам, ки соле як ё ду бор ба ноҳияи Ховалинг сафар кунам ва мавзеъҳои таърихию манзараҳои дилрабои ин диёри пур аз афсонаро бубинаму ҳаловат барам. Ин дафъа ҳамроҳи чанд тан аз дӯстон бо нияти саёҳати ноҳияи Ховалинг саргарми суҳбат ба шаҳраки Данғара ворид шуданамонро нафаҳмида мондем. Дар шаҳраки Данғара дӯсти даврони донишҷӯиям Азим Ҳасанов мунтазир буд. Сари роҳ бо ӯ вохӯрда аҳволпурсӣ кардем. Ҳарчанд хоҳиш кард, ки як пиёла чой гирему баъд сафарро идома диҳем, ҳамроҳон розӣ нашуданд.

- Бо кадом роҳ меравед? — гоҳи ба мошин нишастан суол кард Азим ва суханашро идома дод: хуб аст, агар бо роҳи нав равед. Роҳи нав масофаро ба ноҳияи Ховалинг тамоман кӯтоҳ кардааст.

Бо маслиҳати ӯ ронанда фармони сабукравро ба роҳи нав гардонд. Ҳамсафарҳоям ҳарисона манзараҳои зебои гирду атрофро тамошо мекарданд.

- Дар ҳақиқат, имрӯз ба кадом гӯшаи кишвар, ки наравед, дили кас кушода мешавад, — садо баланд кард, яке аз ҳамсафарон, даме ки аз деҳаи Пушинг мегузаштем. Ҳазор раҳмат ба Пешвои миллат, ки тавонистанд мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ кунанд.

- Бале, хизмати ин марди бузург­ро бо касе қиёс карда намешавад,- андешамандона гуфт Хайрулло, ки даврони шӯравӣ ба ҳайси ронанда чанд зимистон ба ноҳияи Данғара омада буд. — Солҳое, ки меомадем, на дарахте ба чашм мехӯрду на оби равон. Ҳоло боғу ҷангалзорҳоро бинед. Деҳу деҳкада шаҳрак шудаанд. Ҳамаи ин ба шарофати истиқлолияту Пешвои миллат аст.

Суҳбати мо дар бораи дастовардҳои сокинони кишвар тӯли солҳои соҳибис­тиқлолӣ авҷ гирифт. Ҳанӯз фурсати зиёд паси сар нашуда буд, ки вориди маркази ноҳияи Ховалинг шудем ва ба он ҷое рафтем, ки интизор буданд. Дар мавзеи Чилчанор яке аз дӯстонамон — Ҷобир моро пешвоз гирифт.

- Дар бораи Чилчанор калонсолон қиссаҳои аҷиб мекунанд, — гуфт Ҷобир. — Мегӯянд, ки ин мавзеъ замони ҳукмронии ҳокими Хатлон — Мизробшоҳ дар асри нуздаҳ бунёд гардидааст. Ривоят аст, ки чил тан аз размандагони диловари ҳоким дар ҷанги муқобили аҷнабиён ба шаҳодат мерасанд ва бо амри ҳоким ба хотири ҳар як ҷанговар дар ин мавзеъ чанор мешинонанд.

Замони барқарории Ҳукумати Шӯравӣ ин мавзеъ хеле ободу зебо буд. Ҳар кас мехост соате ин ҷо гардиш кунад ва дар ошхонаи канори боғ, ки ошпазҳои ҳунарманд хӯрокҳои лазиз мепухтанд, тановул намояду аз обҳои зулолаш ташнагӣ бишканад. Солҳои навадуми асри ХХ ба сабабҳои маълум Чилчанор каме хароб гардид. Шукрона, ки имрӯзҳо дубора рӯ ба ободӣ оварда, як гӯшаи зебову обод ва тамошобоби Ховалинги мо шудааст.

Беихтиёр як байти шоири асри нуздаҳ Хотири Хосиёнӣ ёдам омад:

Ба зери Чилчанор гулҳо муаттар,

Равон аст чашмае чун Ҳавзи Кавсар.

Оре, Чилчанор хеле макони зебо ва тамошобоб аст ва бовар дорем, ки дар ояндаи наздик макони қабули садҳо сайёҳи дохиливу хориҷӣ мегардад.

Ҳанӯз то бегоҳ фурсат зиёд буд ва мо азми сафар ба Дараи Мухтор намудем. Ҳамраҳонам, ки бори аввал ба ноҳияи Ховалинг омада буданд, мехостанд ҳар чӣ зудтар ба зодгоҳи Восеи қаҳрамон бирасанд.

Тӯли як соли охир дар ин мавзеъ дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасид. Ҳайкали Восеъро дар ҳавлии ӯ гузоштаанд. Бинои дуошёнаи осорхона, меҳмонхона ва бӯстонсаро, нишемангоҳ барои меҳмонон. Ростӣ аз тамошои дигаргуниҳои зодгоҳи Восеъ табъи инсон болида мешавад.

- Бо маблағгузории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Осорхонаи ба номи Восеъ бо тарзи замонавӣ сохта шуд, ки дар он 4 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Иншооти зебои атрофи осорхона низ бо кумаки роҳбарияти ин вазорат аст, — мегӯяд Ҷобир.

Вориди осорхона гардидем. Абераи Восеъ — Зиёвиддин бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифта, доир ба таърихи бунёди осорхона маълумот дод.

Сипас, ҷониби Чашмаи Қазған роҳ пеш гирифтем. Шунида будам, ки дар замонҳои қадим ин мавзеъ бо номҳои «Тутҳои Хилватӣ» ва ё «Чашмаи Хилватӣ» маъруф буд. Мардуми таҳҷоӣ ривоят мекунанд, ки Қазағанхони муғул ин ҷойи маъруфро ба истироҳатгоҳи хеш табдил дода будааст. Баъд номи чашма табдил ёфтааст.

Солҳои ҳафтодуми асри гузаш­та дар ин мавзеъ барои хонандагони мактабҳои вилояти Кӯлоб истироҳатгоҳ сохта шуда буд. Имрӯз фарзанди шоир Ҳабибулло Файзулло — Беҳзод, ки ба соҳибкорӣ машғул аст, Чашмаи Қазғанро таъмиру тармим намуда, ба саёҳатгоҳи ҳақиқӣ табдил додааст. Осорхона — китобхонаи шоир низ дар ин мавзеъ ҷой гирифтааст.

Ҳамсафаронам аз зиёрати мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ хурсанд шуданд. Ин мавзеъ низ хеле тамошобоб буд. Ёдгории таърихие, ки аз гузаштаи дури миллати тоҷик қисса мекунад, дар маркази шаҳраки Ховалинг ҷойгир аст.

Ёдгории дигари таърихии Ховалинг мақбараи Султон Увайси Қаранист. Ин мазор дар иҳотаи ҷангалзор ҷойгир аст. Он ҷо сафедору чормағзҳои куҳансол ва дигар намуди дарахтон ба назар мерасиданд. Биноҳои хурду бузурги гуногун сохта шудааст. Омадурафти мардум зиёд аст.

Ховалингро чашмасор мегӯянд. Дар китоби «Ҷойҳои таърихии Ховалинг» омадааст:

«Танҳо дар гирду атрофи деҳаҳои Доробию Хонақо бештар аз 500 чашма ҳисоб кардам», — мегӯяд рассоми литвагӣ Битаустас Кросас, ки як моҳ дар Ховалинг меҳмон буд.

Солҳои пеш гирду атрофи чашмаҳоро ба тартиб дароварда, суфаҳо месохтанд ва ниҳоли чанор мешинонданд. Имрӯз дар якчанд чашма чанорҳоеро дидан мумкин аст, ки аз сесад то ҳазор сол умр доранд.

Пардаи торикӣ оҳиста-оҳиста болои шаҳраки Ховалингу атрофи он доман паҳн мекард, аммо ҳамсафарони ман нияти истироҳат надоштанд. Мехостанд бештар аз тамошои манзараҳои дилрабои диёри муъҷизаҳо баҳравар шаванд.

Ҷобир шӯхиомез гуфт:

- Шуморо намедонам, вале ман хаста шудаам. Пагоҳ метавонем тамошоро идома диҳем.

Моро ба деҳаи Ҷонбахт, ба ҳавлии падариаш овард…

Саҳарӣ сари дастурхон дӯст ва ҳамқалами хеш Амир Сайиди Мункиро суроғ кардам. Гуфтанд, ки соли равон ӯ ба зиёрати хонаи Худо рафта буд ва ҳафтае пештар баргашт. Аз Ҷобир хоҳиш кардам, ки сари қадам ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дароем ва баъд ба хонаи акаи Амирхон равем.

Бисёр мехостам бо раиси ноҳия Парвиз Акрамзода вохӯрда, таассуроти ӯро оид ба сафари Пешвои миллат бишнавам. Вале раисро пайдо накардам. Аз рӯи шунидам ҷавонмарди қобилу бунёдкор аст ва сокинони ноҳия бо эҳтиром номашро ба забон меоранд. Ба кадом деҳаи дурдасте рафта будааст. Моро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Искандаршо Бобоназаров қабул кард. Бо вуҷуди ҷавонӣ шахси донишманд ва меҳрубону суханвар аст.

- Дар ҳақиқат, маркази ноҳия ба як шаҳри зебову диданӣ табдил ёфтааст, — гуфтем мо.

- Шукронаи Пешвои миллат, — посух медиҳад Искандаршо,- дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ноҳияи мо, балки саросари кишвар обод шуд.

- Аз Искандаршо хоҳиш кардем, ки доир ба омодагиҳояшон ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълумот диҳад.

- Сокинони ноҳия талош доранд, ки сиюмин солгарди соҳибистиқлолиро ба таври арзанда истиқбол гиранд. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашн бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018, АП-1059 аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Бо амри мазкур вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полков­ники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг таъин гардид.

Бо мақсади амалӣ гардонидани дас­туру супоришҳои Пешвои миллат таҳти роҳбарии Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёди зиёда аз 300 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.

Муҳим он аст, ки дар давоми як соли охир аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонӣ ба итмом расид ва 51 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуданд.

Як қисми иншооти мазкур рӯзҳое, ки Пешвои миллат ба ноҳияи мо сафари корӣ доштанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бинои дуошёнаи беморхона. Беморхонаи мазкур бо харҷи 7,1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо тамоми шароити тиббию хизматӣ таъмин мебошад. Дар он 30 мутахассиси соҳибтаҷриба ба мардум хизмат менамоянд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбари сахтгиру серталаб аст. Зимни сафарҳои кориаш бо фаъолон ва дигар табақаҳои аҳолии ноҳия пайваста суҳбат менамояд. Дар бораи истиқлолият, заҳматҳои Пешвои миллат, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст дар рушду нумӯи кишвар ва дастовардҳои сокинони мамлакат сухан мегӯяд.

Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик дар ноҳия бунёдкорӣ боз ҳам рушд меёбад, — гуфт ҳангоми гусели мо Искандар Бобоназаров.

… Назди дарвозаи хонааш акаи Амирхон моро пешвоз гирифт ва хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба китобхонаи навсохтааш, ки дар озмуни имсола ғолиб омада буд, дароем.

Китобхонаи ӯ дар ҳақиқат дар як хонаи зебо ҷойгир аст ва гоҳе, ки мо бо ҳавсала ба расмҳо ва навиштаҳои ҳар ҷо сабтшуда менигаристем, акаи Амирхон бо ифтихор гуфт, ки Худованд ба бачаҳо умри Хизрро насиб гардонад. Онҳо ин бинои зеборо дар як гӯшаи ҳавлиам сохтанд ва калидро ба дастам доданд. Китобхонаи шахсиамро дар як хонааш ҷо кардам ва ҳар рӯз даҳҳо хонанда китобҳои мақбулашонро пайдо менамоянд.

- Меҳмонҳо бори аввал ба Ховалинг омадаанд?- ба ман муроҷиат кард акаи Амирхон.

- Бале, — посух додам ба вай. — Ба қадри тавон ҳамроҳи Ҷобир онҳоро ба мавзеъҳои тамошобоби ноҳия бурдем.

- Ховалинг яке аз мулкҳои қадимаи тоҷикон аст, — гуфт акаи Амирхон ва шӯхиомез гапашро идома дод: агар дар бораи таърихи гузаштаи он қисса кунам, чанд ҳафтаву чанд моҳ бояд меҳмони хонадони мо бошед.

- Мо ҳам шитобзада нестем, — ҳозирҷавобӣ кард Хайрулло.

Садои ханда фазои китобхонаро пур мекунад.

- Бисёр меҳмонон суол медиҳанд, ки маънии вожаи «Ховалинг» чист? Аз гузашта то ба имрӯз ин вожаро ба маънии гуногун шарҳ додаанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки дар ин ҷо подшоҳе бо номи Мунк зиндагӣ мекардааст. Замоне, ки Хатлонзаминро Чингизхон гирифт, ба шаҳри Мунк ҳуҷум кард. Мунк шикаст хӯрд ва ӯро дар беруни шаҳр ба қатл расонданду шаҳрашро ба хок яксон карданд. Мардум аз ин мавзеъ мегузаштанд ва мегуфтанд: «Ховай мунк». Бо мурури замон ин ибора шаклашро иваз карду ба Ховалинг табдил ёфт. Ҷои дигар ба маънии Ховалинг — Хвариминка (Хварамунка) — шаҳри офтобӣ омадааст.

Ковишҳои археологӣ нишон додаанд, ки дар ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Ховалинг як миллион сол пеш одамон зиндагӣ мекардаанд. Ин қиссаи дароз аст, аммо мехос­там дар бораи яке аз шаҳрҳои машҳуру қадимаи Хатлон бароятон ҳикоя кунам. Шаҳр Мунк ном дошт. Он дар ҷойи ҳозираи шаҳраки Ховалинг то деҳаҳои Доробию Лоҳутӣ ҷойгир будааст. Олимони маъруфи пешин, ки дар асрҳои IX то XII зиндагӣ кардаанд, дар бораи ин шаҳри ободу зебо ва сернуфус маълумот додаанд. Аз ҷумла, Абӯрайҳон Берунӣ дар асари маъруфаш «Қонуни масъудӣ» (1037) дар бораи шаҳри Мунк маълумоти пурарзиш додаааст.

Ёхсу яке аз минтақаҳои асосии истихроҷи тилло дар Осиёи Миёна мебошад, Берунӣ дар асараш «Ал — ҷамоҳир фи — маърифат — ал ҷавоҳир» дар бораи кони тиллои Шугнов ишора кардааст.

Ҳайкали Восеъро дидед? Дар бораи Восеъ қиссаҳои бисёр навиштаанд. Аммо қиссаҳои чопнашуда ҳанӯз зиёданд. Барои шумо якеашро ҳикоя мекунам, — гуфт ӯ.

Мулло Шарифи Дараи Хурдакӣ пилтакамон дошт. Ӯ яке аз хешовандони наздики Восеъ буд. Рӯзе Восеъ омада гуфт:

- Милтиқатро ба мо деҳ, мири манғита сарнагун мекунему Балҷувона мегирем. Агар Худо розӣ бошад, пас туро муфтӣ ё қозӣ таъин мекунем.

- Не, — гуфта, насиҳат кард Мулло Шариф. — «Шӯхӣ накун бо арбоб, ки мезанад ба ҳар боб» гуфтаанд. Мо чанд шӯришро дидем. Мир то Бухорову Россия реша дорад. Фаҳмидӣ?

- Гап якто, ақиб намегардем, ба пеш меравем.

- Нарав Восеъ, худат ва мардумро қир накун!

- Ғазо мекунем, камонатро ба мо деҳ.

- Не, намедиҳам.

- Ҳамин хел бошад, Балҷувона гирам, аввал туро мепарронам…

Шӯриш ба миён омад. Восеъ Балҷувонро гирифт, вале ба мулло Шариф кордор нашуд. Бадӣ накард. Баъд шикаст хӯрду ба даст афтод. Мулло Шариф хабар ёфт ва ба диданаш омад. Восеъро дастҳо ба пушт занҷирбанд дид. Восеъ Мулло Шарифро диду аз дил гузаронд, ки ҳоло сарзанишаш хоҳад кард. Вале Мулло Шариф бо овози баланд ба вай гуфт:

- Восеъ, озурдадил мабош! Ту шери жаёнӣ! Шерро занҷирбанд мекунанд, на рӯбоҳро. Қавми мо бузург аст. Асло ба манғит сар хам макун. Баномус бош!

Ин хел қиссаҳо хеле зиёданд.

- Дар ҳама давру замон Ховалинг фарзандони боору номус дошт. Ховалингиҳо мардуми заҳматкашу ободкоранд. Сайдалӣ Вализодаву Бобоюнус Худойдодзода, Қурбоналӣ Раҷабу Сайдаҳмад Карим, Холи Ислому Булбули Валӣ, Санг Назиру Музаффар Исмоил, Саидато Муқимӣ, Қодир Достӣ, Ҷаҳоноро, Давлатмоҳ, Ғоиб Сафарзодаву Ҳабибулло Файзулло, Абдулҳамид Самаду Яъқуби Ҳикматулло, Хосият Вализода, Мусо Вализода, Сайвалӣ Вализода, Қурбоналӣ Ҷаббор, Одил Исломӣ, Кулобӣ Раҷабов аз ҳамин ҷумлаанд, — гуфт акаи Амирхон.

Мулло Бурҳон-қозикалони Бухоро зодаи Ховалинг буд. Яке аз шоирони номдори даврони хеш ба шумор мерафт. Қатори дигар мансабдорон солҳои бистум ӯро парронданд. Соли 1995 ба хонаи писараш ба Душанбе рафтам. Актёри машҳур Аслӣ Бурҳонов маро хуш қабул кард. Бозиҳои қисматро бубинед. Аввалин шеърро дар бораи Ленин зодаи ноҳияи мо гуфтааст ва фарзанди ин диёр Аслӣ Бурҳонов дар саҳнаи тоҷик бори аввал симои Ленинро офаридааст.

Ин диёр ҷойи бузургон аст. Мазори Ҳазрати Султон, манзараҳои дилфиребу нотакрори Дашти Меш, Уштурчаро, Дараи Сомиа, Дараи Аспон, Шикоргаҳ, Чангон ва дигар ҷойҳо ба чашмҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшанд.

Ин макони зебо борҳо вайрону валангор ва манзили чуғзон гаштааст. Охирин бор соли 1958, баъди барҳамхӯрии ноҳияи Ховалинг ва муҳоҷиркунии мардум, беодам шуда буд, вале шукронаи Истиқлолият, ки ба шарофати он аз соли 1991 боз обод гардид. Боиси хурсандиву ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гӯшаи зебо таваҷҷуҳи хос доранд. Бо ибтикори Сардори давлат бунёд ёфтани мақбараи Ҳазрати Султон яке аз он иқдомҳо аст.

Лаҳзае, ки бо акаи Амирхон видоъ мекардем, рӯз аз нисф гузашта буд.

Мо бо ёру дӯстон видоъ намуда, роҳи Душанберо пеш гирифтем ва дар роҳ дар бораи заҳматҳои акаи Амирхон ба онҳо қисса кардам. Дар бораи китобхонаи овозадори ӯ. Осорхона ва китобҳои аз таърихи шаҳри қадимаи Мунку Ховалинги имрӯза навиштааш. Лаҳзае, ки ҳама аз гуфтор лаб фурӯ бастанд ва чашм ба табиати зебои атроф дӯхтанд, аз дуриҳо овози ширадори акаи Амирхон гӯшҳоямро навозиш кард, порае аз манзумаи «Асрори Ахшу» — ро мехонду ман дунболи қиссаҳои вай дар саросари Ховалинг ва навоҳии атрофи он саргарми тамошо будам.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»