Бонги изтироб

Баландсарро ҳифз бояд кард

№99 (4049) 17.08.2019

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Баландсар ном мавзеи дорои табиати зебо ва хушобу ҳаво, ки аз минтақаи аҳолинишин 15-18 километр дур мебошад, ҷойгир буда, бо чашмаҳои мусаффову табиати афсонавӣ камназир аст. Шояд аз ин ҷиҳат бошад, ки ин мавзеъро ҳокимони вақти Хатлонзамин — мири Мизробшоҳу Сарабек ҷойи истироҳату шикор интихоб карда будаанд.

 bbbИн мавзеи хушманзара зодгоҳи аҷдоди мо низ мебошад, ки аҳолияш аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба таҳдашт муҳоҷир шудаанд. Онҳо ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ омада, ҷойҳои ноободро ба як макони ҳосилхез табдил доданд.

Баъд аз гузашти солҳои зиёд мавзеи Баландсар ба ҷангалзор мубаддал гашт, ки тақрибан дарахтони беҳосил надорад. Аз сабабе ки он ҷо нисбат ба таҳдашт дар баландӣ воқеъ аст, аз моҳи июл меваҳо ба пухтан сар мекунанд. қариб ҳар сол ба зодгоҳи бобоӣ сафар намуда, аз табиати зебову мафтункунандаи он ҷо лаззат мебарем. Инчунин мазорҳоро, ки дар он олимони барҷаста дафн шудаанд, зиёрат мекунем.

ffИмсол низ чун солҳои пеш бо бародаронам Саидваливу Давлатманд бо нияти сайру тамошо ва зиёрат ба зодгоҳи бобоӣ сафар намудем. Баъд аз тай намудани роҳҳои пурпечутоби кӯҳистон ба деҳаи Бузкушаки мавзеи Баландсар расидем. Баъди чанде тасмим гирифтем, ки ба саёҳати ин қаламрави биҳиштосо бароем. Сараввал ба маконе, ки солҳои қабл рафта аз туту гелос ва олучаи он нӯши ҷон мекардем, раҳсипор гардидем. Раҳораҳ дарахтони бо арра буридаи дар замин хобидаро дидем. Болотар манзараи аз ин ҳам ҳузнангезу беинсофӣ пешорӯямон баромад. Аз дарахтони мевадиҳандаи он ҷо, ки таърихи садсола доштанд, нишон намондааст.

Азбаски шом наздик мешуд, ба макони ихтиёр­намудаамон баргаштем ва шабро рӯз кардем. Саҳар озурдахотир сӯйи макони зисти ҷангалбонон роҳ пеш гирифтем. Дар он ҷо бо писари яке аз боғбонҳо вохӯрдем, ки нисбатан ҷавон буд. Баъди ҳолпурсӣ, аз ӯ ба чунин ҳол афтодани боғзорҳоро пурсон шудем.

gggМаълум гардид, ки дар ин мавзеъ оилаи Ситамовҳо вазифаи ҷангалбониро бар уҳда доранд, ки чанд сол аст ба ҷойи нигоҳубину ҳифзи табиа­ти афсонавӣ ба буридану чӯб карда фурӯхтани дарахтони мевадиҳанда машғуланд. Андешидам, ки шояд заминро хусусӣ карда бошанд. Баъди андаке боз ба худ гуфтам: «Шахсӣ ҳам, ки бошад, наход нисбат ба ҳамин хел мавзеи ободу зебо, ки аз бобову падарон боқӣ мондаасту ба табиати сарсабзу хуррам мубаддал гардидааст, чунин рафтор кунанд»?

sdfsdfИн дар ҳолест ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон пайваста аз тараққӣ додани бахши хоҷагии ҷангал ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти он, аз ҷумла, гиёҳҳои шифобахш, таъкид менамоянд.

Итминонамон комил аст, ки баъд аз нашри ин матлаб масъулони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филфавр чораандешӣ намуда, монеи нест кардани ҷангалзор мешаванд. Дар ин сурат метавонем як гӯшаи зебоманзари диёрамонро эмин нигоҳ дорем ва ба макони дӯстдоштаи сайёҳон  мубаддал гардонем.

Сайидо ЁДГОРОВ,

сокини деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон